Оё дар назари шиа Ҷабраил дар расондани паёмбарӣ хиёнат карда ва ба ҷои Алӣ ибни Абитолиб, Қуръонро бар Расули Худо нозил кардааст?!

Ҷавоб: Пеш аз он ки ба бе поягии ин тўҳмати нораворо, ки баъзе афроди ноогоҳ ва ё ғараздор ба шиа нисбат додаанд, ба исбот бирасонем, сазовор аст ба решаёбии он бипардозем:

Решаи ин тўҳмат

Аз оёти шарифаи Қуръон ва аҳодисе, ки дар бораи онҳо расидааст, равшан мешавад, ки яҳудиён бар ин ақида буданд, ки Ҷабраил дар расондани паёмбарӣ хиёнат кард, чун Худованд ба вай дастур дода буд, ки набувватро дар наслу фарзандони Исроил (Яъқуб) қарор диҳад, вале вай бар хилофи фармони Худованд, онро дар наслу фарзандони Исмоил қарор дод!

Бар ин асос, гурўҳи Яҳуд Ҷабраилро душман дониста[1] ва ҷумлаи “Ҷабраил хиёнат кард”-ро шиори худ қарор доданд ва аз ин ҷиҳат Қуръон дар мақоми интиқод аз онҳо ва исботи бе поягии суханонашон, Ҷабрилро дар ояти зер ба унвони фариштаи амин ва дуруст кор муаррифӣ кард:

"نزل به الروح الامين على قلبك لتكون من المنذرين".

“Рўҳул амин (Ҷабраил) Қуръонро ба қалби ту нозил карда, то аз бим диҳандагон бошӣ”.[2]

Ва дар ояти дигар мефармояд:

"قل من كان عدوا لجبريل فإنه نزله على قلبك بإذن الله".

“Бигў, ҳар кас бо Ҷабраил душманӣ кунад, он фариштаи гиромӣ ба изни Худо Қуръонро бар қалби ту нозил кард”.[3]

Аз оёти ёд шуда ва тафсири онҳо, ба равшанӣ маълум мешавад, ки гурўҳи Яҳуд Ҷабраилро ба иллатҳое душман дошта ва ўро фариштаи азоб меномиданд ва ба хиёнат дар расондани паёмбарӣ муттаҳам мекарданд.

Бинобар ин решаи шиори “Амин хиёнат кард” “хона амин” аз хурофоти қавми Яҳуд сарчашма гирифтааст ва баъзе аз нависандагони ҷоҳил, ки бо шиа душмании дерина доранд, ба нушхори сухани яҳудиён пардохта ва ноҷавонмардона ин тўҳматро ба шиа нисбат медиҳанд.

Набувват аз дидгоҳи шиа

Шиа бо пайравӣ аз китоб ва суннат ва дар сояи ривоёти равшани Аҳли Байти Паёмбар, на танҳо “Муҳаммад ибни Абдаллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва салламро паёмбари бар ҳақ медонанд, ки ба фармони Худо бар рисолати ҷаҳонӣ барангехта шудааст, балки он ҳазратро хатм кунандаи паёмбарон ва баландпоятарини онҳо медонанд.

Пешвои баланди шиа, Алӣ ибни Абитолиб алайҳис-салом дар суханони шевои худ ба ин ҳақиқат чунин гувоҳӣ медиҳад:

"وأشهد أن لا إله إلا الله وحده لا شريك له، وأشهد أن محمدا صلى الله عليه وآله عبده ورسوله، خاتم النبيين وحجة الله على العالمين".

“Гувоҳи медиҳам, ки худое ҷуз парвардигори ягона ва бе ҳамто нест. Ва гувоҳи медиҳам, ки Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам банда ва Паёмбари Худо ва хотами Паёмбарон ва ҳуҷҷати Худо барои ҷаҳониён аст.”[4]

Имом Содиқ алайҳис-салом низ мефармояд:

"لم يبعث الله عز وجل من العرب الاّ خمسة انبياء: هودا وصالحا واسماعيل وشعيب ومحمدا خاتم النبيين صلى الله عليه وآله وسلم".

“Худо аз миёни қавми араб, танҳо панҷ паёмбар барангехт: Ҳуд, Солеҳ, Исмоил, Шуайб ва Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам, ки хотами паёмбарон аст”.[5]

Ин ҳадис ба равшанӣ бепоягии тўҳмати норавоеро, ки ба шиа нисбат додаанд, собит карда ва ҳазрати Муҳаммад ибни Абдуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва салламро охирини паёмбарон муаррифӣ мекунад. (Барои огоҳии бештар аз ривоёте фаровоне, ки баёнгари хатм кунандаи паёмбарон будани Паёмбари гиромӣ саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аз дидгоҳи шиа мебошад, ба китоби “Мафоҳим-ул-Қуръон” навиштаи устод Ҷаъфари Субҳонӣ муроҷиа шавад.)

Бар ин асос шиаёни ҷаҳон, Ҷабраилро дар расондани паёмбарӣ, амин ва дурусткор дониста ва Муҳаммад ибни Абдуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва салламро паёмбари бар ҳақ ва охирин фиристодаву расули Худо медонанд ва Алӣ ибни Абитолиб алайҳис-саломро васӣ ва ҷонишини он ҳазрат медонанд.

Дар ин ҷо шоиста аст, ривояти зерро, ки ҳар ду гурўҳ шиа ва суннӣ бар он иттифоқи назар дошта ва онро дар китобҳои мўътабари худ нақл кардаанд, аз назари шумо мегузаронем дар ин ривоят, ки ба “ҳадиси манзалат” маъруф аст, Паёмбари гиромӣ пас аз баёни хотамияти паёмбарии худ, Алӣ алайҳис-саломро ба унвони васӣ ва ҷонишини худ муаррифӣ фармуданд.

Расули Худо ба Алӣ ибни Абитолиб салавотуллоҳи алайҳ фармуданд:

"اما ترضى ان تكون مني بمنزلة هارون من موسى الا أنّه لا نبي بعدي".

“Оё розӣ нестӣ аз ин ки ту нисбат ба ман ҳамчун Ҳорун нисбат ба Мўсо бошӣ (яъне ҳамон гуна, ки Ҳорун васӣ ва ҷонишини Мўсо буд ту низ халифа ва ҷонишини ман бошӣ) бо ин фарқ, ки пас аз ман паёмбаре вуҷуд нахоҳад дошт”. (Ҳадиси ёд шударо китобҳое бе шуморе нақл кардаанд, ки мо ба баъзе аз онҳо ишора мекунем. 1)Саҳеҳи Бухорӣ ҷ.3.саҳ.1359.р.3505.ҷ.4.саҳ.1602.р.4154. 2)Саҳеҳи Муслим ҷ.4. саҳ.1870.р.2404. 3)”Сунан”-и Ибни Моҷа ҷ.1.с.42-45. р.115-121. 4)"Муснад"-и Аҳмад ҷ.1.саҳ.170.р.1463-1490-1505-1509-1532-1547-1583-1600-1608. ҷ.3.саҳ.32-338.р.11290-14679.ҷ.6. саҳ.369-438.р.27126-27507. 7)"Сунан-ул-кубро"-и Насоӣ ҷ.5.саҳ.44-107-119 то 125, р.7138 то 7143-7398 то 7400-8429 то 8449. Саҳеҳи Тирмизӣ ҷ.5.с.638.р.3725-3730-3731. 13)Саҳеҳи Ибни Ҳаббон ҷ.15.саҳ.15-370,р.6643-6926-6927. Баҳор-ул-анвор ҷ.37.с.254. Маонӣ-ул-ахбор с.74. Канз-ул-фавоид ҷ.2.с.168.)

Ин ривоят, ки аз назари санад, мавриди эътимоди муҳаддисони бузурги исломӣ аҳам аз суннӣ ва шиа аст, гувоҳи равшане аст бар дурустии гуфтори шиа дар ду замина, чун:

1-Муҳаммад ибни Абдуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам гиромитарин паёмбари Худо ва хотами расулони илоҳӣ ҳастанд, ки ба амри Худои бузург ба рисолати ҷаҳонӣ барангехта шуданд ва пас аз он ҳазрат паёмбаре нахоҳад буд.

2-Алӣ ибни Абитолиб салавотуллоҳи алайҳ васӣ ва ҷонишини Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва халифаи мусалмонон пас аз он ҳазрат мебошад.


[1] -Тафсири фахри Розӣ ҷ.1.с.436-437.

[2] -Шуаро-194.

[3] -Бақара-97.

[4] -Наҳҷ-ус-саода ҷ.1.с.188. Усули Кофӣ ҷ.8.с.67.

[5] -Баҳор-ул-анвор ҷ.11.с.42.