Манзур аз шиа чист ва шурўи он аз кай ва куҷо буда?

Ҷавоб: “Шиа” дар луғати араб ба маънои “пайрав” аст. Қуръони маҷид мефармояд:

"إنّ من شيعته لإبراهيم".

“Яке аз пайравони Нўҳ, Иброҳим аст”. Аммо дар истилоҳи мусалмонон, шиа ба касоне гуфта мешавад, ки эътиқод доранд Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам пеш аз реҳлати худ, ҷонишини худ ва халифаву раҳбари мусалмононро дар муносибатҳои гуногуне, аз ҷумла дар рўзи 18-и зулҳиҷҷа дар соли даҳуми ҳиҷрӣ, ки ба рўзи “Ғадир” маъърўф аст, дар як иҷтимои бузург, мушаххас фармуданд ва ўро ба унвони марҷаъ ва раҳбари сиёсӣ, илмӣ ва динии пас аз худ, таъин намуданд.

Тавзеҳ ин ки: пас аз Паёмбари гиромӣ саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам, муҳоҷиру ансор ба ду гурўҳ тақсим шуданд:

1-Гурўҳе мўътақид буданд, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам масъалаи хилофатро нодида нагирифта ва ҷонишини худро таъин фармудааст ва ў ҳамон Алӣ ибни Абутолиб алайҳис-салом аст нахустин касе, ки ба он ҳазрат имон овард.

Ин ҷамъият, ки аз муҳоҷиру ансор ташкил шуда буданд ва дар раъси онҳо, ҳамаи шахсиятҳои болои Банӣ Ҳошим ва ҷамъе аз бузургони саҳоба, монанди Салмон, Абўзар, Миқдод, Хаббоб ибни Арат, Аммор ва амсоли онон қарор доштанд, бар ҳамин ақида боқӣ монданд ва шиаи Алӣ алайҳис-салом ном гирифтанд.

Албатта ин лақабро Паёмбари гиромии ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дар ҳоли ҳаёти худ ба пайравони Амирал-мўъминин алайҳис-салом ато фармудааст. Онҷо ки ба Алӣ ибни Абитолиб салавотуллоҳи алайҳ мефармояд:

"والذي نفسي بيده انّ هذا و شيعته لهم الفائزون يوم القيامة".

Савганд ба он ки ҷони ман дар дасти ўст ў (Алӣ алайҳис-салом) ва пайравону шиаёнаш дар рўзи қиёмат, растагоранд.[1]

قال رسول الله صلى الله عليه وآله وسلم: عليٌّ و شيعته هم الفائزون يوم القيامة.

Паёмбари гиромии Ислом (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) фармуданд: "Алӣ ва пайравонаш наҷотёфтагон ҳастанд дар рўзи қиёмат".

 Ровиён: 1)Имом Алӣ. 2)Ибни Аббос. 3)Умми Салама. 4)Ҷобир. 5)Абўсаид Худрӣ. 6)Анас ибни Молик. 7)Деъбал ибни Алӣ.

 Китобҳо: 1)Таърихи Ибни Асокир ҷ.42.саҳ.332-333 бо ду санад. 2)"Ал-Ағонӣ"-и Абулфараҷи Исфаҳонӣ ҷ.18.саҳ.90. 3)"Шавоҳид-ут-танзил" ҷ.2.с.467. Ал-Фирдавс”-и Дайламӣ ҷ.3.с.88.р.3991-3999. 4)"Тазкира"-и Ибни Ҷавзӣ. "Янобиъ-ул-мавадда" ҷ.2.с.245.

" حدثني خلف البزار وهبار بن بقية قالا: حدثنا خالد بن عبد الله الواسطي، حدثنا يزيد بن أبي زياد، عن رجل أخبره قال: ذكرت شيعة علي وعثمان عند أم سلمة، فقالت: ما تذكرون من شيعة علي وهم الفائزون يوم لقيامة.

Марде дар ҳузури Умми Салама аз шиаи Алӣ ва Усмон сухан гуфт, ки Умми Салама фармуд: Чӣ чиз мегўед дар бораи шиаёни Алӣ дар ҳоле, ки онҳо ноҷотёфтагонанд дар рўзи қиёмат.[2]

عن أمير المؤمنين علي بن أبي طالب قال قال رسول الله (صلى الله عليه وآله وسلم) يا علي إذا كان يوم القيامة يخرج قوم من قبورهم لباسهم النور على بخائب من نور أزمتها يواقيت حمر تزفهم الملائكة إلى المحشر فقال علي تبارك الله ما أكرم هؤلاء على الله قال رسول الله (صلى الله عليه وآله وسلم) يا علي هم أهل ولايتك وشيعتك ومحبوك يحبونك بحبي ويحبوني بحب الله هم الفائزون يوم القيامة.

Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ фармуданд: Вақте қиёмат мешавад гурўҳе аз қабрҳояшон берун меоянд дар ҳоле, ки либосҳояшон нуронӣ аст.. ва фариштагон онҳоро зинат медиҳад барои ҳаракат ба  сўи маҳшар. Пас Алӣ алайҳис-салом гуфт: Худованд муборак аст ва чиқадар гиромӣ ҳастанд он бандагон дар пешгоҳи Худованд. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ фармуданд: Эй Алӣ онҳо аҳли вилояти ту ва шиаёну дўстдорони тў ҳастанд, дўст медоранд туро ба муҳаббати ман ва дўст медоранд маро ба дўстии Худованд ва онҳо наҷотёфтагонанд дар рўзи қиёмат.[3]

عن مستفاد بن محيى قال حدثنا زكريا بن يحيى بن ابابن القسطاط قال حدثنا محمد بن زياد عن عقبة بن عامر الجهنى قال دخل رسول الله صلى الله عليه وآله وسلم المسجد ونحن جلوس وفينا أبو بكر وعمر وعثمان وعلى عليه السلام في ناحية فجاء النبي صلى الله عليه وآله وسلم فجلس الى جانب على عليه السلام فجعل ينظر يمينا وشمالا ثم ( قال ) ان عن يمين العرش وعن يسار العرش لرجالا على منابر من نور تتلألأ وجوهم نورا قال فقام أبو بكر وقال بابي انت وامي يارسول الله انا منهم قال اجلس ثم قام إليه عمر فقال مثل ذلك فقال له اجلس فلما راى ابن مسعود ما قال لهما النبي صلى الله عليه وآله وسلم قام حتى استوى قائما على قدميه ثم قال بابى انت وامى يا رسول الله صفهم لنا نعرفهم بصفتهم قال فضرب على منكب على عليه السلام ثم قال هذا وشيعته هم الفائزون.  

Уқба мегўяд: Паёмбар ба масҷид ворид шуд дар ҳоле, ки мо дар он нишаста будем ва байни мо Абўбакр, Умар, Усмон ва Алӣ дар як тарафе нишаста буд Паёмбар омад ва дар назди Алӣ нишаст ва шурўъ кард ба нигаристан ба самти росту чапаш сипас фармуд: Ба дурустӣ, ки аз росту чапи Арш мардоне ҳастанд бар минбарҳое аз нур, ки чеҳраашон аз нур побнок аст. Абўбакр ва пас аз ў Умар бархосту гуфт: Падару модарам ба фидоят эй Расули Худо ман аз ҷумлаи онҳо ҳастам? Ҳазрат ба ҳар кадоми онҳо фармуданд: биншин. Ибни Масъуд бо дидани ин саҳна бархосту гуфт: Падару модарам ба фидоятон эй Расули Худо онҳоро бар мо васф кунед, то мо онҳоро бишносем. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ба китфи Алӣ алайҳис-салом заду фармуд: Ин ва шиаёнам ҳатман наҷотёфтагон ҳастанд.[4]

Ин ҳадис бо ҳамин лафз ва бо санади дигар дар кутуби аҳли суннат аз Абусаиди Худрӣ, низ ривоят шуда аст:

عن أبي سعيد الخدري قال قال رسول الله (صلى الله عليه وآله وسلم) إن عن يمين العرش كراسي من نور عليها أقوام تلالا وجوههم نورا فقال أبو بكر أنا منهم يا نبي الله قال أنت على خير قال فقال عمر يا نبي الله أنا منهم فقال مثل ذلك ولكنهم قوم تحابوا من أجلي وهم هذا وشيعته وأشار بيده إلى علي بن أبي طالب.

Ин ҳадис ҳамон ҳадиси қабли аст бо ихтифи кам дар маъно.[5]

عن محمد بن علي الباقر عليهما السلام قال: "سئلت أم سلمة زوج النبي صلى الله عليه وآله عن علي بن أبي طالب عليه السلام فقالت: سمعت رسول الله صلى الله عليه وآله يقول: إن عليا وشيعته هم الفائزون يوم القيامة.

Имоми Боқир алайҳис-салом мефармоянд: Умми Саламаро дар бораи Алӣ алайҳис-салом савол кардам пас ў гуфт: Аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ шунидам, ки мефармуданд: Алӣ ва шиаёнаш наҷотёфтагон ҳастанд.[6]

Ҳамин ҳадисро бо ин лафз Ибни Асокир, низ дар таърихаш аз Имом Боқир алайҳис-салом нақл кардааст. Таърихи Ибни Асокир ҷ.42.саҳ.333.

عن علي قال: قال لي سلمان قلما طلعت على رسول الله ( صلى الله عليه وسلم ) وأنا معه إلا ضرب بين كتفي فقال يا سلمان هذا وحزبه المفلحون

Дар ин ҳадис Имом Алӣ фармуданд: Салмон ба ман гуфт, ки вақте ту намоён шудӣ Паёмбар ба китфи ман заду фармуд: Ин (Алӣ) ва ҳизбаш наҷотёфтагон ҳастанд.[7]

Ва ҳамчунин ояти сураи Баййинаҳ низ бинобар тасриҳи Расули гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ишора ба шиаёни Алӣ алайҳис-салом мекунад он ҷо ки мефармояд:

"إنَّ الَّذين آمنوا و عملوا الصّالحات أُولئك هم خير البريَّة" فقال النّبيُّ صلى الله عليه وآله وسلم: هو أنتَ يا عليُّ و شيعتك تأتي يوم اليقيامة أنت وهم راضون مرضيّون ويأتي أعدائك غضباناً مقمحين.

 Вақте ин оят нозил шуд "Касоне, ки имон оварданд ва амалҳои солеҳ анҷом доданд, онҳо беҳтарини халқи (Худо) ҳастанд" Паёмбари гиромии Ислом (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) фармуданд: Беҳтарин халқ ту ва пайравонат ҳастед, эй Алӣ. Ту ва пайравонат дар рўзи қиёмат меоед дар ҳоле ки шумо розӣ ҳастед ва аз шумо низ розӣ ҳастанд ва душманонат ғазабнок меоянд".

Ин ҳадиси шарифро аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ афроди зиёде нақл кардаанд, ки метавон ба судури он аз он ҳазрат яқин ҳосил кард.

 Ровиён: 1)Имом Алӣ. 2)Ибни Аббос бо ду санад. 3)Оиша. 4)Абўсаид Худрӣ. 5)Ҷобир ибни Абдуллоҳ 6) Анас. 7)Абўҷоруд. 8)Абубарза. 9)Бурайда. 10)Имом Боқир.

 Китобҳо: 1)"Тафсир"-и Табарӣ. 2)"Тафсир"-и Шавконӣ. 3)"Тафсир"-и Олусӣ. 4)"Дурр-ул-мансур"-и Суютӣ ҷ.6.саҳ.379 аз се саҳоба. 5)"Шавоҳид-ут-танзил"-и Ҳасконӣ ҷ1.с.459 то 462.р.1125 то 1131. 6)"Савоиқ-ул-муҳриқа"-и Ибни Ҳаҷар ҷ.2.с.468. 7)"Нур-ул-абсор"-и Шабланҷӣ саҳ.78-112. 8)Таърихи Ибни Асокир ҷ.42.саҳ.371. 9)"Кифоя"-и Ганҷӣ саҳ.119. 10)"Фусул-ул-муҳимма"-и Ибни Саббоғ саҳ.122. 11)"Маноқиб"-и Хоразмӣ с.266.

Дар ҳадиси дигар чунин ворид шуда:

أخبرنا أبو القاسم بن السمرقندي أنا عاصم بن الحسن أنا أبو عمر بن مهدي أنا أبو العباس بن عقدة نا محمد بن أحمد بن الحسن القطواني نا إبراهيم بن أنس الأنصاري نا إبراهيم بن جعفر بن عبد الله بن محمد بن مسلمة عن أبي الزبير عن جابر بن عبد الله قال كنا عند النبي صلى الله عليه وآله وسلم فأقبل علي بن أبي طالب فقال النبي صلى الله عليه وآله وسلم قد أتاكم أخي ثم التفت إلى الكعبة فضربها بيده ثم قال والذي نفسي بيده إن هذا وشيعته لهم الفائزون يوم القيامة ثم قال إنه أولكم إيمانا معي وأوفاكم بعهد الله وأقومكم بأمر الله وأعدلكم في الرعية وأقسمكم بالسوية وأعظمكم عند الله مزية قال ونزلت "إن الذين امنوا وعملوا الصالحات أولئك هم خير البرية" قال فكان أصحاب محمد صلى الله عليه وآله وسلم إذا أقبل على قالوا قد جاء خير البرية.

Дар пеши Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ будем, ки Алӣ алайҳис-салом омад пас Паёмбар фармуданд: Бародарам ба назди шумо омад, сипас рў карданд ба Каъба ва бо дасташон онро заданд ва фармуданд: Қасам ба он зоте, ки ҷонам ба дасти ўст ба дурустӣ, ки ин (Алӣ) ва шиаёнаш наҷотёфтагонанд дар рўзи қиёмат, сипас фармуданд: Ў аввалин шахс аз шумост, ки бо ман имон овард ва вафокунандатарини шумо ба аҳди Худо... ва одилтарини шумо нисбат ба зердастонаш ва қисматкунандатарини шумо дар баробарӣ бузургтарини шумо дар назди Худо мазиятан, пас дар ҳамин ҳангом ин оят нозил шуд "Касоне, ки имон оварданд ва амалҳои солеҳ анҷом доданд, онҳо беҳтарини халқи (Худо) ҳастанд" пас асҳоби Паёмбар ҳар гоҳ Алӣ алайҳис-салом меомад мегуфтанд: ба дурустӣ, ки беҳтарини халқ омад.[8]

Санади ин ҳадис маҳкам аст ва барои он шоҳиде аст дар кутуби шиа, ки бо санади дигар ворид шудааст:

عن جابر بن عبد الله الانصاري رضي الله عنه قال: كنا جلوسا عند رسول الله صلى الله عليه وآله وسلم إذ أقبل أمير المؤمنين علي بن أبي طالب عليه السلام فلما نظر إليه النبي صلى الله عليه وآله وسلم قال: قد أتاكم أخي. ثم التفت إلى الكعبة قال: ورب هذه البنية إن هذا وشيعته هم الفائزون يوم القيامة. ثم أقبل علينا بوجهه فقال: أما والله انه أولكم أيمانا بالله وأقومكم لامرالله وأوفاكم بعهد الله وأقضاكم بحكم الله وأقسمكم بالسوية وأعدلكم في الرعية وأعظمكم عند الله مزية. قال جابر: فأنزل الله تعالى هذه الآية: (إن الذين آمنوا وعملوا الصالحات أولئك هم خير البرية) فكان علي عليه السلام إذا أقبل قال أصحاب محمد: قد أتاكم خير البرية بعد رسول الله صلى الله عليه وآله وسلم.

Дар пеши Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ будем, ки Алӣ алайҳис-салом омад пас Паёмбар фармуданд: Бародарам ба назди шумо омад, сипас рў карданд ба Каъба фармуд: Қасам ба Парвардигори ин хона ба дурустӣ, ки ин (Алӣ) ва шиаёнаш наҷотёфтагонанд дар рўзи қиёмат, сипас фармуданд: Ба Худо қасам ў аввалин шахс аз шумост, ки ба Худо имон овард ва вафокунандатарини шумо ба аҳди Худо ва одилтарини шумо нисбат ба зердастонаш ва қисматкунандатарини шумо дар баробарӣ бузургтарини шумо дар назди Худо аз ҷиҳати манзалат, пас дар ҳамин ҳангом ин оят нозил шуд "Касоне, ки имон оварданд ва амалҳои солеҳ анҷом доданд, онҳо беҳтарини халқи (Худо) ҳастанд" пас асҳоби Паёмбар ҳар гоҳ Алӣ алайҳис-салом меомад мегуфтанд: ба дурустӣ, ки беҳтарини халқ баъд аз Паёмбар омад.[9]

عن أبى هريرة أن على بن أبى طالب رضى الله عنه قال يا رسول الله أيما أحب اليك أنا أم فاطمة قال فاطمة أحب إلى منك وأنت أعز على منها وكأني بك وأنت على حوضى تذود عنه الناس وان عليه لاباريق مثل عدد نجوم السماء وانى وأنت والحسن والحسين وفاطمة وعقيل وجعفر في الجنة اخوانا على سرر متقابلين أنت معى وشيعتك في الجنة ثم قرأ رسول الله صلى الله عليه وسلم (إخوانا على سرر متقابلين) لا ينظر أحد في قفا صاحبه. رواه الطبراني في الاوسط وفيه سلمى بن عقبة ولم أعرفه، وبقية رجاله ثقات.

Алӣ алайҳис-салом аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ пурсид, ки кадом як аз мо маҳбубтар ба шумо ҳастем ман ё Фотима? Фармуданд: Фотима маҳбубтар ба ман аст аз ту ва ту азизтар ҳастӣ бар ман аз ў ва ту бар ҳавзи ман хоҳӣ буд ва аз он мардумро меронӣ бар сари он офтобаҳо ба адади ситораҳои осмон хоҳад буд. Ва ба дурўстӣ, ки ман ва ту ва Ҳасану Ҳусайн ва Фотима ва Ақил ва Ҷаъфар дар биҳишт бародаронем ва дар тахтҳо рў ба рўи ҳам хоҳем буд ту ва шиаёнат ҳамроҳи ман ҳастед дар биҳишт сипас он оятро тиловат фармуд.[10]

Ҳайсамӣ мегўяд: Саламӣ ибни Уқбаро ман намешиносам ва боқии ровиёни ин ҳадис сиқа ҳастанд.

عن حمد بن جغفر الإمام ابن الإمام نا الفضل بن غانم ثنا سوار بن مصعب عن عطية العوفي عن أبي سعيد الخدري عن أم سلمة: قال رسول الله صلّى الله عليه وآله لعليٍّ: يا أبا الحسن أمّا إنَّك وشيعتك في الجنَّة.

Паёмбари гиромии Ислом (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ба Алӣ фармуданд:

"Эй Абулҳасан, ту ва пайравонат дар биҳишт хоҳед буд".

 Ровиён: 1)Имом Алӣ. 2)Фотимаи Заҳро. 3)Умми Салама. 4)Абўҳурайра.

 Китобҳо: 1)"Мўъҷам-ул-авсат"-и Табаронӣ ҷ.6.саҳ.354,р.6605.ҷ.7.саҳ.355. 2)"Таърихи Бағдод" ҷ.4. саҳ.329,ҷ.12.саҳ.284-353. 3)"Ишоа фи ашроту соат"-и Барзанҷӣ. 4)"Маноқиб"-и Хоразмӣ с.113. 5)"Таърихи Ибни Асокир ҷ.42.с.332. 6)"Савоиқ-ул-муҳриқа" ҷ.2.с.505. 7)"Шавоҳид-ут-танзил" ҷ.1.саҳ. 414.ҷ.2.с.467.

حدثني الحسن بن أبى طالب حدثنا أحمد بن إبراهيم وصالح بن أحمد بن يونس البزاز حدثنا عصام بن الحكم العكبري حدثنا جميع بن عمر البصري حدثنا سوار عن محمد بن جحادة عن الشعبي عن على قال قال رسول الله صلى الله عليه وسلم أنت وشيعتك في الجنة.

Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ба Алӣ алайҳис-салом фармуданд: Ту ва шиаёнат дар биҳишт ҳастед.[11]  

 محمد بن عبيد الله بن أبي رافع عن أبيه عن جده أن النبي صلى الله عليه وسلم قال لعلي أنت وشيعتك تردون علي الحوض رواء مرويين مبيضة وجوهكم وإن عدوك يردون علي ظماء مقبحين

Паёмбари гиромии Ислом (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ба Алӣ фармуданд: "Ту ва пайравонат хушҳол ва масрур вориди ҳавз мешавед дар ҳоле ки суратонатон зебо ва сафед аст ва душманони ту вориди ҳавз мешаванд дар ҳоле ки ташнаву ғазабнок хоҳанд буд".

 Ровиён: 1)Имом Алӣ. 2)Абўрофеъ.

 Китобҳо: 1)"Мўъҷам-ул-кабир"-и Табаронӣ ҷ1.саҳ.319,р.948. 2)Маҷмаъ-уз-завоид ҷ.9.саҳ.131. 3)"Савоиқ-ул-муҳриқа"-и Ибни Ҳаҷар саҳ.161. 4)"Назм дурару симтайн"-и Зарандӣ саҳ.92.

جابر بن عبد الله الانصاري قال خطبنا رسول الله فسمعته وهو يقول أيها الناس من ابغضنا اهل البيت حشره الله يوم القيامة يهوديا فقلت يا رسول الله وان صام وصلى قال وان صام وصلى وزعم انه مسلم ايها الناس احتجر بذلك من سفك دمه وان يؤدي الجزية عن يد وهم صاغرون مثل لي امتي في الطين فمر بي اصحاب الرايات فاستغفرت لعلي وشيعته.

Ҷобир мегўяд: Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ барои мо хутба хонд ва шунидам, ки мефармуд: Эй мардум ҳар, ки мо Аҳли Байтро душман бидорад Худованд ўро дар қиёмат яҳудӣ маҳшур хоҳад кард. Ман гуфтам: Агар чӣ рўза бидорад ва намоз бихонад? Фармуд: Агар чӣ рўза бидорад ва намоз бихонад ва гумон кунад, ки мусалмон аст...аз назди ман асҳоби парчамҳоро гузаронданд ва ман барои Алӣ ва шиаёнаш талаби бахшиш намудам.[12]

 Ровиён:

1-Алӣ ибни Саид: Заҳабӣ мегўяд: Ҳофиз ал-бориъ. Ибни Ҳаҷар мегўяд: Сиқа ва олим ба ҳадис буд.[13]

2-Ҳарб ибни Ҳасан: Ибни Ҳаббон ўро сиқа гуфта ва Розӣ шайх донистааст.[14]

3-Ҳаннон ибни Судайр: Ибни Ҳаббон ўро сиқа дониста.[15]

4-Судайфи Маккӣ: Ў аз Асҳоби Имом Боқир алайҳис-салом аст ва муҳаддисони аҳли суннат, низ дар бораи ў ғайр аз таън дар шиа буданаш чизе нагуфтаанд.

5-Муҳаммад ибни Алӣ: Имоми Боқир сиқа ва имом ҳатто дар назди аҳли суннат.

Ин ҳадисро Ҳамза ибни Юсуф бо санади дигаре дар таърихаш ривоят карда

أخبرنا القاضي أبو نعيم عبد الملك بن أحمد حدثنا أبو زرعة أحمد بن محمد بن موسى حدثنا عبد الله بن المنهال حدثنا محمد بن عبد العزيز حدثنا أبو الطاهر أحمد بن عيسى حدثني محمد بن جعفر بن محمد عن أبيه عن أبي جعفر عن جابر.[16]

ва дар бораи Ҳамза ибни Юсуф Заҳабӣ мегўяд:  Имом Ҳофиз, муҳаддиси мутқан.[17] Пас санади ин ҳадис саҳеҳ аст ва санади дуввум сиҳҳати аввалиро тақвият мекунад.

حدثنا علي بن سعيد الرازي قال نا محمد بن عبيد المحاربي قال نا عبد الكريم أبو يعفور عن جابر عن ابي الطفيل عن عبد الله بن نجي أن عليا قال رسول الله صلّى الله عليه و آله وسلم لعليٍّ: تأتي أنت وشيعتك يوم القيامة راضين مرضيّين وقدم عليك عدوّك غضاب مقمحين.

Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ба Алӣ фармуданд:

"Меоӣ ту ва пайравонат дар рўзи қиёмат дар ҳоле ки шумо розӣ ҳастед ва аз шумо низ розӣ ҳастанд ва душманонат меоянд дар ҳоле ки ғазабнок хоҳанд буд".

 Ровиён: 1)Имом Алӣ. 2)Ибни Аббос.

 Китобҳо: 1)"Мўъҷам-ул-авсат"-и Табаронӣ ҷ.4.саҳ.187.р.3934. 2)"Маҷмаъ-уз-завоид" ҷ.9.саҳ.131. 3)"Руҳ-ул-маони"-и Олусӣ ҷ.3.саҳ.207. 4)"Канз-ул-уммол" ҷ.13.саҳ.156,р.36484.

Ҳайсамӣ мегўяд: Дар санади ин ҳадис Ҷобири Ҷўъфӣ аст ва ў заиф аст.

Пас аз ин ҷо натиҷа мегирем, ки санади ин ҳадис саҳеҳ аст, чун Ҷобирро хелеҳо сиқа гуфтаанд:

Шўъба мегўяд: Ҷобир дар ҳадис ростгў аст. Боз ў мегўяд: Агар Ҷобир бигўяд: Ҳадис кард моро, хабар дод моро, шунидам, ў аз ростгўтарини мардум аст. Ҳамин суханро дар бораи Ҷобир Зуҳайр низ гуфтааст.

Суфёни Саврӣ мегўяд: Ҷобир дар ҳадис вараъ буд ва ман касеро бо вараътар аз ў дар ҳадис надидам.

Вакиъ мегўяд: Агар дар ҳар чиз ҳам шак кардӣ дар бораи сиқа будани Ҷобир шак надошта бош. Суфёни Саврӣ ба Шўъба мегўяд: Агар дар бораи Ҷобир чизе бигўӣ ман низ дар бораи ту сухан хоҳам гуфт.

Шўъба мегуфт: Ба ин маҷнунҳое, ки ба Ҷобир таън мекунанд нигоҳ накунед, оё касеро оварданд, ки бо Ҷобир мулоқот накарда бошад.

Абуҳанифа мегўяд: Ман дар бораи чизе сухан нагуфтам магар ин ки Ҷобир дар бораи он ҳадис нақл кард ва лизо ўро каззоб медонист. Ва дигарон низ ба хотири ин ки ў мўътақид ба раҷъат буд ўро тарк карданд ва ўро муттаҳам ба дурўғгўӣ карданд.[18]

Пас шакке нест, ки Ҷобир сиқа аст ҳатто бинобар гуфтаи худи муҳаддисони аҳли суннат вале ба хотир мазҳаб ўро тазъиф кардаанд, ки наметавон ба он эҳҳамият дод. Суханеро, ки Абўҳанифа дар бораи ў гуфта баъзе дигарон, низ гуфтаанд, оё ин ҷарҳ аст ё ҳасад! Илова бар он чӣ ки зикр шуд Имоми Содиқ алайҳис-салом дар ҳаққи ў мефармоянд: Худо Ҷобир-ро раҳмат кунад ў дар ҳаққи мо рост мегўяд.

قال رسول الله صلّى الله عليه و آله لعليٍّ: أنت و شيعتُك موعدي و موعدكم الحوض.

Паёмбари гиромии Ислом (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ба Алӣ фармуданд: "Ваъдагоҳи ман бо ту ва пайравонат (дар рўзи қиёмат) сари ҳавзи Кавсар аст".

 Ровии ҳадис: Имом Алӣ бо се санад.

 Китобҳо: 1)"Маноқиб"-и Хоразмӣ саҳ.266. 2)"Шавоҳид-ут-танзил”-и Ҳасаконӣ ҷ.2.с.459. 3)”Дурр-ул-мансур"-и Суютӣ ҷ.6.с.379. 4)"Янобиъ-ул-мавадда". 5)"Файз-ул-қадир”-и Муновӣ ҷ.5.с.477.

Бинобар ин шиа, иборат аст аз гурўҳе аз мусалмонони садри Ислом, ки ба хотири эътиқод ба “тансисӣ будани”[19] мақоми вилоят, ба ин ном маъруф гардидаанд ва ин ҷамъият то кунун низ бар хатти васоят ва пайравӣ аз Аҳли Байти Паёмбар боқӣ мондаанд.

Мақому мавқеияти шиа, аз ҳамин роҳ муайян мешавад ва бо ин баён, бепоягии гуфтори баъзе аз дурўғсозони нодон ё муғриз мабнӣ бар ин ки шиа дар замонҳои баъд ба вуҷуд омадааст, равшан мегардад.

2-Гурўҳи дигар бар ин ақида буданд, ки мақоми хилофат мақоме аст интихобӣ, аз ин рў бо Абўбакр байъат намуданд ва баъдҳо лақаби “аҳли суннат” ё “тасаннун”-ро ба худ гирифтанд. Ва саранҷом натиҷа ин шуд, ки байни ҳар ду гурўҳи исломӣ бо доштани муштаракоти бисёр дар усул, ихтилофи назар дар масъалаи хилофат ва ҷонишинии Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ба вуҷуд омад ва ҳастаҳои нахустини ҳар ду гурўҳро ҳамон муҳоҷир ва ансор ташкил медиҳанд.

Пурсиши-2

Бидоъ чист ва чаро ба он мўътақид ҳастед?

Ҷавоб: Вожаи бидоъ дар луғати араб ба маънои ошкор шудан аст ва дар истилоҳи донишмандони шиа, бар дигаргунии роҳи табийии сарнавишти як инсон дар сояи рафтори солеҳ ва писандидаи вай, гуфта мешавад. Масъалаи бидоъ яке аз фарозҳои баланди мактаби пўёи шиа аст, ки баргирифта аз мантиқи ваҳй ва ковиши ақл мебошад.

Аз дидгоҳи Қуръони карим, инсон дар баробари сарнавишти худ ҳамеша даст баста нест, балки роҳи саодат барои ў боз аст ва метавонад бо бозгашт ба роҳи ҳақ ва рафторҳои шоиста роҳи зиндагии худро дигаргун созад. Аз ин рў ин ҳақиқатро ба унвони як асли фарогир ва пойдор, чунин баён мекунад:

"انّ الله لا يُغيِّر ما بقوم حتى يغيروا ما بانفسهم".[20]

“Ҳеҷ гоҳ Худованд вазъи гурўҳеро тағйир намедиҳад, то ин ки худ вазъи худро дигаргун созанд.”

Ва дар ҷои дигар мефармояд:

"ولو أنّ اهل القرى آمنوا واتّقوا لفتحنا عليهم بركات من السماء والأرض".

“Агар аҳли он мантақаҳо имон меоварданд ва парҳезкор мешуданд, дарҳои баракоти осмону заминро бар онҳо мекушодем.”

Дар бораи тағйири сарнавишти ҳазрати Юнус мефармояд:

"فلو لا أنّه كان من المسبحين للبث في بطنه الى يوم يبعثون".[21]

“Пас агар ў аз тасбеҳ кунандагон намебуд, то рўзи қиёмат дар шиками ў боқӣ мемонд.”

Аз ояти ахир чунин ба даст меояд, ки зоҳири ҷараён, талаб мекард, ки Юнуси паёмбар, то қиёмат дар он зиндони махсус боқӣ бимонад. Лекин рафтори шоистаи он ҳазрат (яъне тасбеҳ гуфтан) роҳи сарнавишти он ҳазратро дигаргун кард ва ўро наҷот дод.

Ин ҳақиқат дар ривоёти исломӣ низ ворид шудааст. Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дар ин бора мефармоянд:

"إنّ الرجل ليحرم الرزق بالذنب يصيبه و لا يردّ القدر الاّ الدعاء ولا يزيد في العمر الا البر".

“Як инсон ба сабаби гуноҳ аз рўзии худ маҳрум мешавад ва ҳеҷ чизе наметавонад ин тақдир ва сарнавиштро дигаргун созад, магар дуо ва ҳеҷ чиз умри инсонро зиёд намекунад магар некӣ кардан.” [22]

Аз ин ривоят ва монанди он ба хубӣ истифода мешавад, ки инсон бар асари гуноҳ ба маҳрумият аз рўзӣ, маҳкум мешавад, вале бо рафтори шоиста монанди дуо метавонад роҳи сарнавишти худро тағйир диҳад ва бо некӣ кардан умри худро зиёд кунад.

Натиҷа:

Аз оёти Қуръон ва суннат истифода мешавад, ки чи басо инсон дар чорчуби рафторҳои урфии худ аз дидгоҳи сабабҳои табиӣ ба сарнавишти хоссе маҳкум шавад ва ё гоҳе яке аз авлиёи Худо монанди Паёмбар ва Имом ба он хабар диҳанд ба ин маъно, ки агар ин тарзи рафтори вай идома ёбад сарнавишти ёд шуда дар интизори вай хоҳад буд. Вале дар асари як чархиши ногаҳонӣ, рафтори дигаре дар пеш гирад ва аз он роҳ сарнавишти худро дигаргун созад.

Ин ҳақиқат бархоста аз мантиқи ваҳй ва суннати Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва ковиши ақли салим, дар истилоҳи донишмандони шиа, бидоъ номида мешавад.

Шоистааст равшан гардад, ки таъбир ба бидоъ аз вижагиҳои шиа нест, балки дар навишторҳои аҳли суннат ва суханони Паёмбари гиромӣ, ин таъбир ба чашм мехўрад. Ба унвони намуна, Паёмбари гиромӣ саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дар ҳадиси ёд шуда дар зер, вожаи бидоъро ба кор бурдаанд:

"بدا لله عز وجل أن يبتليهم".[23]

Лозим ба зикр аст, ки масъалаи бидоъ ба маънои роҳ ёфтани дигаргунӣ ба соҳати муқаддаси илми Худованди мутаол нест, чун Худованд аз аввал бар раванди табийии рафтори инсонҳо ва ҳам ба таъсири сабабҳои дигаргун кунандаи ин раванд, ки сабаби бидоъ мегардад, огоҳ аст ва худ низ дар Қуръон аз он хабар додааст.

"يمحو الله ما يشاء و يثبت وعنده علم الكتاب".[24]

“Худо ҳар чиро бихоҳад маҳв ва ҳар чиро бихоҳад собит медорад ва асли китоб (Лавҳи маҳфуз) назди ўст.”

Бинобир ин Худованди бузург ба ҳангоми бурузи бидоъ, ҳақиқатеро, ки назди вай аз азал маълум буда бар мо ошкор месозад. Ва аз ин ҷиҳат Имоми Содиқ алайҳис-салом мефармоянд:

"ما بدا لله في شيء الاّ كان في علمه قبل أن يبدو له".

“Дар ҳеҷ мавриди барои Худо бидоъ рўх надод магар ин ки аз азал аз он огоҳ буд.” [25]

Фалсафаи бидоъ

Шакке нест, ки агар инсон дасти худро дар тағйири сарнавишти худ кушода ва боз бидонад, дар беҳтарсозии зиндагии худ мекушад.

Ба баёни дигар ҳамон гуна, ки масъалаи тавба ва шафоат инсонро аз ноумедӣ наҷот медиҳад ҳақиқати бидоъ низ сабаби нишоту шодобии вай мешавад ва ўро ба ояндаи равшан умедвор мекунад, чун дар сояи ин бениш инсон медонад, ки метавонад сарнавишти худро бо ҳукми Худои бузург тағйир диҳад ва ба сўи ояндаи беҳтар ва сарнавишти дурахшонтар қадам бардорад.

Пурсиши-3

Оё шиа мўътақид ба таърифи Қуръон аст?

Ҷавоб: Машҳури донишмандони шиа бар ин ақида ҳастанд, ки ҳеҷ гуна таҳрифе дар соҳати муқаддаси Қуръон роҳ наёфта ва Қуръоне, ки имрўз дар дасти мо аст ҳамон китоби осмонӣ аст, ки бар Паёмбари гиромӣ саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам нозил шуд ва ҳеҷ зиёдӣ ва камие дар он сурат нагирифтааст. Барои равшан шудани ин сухан, ба чанд гувоҳи маҳкам дар ин замина ишора мекунем:

1-Парвардигори олам сиёнат ва посдорӣ аз китоби осмонии мусалмононро тазмин намуда ва мефармояд:

"إنّا نحن نزلنا الذكر وإنّا له لحافظون".[26]

“Мо Қуръонро фурў фиристодем ва яқинан аз он нигаҳбонӣ мекунем.”

Равшан аст, ки шиаёни ҷаҳон аз он ҷо ки Қуръонро ба унвони сарлавҳаи андеша ва рафтори худ қарор медиҳанд ба ин ояти шарифа арҷ ниҳода  ва ба паёми он дар ҳифз ва сиёнати китоби Худо, имон доранд.

2-Пешвои бузурги шиаён Алӣ алайҳи салавотуллоҳ, ки худ ҳамвора ҳамроҳи Паёмбари гиромӣ саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам буда ва аз котибони ваҳй буда, дар муносибатҳои гуногўн, мардумро ба сўи ҳамин Қуръон даъват фармудааст, ки баъзе аз суханони он ҳазратро дар зер ёдовар мешавем:

"واعلموا أن هذا القرآن هو الناصح الذي لا يغشّ، والهادي الذي لا يضل".

“Бидонед, ки ин Қуръон мавъиза кунандае аст, ки ҳаргиз хиёнат намекунад ва роҳнамое аст, ки ҳаргиз гумроҳ намесозад.” [27]

"إن الله سبحانه لم يعظ أحدا بمثل هذا القرآن، فإنه حبل الله المتين وسببه المبين".

“Худованди субҳон ҳаргиз касеро ба монанди ин Қуръон насиҳат нафармудааст. Қуръон ресмони матини илоҳӣ ва василаи устувори Худованд аст.” [28]

"ثم أنزل عليه الكتاب نورا لا تطفأ مصابيحه، وسراجا لا يخبوا توقده، ومنهاجا لا يضل نهجه...، وفرقانا لا يخمد برهانه".

“Сипас Худованд китоберо фурў фиристод, ки нуре аст хомўш нашуданӣ ва чароғе аст, ки ҳаргиз бе фуруғ намешавад ва роҳе аст, ки ҳаргиз роҳравонашро гумроҳ намекунад ва сабаби ҷудоии ҳаққу ботил аст, ки ҳеҷгоҳ дучори хамудии бурҳон намегардад.” [29]

Аз суханони волои пешвои бузурги шиаён ба хубӣ равшан мегардад, ки Қуръони карим монанди чароғи фурўзоне аст, ки то абад равшангари роҳи инсонҳои пайрави он, боқӣ хоҳад монд ва ҳеҷ гуна дигаргуние, ки сабаби хомўшии равшании он ва боиси гумроҳии инсонҳо гардад, дар он роҳ нахоҳад дошт.

3-Донишмандони шиа иттифоқи назар доранд, ки Паёмбари гиромӣ саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуданд: Ман дар миёни шумо ду ёдгори гаронбаҳо ба ҷо мегузорам, яке китоби Худо ва дигарӣ Аҳли Байтам, то вақте ки аз он ду пайравӣ мекунед ҳаргиз гумроҳ намешавед”.

Ин ҳадис аз аҳодиси мутавотири исломӣ аст, ки ҳар ду гурўҳи шиа ва суннӣ онро нақл кардаанд. Аз ин баён низ ба равшани маълум мешавад, ки аз назари шиа китоби Худо (Қуръон) ҳаргиз дучори дигаргунӣ нахоҳад шуд, чун агар таҳриф дар Қуръон роҳ ёбад пайравӣ аз он сабаби ҳидоят ва рафъ кардани гумроҳӣ нахоҳад шуд, ин натиҷа бо насси ин ривояти мутавотир носозгор аст.

4-Дар ривоёти пешвоёни шиа, ки ҳамаи донишмандон ва фақеҳони мо онро нақл кардаанд ба ин ҳақиқат тасреҳ шудааст, ки Қуръон, меъёри ташхиси ҳақ ва ботил ва мояи ҷудоии дуруст аз нодуруст аст ба ин маъно, ки ҳар сухане ҳатто он чи ба исми ривоёт ба мо мерасад бояд бо Қуръон баррасӣ шавад агар бо оёти он созгор аст, ҳақ ва дуруст ва дар ғайри ин сурат ботил ва нодуруст хоҳад буд.

Ривоёт дар ин замина дар китобҳои фиқҳӣ ва ривойии шиа бисёр аст, ки ба яке аз онҳо ишора мекунем:

Имом Содиқ алайҳис-салом мефармоянд:

"ما لم يوافق من الحديث القرآن فهو زخرف".

“Ҳар сухане, ки бо Қуръон созгор набошад беҳуда ва ботил аст.” [30]

Аз ин ривоят низ ба хубӣ равшан мешавад, ки дигаргунӣ дар Қуръон роҳ надорад ва аз ин ҷиҳат ин китоби муқаддас метавонад то абад ба унвони мизони шинохти ҳақ ва ботил муаррифӣ шавад.

5-донишмандони бузурги шиа, ки ҳамвора пештозони фарҳанги Ислом ва шиа будаанд ба ин ҳақиқат эътироф кардаанд, ки Қуръони карим ҳаргиз дучори дигаргунӣ нахоҳад шуд. Гарчи шумориши ҳамаи ин бузургон душвор аст, вале ба унвони намуна ба баъзе аз онҳо ишора мекунем:

1-Абуҷаъфар Муҳаммад ибни Алӣ ибни Ҳусайни Бобуяи Қумӣ, маъруф ба Садуқ мутаваффои соли 381 ҳиҷрӣ қамарӣ мефармояд:

Эътиқоди мо дар бораи Қуръон ин аст, ки он сухани Худованд ва ваҳй аст. Ва китобе аст, ки ботил ва нодурустӣ дар он роҳ надорад ва аз тарафи Худованди доно ва ҳаким нозил шудааст ва Худованд фурў фиристанда ва нигаҳбони он мебошад.[31]

2-Саййид Муртазо Алӣ ибни Ҳусайни Мусавӣ Алавӣ маъруф ба “Аламул-Ҳудо” мутаваффои соли 436 ҳ.қ. мефармояд:

Гурўҳе аз саҳобаи Паёмбар, монанди Абдуллоҳ ибни Масъуд ва Убай ибни Каъб ва ғайри онҳо борҳо ҳамаи Қуръонро аз аввал то ба охир бар Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам хонданд (гузаронданд) ва ҳамаи инҳо ба хубӣ ба ин ҳақиқат гувоҳӣ медиҳад, ки Қуръон гирдовари шуда ва мураттаб ва бидуни камӣ ва парокандагӣ будааст.[32]

3-Абуҷаъфар Муҳаммад ибни Ҳасани Тўсӣ маъруф ба шайхут-тоифа мутаваффои 460 ҳ.қ. мефармояд:

Аммо сухан дар зиёдӣ ва камии Қуръон, аз матолибе аст, ки дар хўри ин китоб намебошад, чун ҳамаи мусалмонон бар адами зиёдии Қуръон, иттифоқи назар доранд ва дар мавриди камии он ҳам зоҳири мазҳаби мусалмонон бар хилофи он аст ва ин гуфтор (адами зиёдатӣ дар Қуръон) ба мазҳаби мо сазовортар аст. Ин суханро Саййид Муртазо пазирўфта ва таъид кардааст. Ва зоҳири ривоёт низ ҳамин ҳақиқатро собит мекунад. Андаке аз мардум ба ривоёте, ки дар бораи нуқсони оёт ва ё ҷо баҷоии онҳо ишора кардаанд, ки аз тариқи шиа ва аҳли суннат расидааст, вале ин ривоёт аз қабили хабарҳои воҳид ҳастанд, ки муҷиби илм ва ё амал бар тибқи он намешавад ва беҳтар он аст, ки аз онҳо рў бигардонем.[33]

4-Абуалӣ Табрасӣ, соҳиби тафсири “Маҷмаъ-ул-баён” мефармояд:

Дар мавриди зиёдии Қуръон ҳамаи уммати Ислом бар бе поягии он иттифоқи назар доранд ва аммо дар мавриди кам шудани оёти он андаке аз асҳоби мо ва гурўҳе аз фирқаи ҳашвия аз аҳли суннат ривоёте овардаанд, вале он чӣ дар мазҳаби мо пазирўфта шуда ва саҳеҳ аст, бар хилофи он мебошад.[34]

5-Алӣ ибни Товуси Ҳиллӣ маъруф ба Саййид ибни Товус мутаваффои соли 664 ҳ.қ. мефармояд:

Назари шиа он аст, ки дигаргунӣ дар Қуръон роҳ надорад.[35]

6-Шайх Зайниддини Омилӣ мутаваффои 877 ҳ.қ. дар тафсири ояти “Мо Қуръонро нозил кардем ва мо худ аз он нигаҳбонӣ мекунем” мефармояд:

Яъне мо Қуръонро аз ҳар гуна дигаргунӣ ва тағир ва зиёдӣ муҳофизат ва посдорӣ мекунем.

7-Қозӣ Саййид нуридини Тустарӣ соҳиби китоби Эҳқоқул-ҳақ мутаваффои 1019 ҳ.қ.

8-Муҳаммад ибни Ҳусайн маъруф ба Баҳоаддини Омилӣ мутаваффои 1030 ҳ.қ.

Саҳеҳ он аст, ки Қуръони карим аз ҳар гуна камӣ ва зиёдӣ маҳфуз аст...[36]

9-Файзи Кошонӣ соҳиби китоби Вофӣ мутаваффои 1091 ҳ.қ. Пас аз он ки оёте аз қабили “Мо Қуръонро нозил кардем ва мо худ аз он нигаҳбонӣ мекунем”-ро ки ба адами дигаргунии Қуръон далолат мекунад зикр мекунад мефармояд: Дар ин ҳангом чӣ гуна мумкин аст дигаргунӣ дар Қуръон роҳ ёбад? Ва...[37]

10-Шайх Ҳурри Омулӣ матаваффои 1104 ҳ.қ. мефармояд: Инсони ковишгар дар таърих ва ахбор, ба дурустӣ медонад, ки Қуръон ба далели тавотури ривоёт ва нақли ҳазорон тан аз саҳоба, собит ва устувор аст ва дар замони Паёмбар гирдоварӣ ва муназзам будааст.[38]

11-Муҳаққиқи бузургвор Кошифул-ғито дар китоби маъруфи худ Кашфул-ғито мегўяд:

Шакке нест, ки Қуръон дар сояи ҳифзи илоҳӣ аз ҳар дигаргунӣ маҳфуз мондааст чунон, ки сареҳи Қуръон ва иттифоқи назари донишмандон дар ҳамаи асрҳо бар он гувоҳӣ медиҳад.

12-Раҳбари инқилоби исломӣ ҳазрати оятуллоҳ Имом Хумайнӣ низ дар ин замина сухане доранд, ки ба унвони гувоҳи равшани дигар онро ёдовар мешавем:

Ҳар кас бар инояти мусалмонон дар бораи гирдоварии Қуръон ва нигаҳбонӣ ва забт ва тиловат ва навиштани он огоҳ бошад, бар бепоягии пиндори “таҳрифи Қуръон” гувоҳӣ медиҳад ва онро ғайри қобили бовар меёбад... Қуръони маҷид дуруст ҳамин китоби осмонӣ аст, ки дар дасти мост ва ихтилофи назаре, ки дар миёни қориён аст амри ҷадид аст, ки ҳеҷ иртиботе бо он чи ки Ҷабраили амин ба қалби поки Паёмбари гиромӣ нозил намуда, надорад.[39]

Натиҷа: Ҷумҳури мусалмонон аҳам аз шиа ва суннӣ бар онанд, ки ин китоби осмонӣ дуруст ҳамон Қуръоне аст, ки бар Паёмбари гаромӣ саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фурў фиристода шудааст ва аз ҳар гуна таҳрифу дигаргунӣ ва зиёдиву камӣ дар амон аст.

Бо ин баён, бе поягии нисбати норавое, ки ба шиаён додаанд ба субут мерасад ва агар нақли ривоёти заифе дар ин бора сабаби тўҳматҳо гардидааст, мегўем, ки нақли ин ривотн ба фирқаи андаки шиа ихтисос надорад, чун ҷамъе аз муфассирони аҳли суннат низ ин гуна ривоёти заифро нақл кардаанд, ки ба чанд намуна аз онҳо ишора мекунем:

1-Қуртубӣ дар тафсири худ аз Убай ибни Каъб ривоят мекунад, ки сураи Аҳзоб (бо 73-оят) дар замони Паёмбар ба андозаи сураи Бақара (ки 286-оят дорад) будааст ва ояти раҷм низ дар ин сура қарор дошта[40] (ҳам акнун асаре аз чунин ояте дар сураи Аҳзоб ба чашм намехўрад!).

Ва низ дар ҳамин китоб аз Оиша нақл мекунад, ки гуфтааст:

“Сураи Аҳзоб дар замони Паёмбар 200-оят дошта, пас чун мусҳаф навишта шуд ба беш аз он чӣ ки ҳозир вуҷуд дорад даст расӣ пайдо накарданд!”[41]

2-Соҳиби китоби Ал-Итқон нақл мекунад, ки адади сураҳои Мусҳафи Убай 116-сура будааст, чун ду сураи дигар ба номҳои Ҳафд ва Халъ дар он вуҷуд доштааст”.[42]

3-Ҳаббат ибни Саломат дар китоби Ан-Носих ва мансух аз Анас ибни Молик нақл мекунад, ки гуфтааст: Дар замони Паёмбар сураеро мехондем, ки ба андозаи сураи Тавба буд ва ман танҳо як оят аз онро ҳифз кардаам ва он ин аст:

"لو أنّ لإبن آدم واديان من الذهب لإبتغى اليهما ثالثا ولو أنّ له ثالثا لإبتغى اليها رابعا ولا يملأ جوف ابن آدم الا التراب و يتوب الله على من تاب".

Дар ҳоле, ки медонем чунин оятف дар Қуръон ёфт намешавад ва аслан бо балоғати Қуръон низ созгор намебошад.

4-Суютӣ дар тафсири Дур-ул-мансур аз Умар ибни Хаттоб ривоят мекунад, ки сураи Аҳзоб ба андозаи сураи Бақара буда ва дар он низ ояти “раҷм” вуҷуд доштааст.[43]

Бинобар ин гурўҳи андаке аз ду фирқаи шиа ва суннӣ ривоёти заифе дар бораи дигаргунии Қуръон нақл кардаанд. Ин ривоёти заиф аз назари қариб ба иттифоқи мусалмонони шиа ва суннӣ пазирўфта нашудааст, балки насси оёти Қуръон ва ривоёти мутавотири исломӣ ва иҷмоъ ва иттифоқи ҳазорон тан аз асҳоби Паёмбар ва иттифоқи мусалмонони ҷаҳон бар он аст, ки ҳеҷ гуна таҳриф, тағир, зиёдӣ ва камӣ дар Қуръони карим роҳ надошта ва надорад.

Пурсиши-4

Агар шиа ҳақ аст, чаро дар ақаллият аст ва аксари мусалмонони ҷаҳон онро напазируфтаанд?

Ҷавоб: шинохти ҳаққу ботил, дар гарави камии пайравон ва ё зиёдии онҳо нест. Дар ҷаҳони имрўз, нисбати мусалмонон ба мункирони Ислом дар ҳудуди як панҷум ё як шашум аст. Аксарияти сокинони ховари дурро бутпарастон ва говпарастон ва дигар мункирони Худо ташкил медиҳанд.

Чин бо ҷамъияти беш аз як милярд, аз кишварҳои камунист ва мункирони Худост ва аксарияти мардуми Ҳиндустонро, ки наздики як милярд ҷамъият дорад, говпарастон ва бутпарастон ташкил медиҳанд.

Ва аз сўӣ дигар чунин нест, ки аксарият, нишонаи ҳаққоният бошад. Қуръони маҷид зиёд аксариятҳоро сарзаниш намуда ва ба ситоиш аз баъзе ақалиятҳо мепардозад, ки дар ин маврид ба унвони намуна, ба баъзе аз оёт ишора мекунем:

1-"ولا تجد اكثرهم شاكرين".[44]

“Аксари онҳоро сипосгузор нахоҳӣ ёфт.”

2-"إن اوليائه الا المتقين و لكنَّ أكثرهم لا يعلمون".[45]

“Авлиёи Худо нестанд магар парҳезкорон, валекин аксари онон намедонанд.”

3-"وقليل من عبادي الشكور".[46]

    “Ва андаке аз бандагони ман сипосгузоранд.”

 Бинобар ин инсони воқеъгаро ҳеҷгоҳ набояд аз ақаллияти пайравони дини худ биҳаросад ва низ набояд ба хотири аксарияти онон мубоҳот кунад. Балки шоистааст чароғи ақлро равшан созад ва аз нур ва фуруғи он баҳраманд гардад.

Марде ба Амирал-мўъминин Алӣ алайҳис-салом арз кард: Чӣ гуна мумкин аст, ки мухолифони ту дар ҷанги Ҷамал, ки аксарияти насабиро ташкил медиҳанд, бар ботил бошанд? Имом алайҳис-салом фармуданд:

"إنّ الحق والباطل لا يعرفان بأقدار الرجال إعرف الحق تعرف أهله اعرف الباطل تعرف أهله".

“Ҳақ ва ботил бо миқдори пайравон шинохта намешавад, ҳақро бишнос, аҳли онро хоҳӣ шинохт. Ботилро низ бишнос аҳли ботилро хоҳӣ нинохт.”[47]

Бар як шахси мусалмон лозим аст, ки ин масъаларо аз роҳи илмӣ ва мантиқӣ таҳлил кунад ва ояти [48]"لا تقف ما ليس لك به علم" ро монанди чароғ, пеши роҳи худ қарор диҳад.

Гузашта аз ин ҳар чанд шиа аз назари ҷамъият ба пояи аҳли суннат намерасад, аммо шумориши дақиқе бишавад, маълум хоҳад шуд, ки як чаҳоруми мусалмонони ҷаҳонро шиаён ташкил медиҳанд ва онҳо дар аксари мантақаҳои мусалмон нишини дунё зиндагӣ мекунанд[49] ва дар тамоми адвори таърих, дар миёни онон донишмандон ва нависандагони ном овар ва соҳибони китобҳо мезистаанд. Шоистааст равшан гардад, ки поягузорони улўми исломӣ низ бештар шиа будаанд, ки дар миёни онҳо:

Абуасвади Дуалӣ, поягузори илми наҳв.

Халил ибни Аҳмад, поягузори илми урўз.

Маоз ибни Муслим ибни Абусораи Кўфӣ, поягузори илми сарф.

Ва Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Имрон котиби хуросонӣ яке аз пештозони илми балоғат ба чашм мехўранд.[50]

Барои огоҳии бештар бар таълифҳои зиёди уламо ва донишмандони шиа, ки шумориши ҳамаи онҳо бисёр душвор аст метавонед ба китоби арзишманди “Аз-Зариа ило тасонифи шиа” ва барои касби иттилоъ аз таърихчаи шиаён “Таърихи шиа”-ро мулоҳиза фармоед.

Пурсиш-5

Раҷъат чист ва чаро ба он эътиқод доред?

Ҷавоб: Раҷъат дар луғати араб ба маънои бозгашт аст ва дар истилоҳ, бар бозгашти гурўҳе аз инсонҳо пас аз марг ва пеш аз рўзи қиёмат гуфта мешавад, ки ҳамзамон бо наҳзати ҷаҳонии Имом Маҳдӣ алайҳис-салом сурат мегирад ва ин ҳақиқат, на бо ақл мухолиф аст ва на бо мантиқи ваҳй.

Аз дидгоҳи Ислом ва оинҳои дигари илоҳӣ, ҳақиқати инсонро рўҳи муҷарради вай ташкил медиҳад, ки аз он ба нафс низ таъбир мешавад ва баъд аз фонӣ шудани бадан, боқӣ мемонад ва ба ҳаёти ҷовидонаи худ идома медиҳад.

Аз сўи дигар парвардигори бузург, аз назари Қуръон қодири мутлақ аст ва ҳеҷ чизе тавоноии ўро маҳдуд намесозад.

Бо ин ду муқаддимаи кўтоҳ равшан мегардад, ки масъалаи раҷъат аз дидгоҳи ақл амре аст мумкин, чун бо каме диққат маълум мешавад, ки бозгардондани ин гурўҳ аз инсонҳо ба маротиб аз офариниши нахустини онҳо осонтар аст.

Бинобар ин парвардигоре, ки дар марҳалаи аввал онҳоро офарида аст бе шак бар бозгардонидани дубораи онҳо тавоноӣ дорад.

Бар асоси мантиқи ваҳй, намунаҳое аз раҷъатро дар умматҳои пешин метавон ёфт.

Қуръони маҷид дар ин замина мефармояд:

"وإذ قلتم يا موسى لن نؤمن لك حتى نرى الله جهرة فأخذتكم الصاعقة وأنتم تنظرون ثم بعثناكم من بعد موتكم لعلكم تشكرون".[51]

“Онгоҳ, ки гуфтед эй Мўсо мо ҳаргиз ба ту имон намеоварем то он ки Худованди бузургро ошкор бубинем, пас соиқае шуморо дарбар гирифт дар ҳоле, ки нигоҳ мекардед. Сипас шуморо пас аз маргатон зинда кардем шояд, ки сипосгузорӣ кунед.”

Ва дар ҷои дигар аз забони ҳазрити Исо мефармояд:

"وأحي الموتى باذن الله".[52]

“Мурдагонро ба изни Худои бузург зинда мекунам.”

Қуръони маҷид на танҳо имкони раҷъатро имзо ва таъид мекунад, ки вуқўъ ва таҳаққуқи бозгашти ҷамъе аз инсонҳоро, пас аз он ки мурда буданд таъид мекунад, Қуръон дар ду ояте, ки инак меоварем ба бозгардондани гурўҳе аз мардум пас аз марг ва пеш аз қиёмат, ишора мекунад.

"واذا وقع القول عليهم أخرجنا لهم دابة من الارض تُكَلِّمَهم أن الناس كانوا بآياتنا لا يوقنون ويوم نحشر من كل أمة فوجا ممن يكذب بآياتنا فهم يوزعون".

“Ва чун сухани (Худо) бар онҳо воқеъ шавад, мавҷўдеро аз байни онҳо берун меоварем, ки бо мардум дар бораи ин ки гуфтори моро бовар надоштанд, сухан гўяд. Ва он рўз, ки аз миёни ҳар уммат, ҷамъе аз такзиб кунандагони оёти моро барангезем, пас онҳо боздошта хоҳанд шуд.”[53]

Барои заминасозии истидлол ба ин ду ояти шарифа бар масъалаи раҷъат пеш аз рўзи қиёмат, шоистааст нукоти ёд шуда дар зер мавриди таваҷҷўҳ қарор бигирад:

1-Муфассирони исломӣ бар ин ақидаанд, ки ин ду оят дар бораи қиёмат сухан мегўяд ва ояти аввал яке аз нишонаҳои пеш аз қиёматро баён мекунад, чунон ки Ҷалолидини Суютӣ Дар тафсири “Дур-ул-мансур” аз Ибни Абушайба ва ў аз Ҳузайфа нақл мекунад, ки “хуруҷи добба” аз ҳодисаҳои пеш аз қиёмат аст.[54]

2-Шакке нест, ки дар рўзи қиёмат ҳамаи инсонҳо маҳшур мешаванд на як гурўҳи муайян аз миёни ҳар уммат, Қуръон дар мавриди умумият ва фарогир будани маҳшур шудани инсонҳо дар рўзи қиёмат чунин мефармояд:

"ذلك يوم مجموع له الناس".[55]

“Он рўзе аст, ки ҳамаи мардум, гирдоварда мешаванд.”[56]

Ва дар ҷои дигар мефармояд:

"ويوم نسير الجبال وترى الارض بارزة وحشرناهم فلم نغادر منهم أحدا".[57]

“Ва рўзе, ки кўҳҳоро ба ҳаракат дароварем ва заминро ошкор бубинӣ ва ҳамаи ононро ҷамъ карда ва ҳеҷ касеро боқӣ нагузорем.”

Бинобар ин дар рўзи қиёмат, ҳамаи инсонҳо зинда ва маҳшур мешаванд ва ин зинда шудан махсуси гурўҳи хоссе нест.

3-Ояти дуввум аз ду ояти ёд шуда, ба зинда шудани гурўҳи хос ва ҷамъи муайяне аз умматҳо тасреҳ мекунад на ба ҳамаи инсонҳо, чун ин ояти шарифа мефармояд:

"ويوم نحشر من كل أمة فوجا ممن يكذب بآياتنا فهم يوزعون".

“Ва он рўз, ки аз миёни ҳар уммат, ҷамъе аз такзиб кунандагони оёти моро барангезем, пас онҳо боздошта хоҳанд шуд.”

Ин ҷумла ба равшани бар барангехта нашудани ҳамаи инсонҳо гувоҳӣ медиҳад.

Натиҷа: аз ин се муқаддимаи кўтоҳ, ба хубӣ равшан мешавад, ки барангехтани гурўҳи хоссе аз такзибкунандигон оёти илоҳӣ, ки аз ояти дуввум истифода мешавад, ҳодисае аст, ки пеш аз барпо шудани қиёмат рўй хоҳад дод.

Чун ҳашр маҳшур кардани инсонҳо дар рўзи қиёмат, шомили ҳамаи инсонҳо мешавад ва махсуси гурўҳе нахоҳад буд.

Бо ин баён равшании гуфтори мо дар бораи баргашти гурўҳе аз инсонҳо пас аз марг ва пеш аз барпо шудани қиёмат собит мешавад ва ин чиз ҳамон раҷъат аст.

Бар ин асос, Аҳли Байти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам, ки қарину ҳамроҳи Қуръон ва муфассирони ваҳйи илоҳӣ ҳастанд, ба равшангарӣ дар ин замина бархостанд ва мо барои риояти хулосагўӣ, ба ду гуфтор аз онҳо ишора мекунем:

Имоми Содиқ алайҳис-салом мефармоянд:

"أيام الله ثلاثة يوم القائم عليه السلام و يوم الكرَّة ويوم القيامة".

“Рўзҳои Худованд се рўз ҳастанд: Рўзи қиёми ҳазрати Маҳдӣ алайҳис-салом ва рўзи раҷъат ва рўзи қиёмат.”

Ва дар ҷои дигар мефармоянд:

"ليس منّا من لم يؤمن بكرَّتنا".

“Касе, ки бозгаштани дубораи моро ба дунё напазирад аз мо нест.”

Шоистааст дар ин ҷо ба ду нуктаи муҳим ишора кунем:

1-Фалсафаи раҷъат

Бо андеша дар ангезаҳои раҷъат, ба ду ҳадафи баланд аз ҳадафҳои раҷъат бархўрд мекунем, яке нишон додани ҷалолу шукўҳи воқеии Ислом ва хориву зиллати куфр ва дигари додани подош ба инсонҳои бо имону некукор ва азоб намудани кофирону ситамкорон.

2-Фарқи ошкори раҷъат бо таносух

Лозим ба зикр аст, ки масъалаи раҷъат аз дидгоҳи шиа ҳаргиз мусталзими эътиқод ба таносух нест, чун назарияи таносух ба инкори қиёмат меанҷомад ва ҷаҳонро дар гардиш доим медонад, ки ҳар даврае такрори давраи пеш аз он аст.

Бар асоси ин назария, рўҳи ҳар инсоне пас аз марг бори дигар ба дунё бармегардад ва ба бадани дигаре мунтақил мешавад. Пас агар рўҳ дар замони гузашта аз некукорон буда дар бадане қарор мегирад, ки даврони баъдро бо хушӣ мегузаронад ва агар аз бадкорон буда, ба бадане мунтақил мешавад, ки даврони баъдро бо сахтиҳо мегузаронад. Ва ин бозгашт ҳамон қиёмати ў ҳисоб мешавад! Дар ҳоле, ки мўътақидон ба раҷъат бо пайравӣ аз шариати Ислом, ба қиёмат имон доранд ва аз сўи дигар интиқоли як рўҳи ҷудо шуда аз баданро ба бадани дигар имкон нопазир медонанд. Ва танҳо бар ин ақидаанд, ки гурўҳе аз инсонҳо пеш аз қиёмат ба ин дунё бармегарданд ва пас аз бароварда шудани ҳикматҳо ва маслиҳатҳои он бори дигар ба олами охират мешитобанд то дар рўзи қиёмат, ҳамроҳ бо дигар инсонҳо барангехта шаванд? Ва ҳаргиз як рўҳ, пас аз ҷудо шудан аз бадан ба бадани дигаре мунтақил намешавад.

Пурсиши-6

Шафоат чист, ки шумо ба он ақида доред?

Ҷавоб: Шафоат, яке аз усули мусаллами Ислом аст, ки ҳамаи гурўҳҳо ва мазҳабҳои исломӣ бо пайравӣ аз оёти Қуръон ва ривоёт, онро пазируфтаанд. Ҳар чанд дар натиҷаи шафоат бо ҳам ихтилофи назар доранд. Ҳақиқати шафоат ин аст, ки инсони гиромӣ, ки дар назди Худованд аз қурб ва мақоме бархўрдор аст, аз Худои мутаол хоҳони бахшидани гуноҳон ва ё боло бурдани дараҷаи инсони дигар мешавад.

Расули гиромӣ саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуданд:

"أعطيت خمسا ... أعطيت الشفاعة فأدخرتها لأمتي".

“Панҷ чиз ба ман дода шуд... ва шафоат ба ман дода шуд, пас онро барои уммати худ захира кардам.”[58]

Маҳдудияти шафоат

Аз дидгоҳи Қуръон, шафоати мутлақ ва бе қайду шарт пазируфта нест. Шафоат дар ҳоле корсоз аст, ки:

 1-Шафоат кунанда аз тарафи Худо бар шафоат кардан иҷоза дода шавад. Танҳо гурўҳе метавонанд шафоат кунанд, ки илова бар наздикии маънавӣ, аз тарафи Худованд иҷоза дода шуда бошанд. Қуръони маҷид дар ин маврид  мефармояд:

"لا يملكون الشفاعة الاّ من اتخذ عند الرحمن عهداً".[59]

“Молики шафоат нест магар касе, ки назди Худованди Раҳмон, аҳд дарёфта бошад.”

Дар ҷои дигар мефармояд:

"يومئذ لا تنفع الشفاعة الا من أذن له الرحمن و رضي له قولاً".[60]

“Дар рўзи қиёмат шафоати касе дар бораи дигарон фоида надорад магар касе, ки Худованд ба ў иҷоза диҳад ва ба гуфтори вай розӣ гардад.”

2-Шахсе, ки шафоат мешавад бояд лаёқати файзи илоҳиро аз роҳи шафоаткунанда пайдо кунад, яъне робитаи имонии ў бо Худованд ва пайванди рўҳии вай бо шафоат кунанда, бурида нашавад, бинобар ин кофирон, ки робитаи имонӣ бо Худованд надоранд ва баъзе аз мусалмонони гунаҳкор, монанди гурўҳи бе намоз ва одамкуш, ки дорои пайванди рўҳи бо шафоаткунанда нестанд, мавриди шафоат қарор намегиранд.

Қуръон дар бораи бе намозон ва мункирони рўзи қиёмат мефармояд:

"فما تنفعهم شفاعة الشافعين".[61]

“Пас шафоати шафоат кунандагон ба онҳо фоидае надорад.”

Ва дар бораи ситамгарон мефармояд:

"ما للظالمين من حميم ولا شفيع يطاع".[62]

“Барои ситамгарон ҳеҷ хушӣ ва шафоаткунандае, ки шафоати вай пазируфта шавад, нахоҳад буд.”

Фалсафаи шафоат

Шафоат, монанди тавба, равзанаи умеде аст барои касоне, ки метавонанд дар нимаи роҳи гумроҳи ва гуноҳ, гуноҳони худро тарк кунанд ва аз он пас боқимондаи умри худро дар фармонбардории Худо бигзаронанд, чун инсони гунаҳкор ҳаргоҳ эҳсос кунад, ки дар шароити маҳдуде (на дар ҳар шароите) метавонад ба шафоати шафоаткунанда, ноил шавад, кўшиш мекунад, ки ин ҳад ва марзро ҳифз кунад ва қадам фаротар нагузорад.

Натиҷаи шафоат

Муфассирон дар натиҷаи шафоат, ки оё бахшидани гуноҳон аст ва ё боло бурдани дараҷа, ихтилофи назар доранд, вале бо таваҷҷўҳ ба фармудаи Паёмбари гиромӣ саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам, ки: “Шафоати ман барои муртакибони гуноҳони кабира аст” назари аввал равшантар мегардад.

"انّ شفاعتي يوم القيامة لأهل الكبائر من أمتي".

“Шафоати ман дар рўзи қиёмат азони касоне аз умматам аст, ки муртакиби гуноҳони кабира шудаанд.”[63]

Пурсиши-7

Назари шиа дар бораи саҳоба чист?

Ҷавоб: Аз дидгоҳи шиа касоне, ки ба дидор ва суҳбати Паёмбари гиромӣ саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам шарафёб шудаанд ба чанд гурўҳ тақсим мешаванд ва мо пеш аз он ки ба шарҳи ин сухан бипардозем, шоистааст иҷмолан саҳобаро таъриф кунем.

Дар ин ҷо таърифҳои гуногуне дар бораи саҳобаи Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам вуҷуд дорад, ки мо ба баъзе онҳо ишора мекунем:

1-Саид ибни Мусаййиб мегўяд: Саҳобӣ касе аст, ки ба муддати як ё ду сол ҳамроҳи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) буда ва ҳамроҳи он ҳазрат дар як ё ду ҷанг ширкат карда ва ҷангида бошад.[64]

2-Воқидӣ мегўяд: Донишмандон бар онанд, ки ҳар кас Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам)-ро дида ва ба Ислом гаравида ва дар амри дин андеша намуда ва ба он розӣ шудааст, назди мо аз асҳоби Паёмбар маҳсуб мешавад гарчи ба муддати як соат аз рўз бошад.[65]

3-Муҳмамад ибни Исмоили Бухорӣ гуфтааст:

Ҳар касе аз мусалмонон бо Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) мусоҳибат дошта ва ё ўро дида бошад, аз асҳоби он ҳазрат аст.[66]

4-Аҳмад ибни Ҳанбал мегўяд: Ҳар ки як моҳ ва ё як рўз ва ё як соат бо Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам мусоҳибат дошта ва ё он ҳазратро дида бошад аз асҳоби он ҳазрат аст.[67]

Дар миёни аҳли суннат адолати саҳоба ба унвони як асли мусаллам пазирўфта шадааст. Ба ин маъно, ки ҳар кас Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва салламро дарк карда бошад, одил аст![68]

Инак дар сояи оёти равшангари Қуръон ба баррасии ин сухан мепардозем ва дидгоҳи шиаро, ки бархоста аз мантиқи ваҳй аст меоварем:

Таърих ному нишони беш аз 12 ҳазор нафарро ба унвони саҳобаи Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам сабт намудааст, ки дар миёни онҳо чеҳраҳои гуногуне вуҷуд дорад. Шакке нест, ки мусоҳибат бо Паёмбари гиромӣ саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ифтихори бузурге буд, ки насиби гурўҳе гардид. Ва уммати исломӣ низ пайваста ба дидаи эҳтиром ба онҳо менигаристанд, чун онҳо пештозони дини Ислом буданд, ки барои нахустин бор, парчами шавкату иззати Исломро ба ҳаракат дароварданд.

Қуръони маҷид низ ба тамҷид аз он парчамдорони пешгом мепардозад ва мефармояд:

"لا يستوي منكم من أنفق من قبل الفتح وقاتل أولئك أعظم درجة من الذين أنفقوا من بعد وقاتلوا".[69]

“Онҳое, ки пеш аз фатҳи (Макка) бахшиш ва мубориза карданд нисбат ба касоне, ки пас аз он инфоқ ва ҷиҳод карданд, баробар нестанд, балки дар дараҷаи болотар қарор доранд.”

Дар айни ҳол бояд эътироф кард, ки мусоҳибат бо Паёмбари Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам кимёе набудааст, ки чигунагии инсонҳоро дигаргун созад ва ҳамаи онҳоро то охири умар бима кунад ва дар дараҷаи додгарон қарор диҳад.

Барои равшан шудани ин масъала, сазовор аст пеш аз ҳар чиз ба Қуръон, ки мавриди иттифоқи ҳамаи мусалмонони ҷаҳон аст, рўй оварем ва дар ҳалли ин масъала аз он китоби муқаддаси осмонӣ ёрӣ ҷўем:

Саҳоба аз дидгоҳи Қуръон

Дар мантиқи ваҳй инсонҳое, ки ба маҳзари Паёмбари гиромӣ саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам шарафёб шуда ва ҳамнишинии он ҳазратро дарк кардаанд, ду дастаанд:

Гурўҳи нахустин:

Касоне, ки оёти ҷовидонаи Қуръон, ба мадҳу ситоиши онҳо мепардозад ва аз онҳо ба унвони поягузорони кохи маҷд ва шавкати Ислом, ёд мекунад ва мо дар ин ҷо баъзе аз фарозҳои китоби илоҳиро дар бораи ин даста аз саҳоба ёдовар мешавем:

1-Пештозони нахустин

"والسابقون الاولون من المهاجرين والانصار والذين اتبعوهم بإحسان رضي الله عنهم ورضوا عنه وأعدّ لهم جنات تجري من تحتها الانهار خالدين فيها أبدا ذلك الفوز العظيم".[70]

“Ва пештозони нахустин аз муҳоҷирон ва ансор ва касоне, ки ба некӣ аз онҳо пайравӣ карданд, Худо аз онҳо хушнуд ва онҳо низ аз Худо хушнуданд ва Худованд биҳиштҳое, ки дар онҳо чашмаҳо ҷорӣ аст барои онҳо омода карда ва ин дар ҳақиқат растагории бузурге аст”.

2-Байъат кунандагон зери дарахт

"لقد رضي الله عن المؤمنين إذ يبايعونك تحت الشجرة فعلم ما في قلوبهم فأنزل السكينة عليهم وأثابهم فتحا قريبا".[71]

“Худованд аз мўъминоне, ки дар зери дарахт бо ту байъат карданд, хушнуд гардид ва он чи дар дилҳои онҳо мегузаштро донист, пас оромишро бар онҳо фурў фиристонд ва пирўзии наздикро бар онҳо подош дод”.

3-Муҳоҷирон

"للفقراء المهاجرين الذين أخرجوا من ديارهم وأموالهم يبتغون فضلا من الله ورضوانا وينصرون الله ورسوله أولئك هم الصادقون".[72]

“Барои мустамандони муҳоҷире, ки аз диёр ва дороии худ ронда ва дур шуданд ва дар ҷустуҷўи фазл ва хушнудии Худо ҳастанд ва Худову Паёмбарро ёрӣ мекунанд. Онҳо ростгўён ҳастанд.”

4-Асҳоби фатҳ

"محمد رسول الله والذين معه أشداء على الكفار رحماء بينهم تري

هم ركعا سجدا يبتغون فضلا من الله ورضوانا سيماهم في وجوههم من أثر السجود".[73]

“Муҳаммад фиристодаи Худост ва ёрону ҳамроҳонаш бар кофирон сахт дилу бо якдигар меҳрубонанд. Онҳоро дар ҳоли рукўъ ва саҷда мебинӣ, ки дар ҷустуҷўи хушнудии Худо ҳастанд ва бар рухсори онҳо осори саҷда падидор аст”.

Гурўҳи дуввум

Дастаи дигар аз касоне, ки мусоҳибати Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва салламро дарк кардаанд, касоне буданд ду чеҳра ё бемор дил, ки Қуръони карим ба ифшогарии шахсияти онҳо пардохта ва Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва салламро аз вуҷуди онҳо бим медиҳад. Дар ин ҷо чанд намуна аз ин гурўҳро низ ёдовар мешавем:

1-Мунофиқони шинохта шуда

"ذا جاءك المنافقون قالوا نشهد إنك لرسول الله والله يعلم إنك لرسوله والله يشهد إن المنافقين لكاذبون".[74]

“(Эй Паёмбар) онгоҳ, ки мунофиқон назди ту омаданд ва гуфтанд: Мо гувоҳӣ медиҳем, ки ту Паёмбари Худо ҳастӣ, Худо медонад, ки ту Расули ў ҳастӣ ва ҳам ў гувоҳӣ медиҳад, ки мунофиқон дурўғ мегўянд”.

2-Мунофиқони шинохта нашуда

"وممن حولكم من الاعراب منافقون ومن أهل المدينة مردوا على النفاق لا تعلمهم نحن نعلمهم...".[75]

“Баъзе аз бодия нишинон, ки дар атрофи ту ҳастанд, мунофиқонанд ва баъзе аз аҳли мадина дар нифоқ фурў рафтаанд, ки ту онҳоро намешиносӣ, мо мешиносем”.

3-Бемордилон

"واذ يقول المنافقون والذين في قلوبهم مرض ما وعدنا الله ورسوله إلاّ غرورا".[76]

“Ҳангоме, ки мунофиқон ва бемордилон мегуфтанд ваъдаи Худо ва Паёмбар фиребе беш набудааст”.

4-Гунаҳкорон

"وآخرون اعترفوا بذنوبهم خلطوا عملا صالحا وآخر سيئا عسى الله أن يتوب عليهم إن الله غفور رحيم".[77]

“Бархе, ки ба гуноҳони худ эътироф карданд, амали шоистаро ба кори бад ба ҳам омехтанд, бошад, ки Худо тавбаи онҳоро бипазирад. Худо омурзанда ва меҳрубон аст”.

Илова бар оёти шарифаи Қуръон, ривоёти фаровоне аз Паёмбари гиромӣ саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дар мазаммати баъзе аз саҳоба расидааст, ки ба унвони мисол ду намуна аз онро ёдовар мешавем:

1-Абуҳозим аз Саҳл ибни Саъд ривоят кардааст, ки гуфтааст: Паёмбари гиромӣ (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) фармуданд:

"أنا فرطكم على الحوض من ورد شرب ومن شرب لم يظمأ أبدا وليردن عليّ أقوام أعرفهم ويعرفوني ثم يحال بيني وبينهم".

“Ман шуморо ба сўи ҳавз мефиристам, ҳар кас бар он ворид шавад аз он менўшад ва ҳар кас бинўшад, то абад ташна намешавад ва гурўҳҳое бар ман ворид мешаванд, ки ман онҳоро мешиносам ва онҳо низ маро мешиносанд, сипас байни ман ва онҳо ҷудоӣ меафтад”.

Абуҳозим мегуяд: Дар ҳоле, ки ман ин ҳадисро мехондам, Нўъмон ибни Абиайёш шунид, пас гуфт: Ин гуна аз Саҳл шунидӣ? Гуфтам: Оре. Гуфт: Гувоҳӣ медиҳам, ки Абусаиди Худрӣ низ ба ин ҳадис чунин изофа мекард, ки Паёмбар мефармоянд:

"إنهم مني فيقال إنك لا تدري ما عملوا بعدك فأقول سحقا سحقا لمن بدّل بعدي".    

“Онҳо аз ман ҳастанд. Пас ба Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам гуфта мешавад, ки ту намедонӣ, ки инҳо баъд аз ту чӣ корҳо карданд! Пас ман мегўям, дур бод аз раҳмати Худо он касе, ки пас аз ман ( аҳкомро) дигаргун сохт”.[78]

Аз ин ҷумла, ки ман онҳоро мешиносам ва онҳо маро мешиносанд ва ҷумлаи дигар, ки фармуд: Пас аз ман дигаргун сохт” маълум мешавад, ки марод аз онҳо асҳоби он ҳазрат ҳастанд, ки муддате бо он ҳазрат ҳамроҳ буданд.

2-Бухорӣ ва Муслим аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ривоят кардаанд, ки фармуданд:

"يرد عليَّ يوم القيامة رهط من أصحابي فيحلؤون عن الحوض فأقول يا رب أصحابي فيقول إنه لا علم لك بما أحدثوا بعدك إنهم ارتدوا على أدبارهم القهقري".

“Дар рўзи қиёмат, гурўҳе аз асҳоби ман бар ман ворид мешаванд ва сипас аз ҳавзи Кавсар дур мешаванд (аз дохил ва наздик шудани онҳо ба ҳавз пешгири мешавад) пас ман мегўям: Худоё инҳо асҳоби ман ҳастанд. Худованд мефармояд: Ту ба он чӣ онҳо пас аз ту анҷом доданд огоҳ нестӣ, онҳо ба ҳамон ҳолати пешин (даврони ҷоҳилият) баргаштанд”.[79]

Натиҷа:

Аз оёти Қуръон ва суннати Паёмбар равшан мешавад, ки асҳоб ва афроде, ки  ба ҳамнишинии Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ноил шудаанд, ҳама дар як сатҳ ва якнавохт набуданд, балки гурўҳе аз онҳо инсонҳои пок ва дар авҷи шоистаги буданд, ки хизматҳои арзандаи онҳо сабаби борвар шудани ниҳоли навпои Ислом гардид ва дастаи дигар аз ҳамон авал афроди ду чеҳра ва мунофиқ, бемор дил ва ё гунаҳкор буданд.

Ва ба ин баён назари шиа дар бораи саҳобаи Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам, ки ҳамон дидгоҳи китоби Худо ва суннат аст, равшан мегардад.

Пурсиши -8

Оё савганд ба ғайри Худо ширк аст?

Ҷавоб: Тафсири вожаҳои тавҳид ва ширкро бояд аз миёни оёт ва суннат ҷустуҷў кард, чун Қуръони маҷид ва равиши Расули Худо, арзандатарин меъёрҳои шинохти ҳақ аз ботил ва тавҳид аз ширк, мебошад.

Бар ин асос сазовор аст, то ҳар андеша ва рафторро дар пешгоҳи виҷдони бедор ва холӣ аз таассуб, бо мантиқи ваҳй  ва шиваи зиндагонии Паёмбари гиромӣ саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи вва саллам, баррасӣ бикунем.

Инак далелҳои рашани худро барои ҷоиз будани қасам хўрдан ба ғайри Худо, аз дидгоҳи китоб ва суннат, ёдовар мешавем:

1-Қуръони маҷид дар гўшаҳое аз оёти ҷовиданаи худ ба офаридаҳои буруманде, монанди “ҷони Паёмбар” “равони инсон” “қалам”, ки мазҳари нигориш аст, “хуршед ва моҳ” “ситора ва рўзу шаб” “осмону замин ва замон ва кўҳсорон ва дарё, қасам хўрдааст, ки баъзе аз он оётро аз назари шумо мегузаронем:

1-لَعمرك انّهم لفي سكرتهم يعمهون".[80]

“Эй Паймбар ба ҷони ту қасам, онҳо дар мастии худ, (дар тамоюлоти нафсонӣ) саргардонанд”.

2-والشمس وضحيها والقمر إذا تليها والنهار إذا جليها والليل إذا يغشيها والسماء وما بنيها والارض وما طحيها ونفس وما سوّيها فألهمها فجورها وتقويها... [81]

“Қасам ба хуршед ва тобиши он ва қасам ба моҳ ва вақте, ки аз паи хуршед берун меояд ва қасам ба рўз онгоҳ, ки ҷаҳонро пур фурўғ созад ва қасам ба шаб онгоҳ, ки ҷаҳонро дар пардаи сиёҳи худ кашад ва қасам ба осмон ва он ки онро барафрошт ва қасам ба замин ва он ки онро густаронид ва савганд ба ҷони (инсон) ва он ки ўро некў офарид ва роҳи неку бадро ба он нишон дод ва илҳом намуд.

3-والنجم اذا هوى".[82]

“Қасам ба ситора онгоҳ, ки фуруд ояд”.

4-والقلم وما يسطرون".[83]

“Қасам ба қалам ва он чӣ менависад”.

5-والعصر انّ الانسان لفي خسر".[84]

“Қасам ба замон, ки инсон бар зиён аст”.

6-والفجر وليال عشر".[85]

“Қасам ба сапеда ва шабҳои даҳгона”.

7-والطور وكتاب مسطور في رقٍّ منشور والبيت المعمور والسقف المرفوع والبحر المسجور".[86]

Қасам ба кўҳи тури сино, қасам ба китоби навишта шуда (Қуръон) дар саҳифаи маншур, қасам ба байтул-маъмур (хонаи обод), қасам ба тоқи барашрошта, қасам ба дарёи пурталотум”.

Ҳамчунин қасам ба мазоҳири ҷаҳони офариниш дар сураҳои Нозиот, мурсалот, Бурўҷ, Ториқ, Балад, Тин, Зўҳо ба чашм мехўрад.

Шакке нест, ки агар савганд ба ғайри Худо, муҷиби ширк ва дугона парастӣ буд ҳаргиз Қуръони карим, ки маншури ҷовидони тавҳид ва яктопарастӣ аст, ба он мубодират намеварзид ва агар ҳам як чунин савганде махсуси Худо буд, мебоист дар оёти Қуръон ба он тазаккур дода шавад то дигарон ба ин хотир ба иштибоҳ нараванд.

2-Ҳамаи мусалмонони ҷаҳон Паёмбари гироми саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва салламро усваи худ медонанд ва ба равиши зиндагӣ ва рафтори он ҳазрат ба унвони мизони санҷиш ва милоки ташхиси дуруст аз нодуруст, менигаранд.

Муҳаққиқони мусалмон ва нависандагони сиҳоҳ ва масонид, мавориди бисёре аз қасамҳои Паёмбари гиромӣ саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ба ғайри Худоро ривоят кардаанд.

Аҳмад ибни Ҳанбал дар муснади худ, аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам чунин ривоят мекунад:

"فلعمري لإن تكلم بمعروف وتنهى عن المنكر خير من أن تسكت".

“Ба ҷонам савганд агар амри ба маъруф ва наҳй аз мункар кунӣ беҳтар аз он аст, ки сокит бошӣ”.[87]

Муслим дар саҳеҳаш чунин ривоят мекунад:

"جاء رجل الى رسول الله  صلى الله عليه وآله وسلم  فقال يا رسول الله أي الصدقة أعظم أجرا؟ فقال: اما وأبيك لتنبأنّه أن تصدق وأنت صحيح شحيح تخشى الفقر وتأمل البقاء..."

“Марде аз Паёмбари гиромӣ пурсид: Подоши кадом садақа бузургтар аст? Фармуданд: Ба падарат қасам, аз он огоҳ хоҳӣ шуд ва он ин ки дар ҳоли саломатӣ ва ҳирси худ ва бо бими фақр ва умед ба боқӣ мондан, садақа диҳӣ”.[88]

Оё касе, ки бахши бузурге аз мусалмононро ба хотири ҷоиз донистани қасам ба ғайри Худо, мушрик мепиндорад, ин рафтори равшани он ҳазратро чӣ гуна тавҷеҳ мекунад?

3-Гузашта аз китоби Худо ва суннати Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ, рафтори ёрони наздики Расули Худо низ, гувоҳи равшане бар ҷоиз будани қасам ба ғайри Худованд аст:

Алӣ ибни Абитолиб алайҳис-салом дар бисёре аз фарозҳои суханони баланди худ, ба ҷони худ қасам мехўрад он ҷо ки мефармоянд:

"ولعمري ليضعفنَّ لكم التّيه من بعدي أضعافا".

“Ба ҷонам қасам пас аз ман саргардонии шумо чанд баробар хоҳад шуд”.[89]

Ва дар ҷои дигар мефармоянд:

"ولعمري لإن لم تنزع عن غيّك وشقاقك لتعرفنّهم عن قليل يطلبونك".

“Ба ҷонам қасам агар аз гумроҳӣ ва шақовати худ даст набардорӣ ононро хоҳӣ шинохт, ки туро меҷўянд”.[90]

Равшан аст, ки дар баробари ин ҳама ривоёт ва нусус, ҳеҷ иҷтиҳоде наметавонад биистад ва ҳеҷ далели дагаре наметавонад рафтори Худовандро дар Қуръони маҷид ва шиваи Паёмбари гиромӣ саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ва ёрони наздики он ҳазратро зери суол барад ва онҳоро ба ширк муттаҳам кунад.

Натиҷа: Аз маҷмўи далелҳои ёд шуда ба равшанӣ маълум мешавад, ки машрўияти қасам ба ғайри Худо аз дидгоҳи китоби Худо ва суннати Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва сираи мўъминон, як асли мусаллам аст ва бо тавҳид ва яктопарастӣ мунофоте надорад.

Бинобар ин агар зоҳири ривояте бо он чӣ бо далелҳои қатъӣ ба исбот расид, мухолиф бошад бояд ба гунае таъвил шавад, ки бо ин асли мусаллами Қуръон ва ривоёт созгор бошад.

Гоҳе ба як ривояти мубҳам ишора мешавад, ки насси онро зикр карда ва ҷавоби онро баён мекунем:

"إنّ رسول الله  صلى الله عليه وآله وسلم  سمع عمر وهو يقول: وأبي. فقال إنّ الله ينهاكم أن تحلفوا بآبائكم ومن كان حالفا فليحلف بالله أو يسكت".

“Паёмбари гиромӣ шуниданд, ки Умар ба падараш қасам мехўрад. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуданд: Худованд шуморо аз қасам хўрдан ба падаронатон манъ кардааст, пас ҳар ки қасам мехўрад ба Худо қасам бихўрад ва ё сокит бимонад”.[91]

Гарчи ин ҳадис, дар баробари оёти Қуръон ва ривоёти равшане, ки қасам ба ғайри Худоро ҷоиз мешуморанд наметавонад биистад, вале ба манзури ҷамъ байни он ва оёту ривоёти ёд шуда бояд гуфт: Манъ аз қасами Умар ба падараш аз тарафи Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва ҳамчунин пешгирӣ аз қасам хўрдани монанди Умар ба падаронашон, ба ин хотир буда, ки падарони онҳо навъан бутпараст ва мушрик будаанд. Ва инсони кофир ва бутпараст, бе лаёқаттар аз он аст, ки мавриди қасам қарор гирад ва ба вай қасам хўранд.


[1] -Дур-ул-мансур-и Суютӣ ҷ.6.Дар тафсири ояти ҳафтуми сураи Баййинаҳ.   

[2] -Ансоб-ул-ашроф"-и Билозарӣ саҳ.181.

[3] -Таърихи Ибни Асокир ҷ.42.саҳ.332.

[4] -Фазоил-уш-шоа"-и Шайх Садуқ саҳ.11.

[5] -Таърихи Ибни Асокир ҷ.42.саҳ.332.

[6] -Ал-Иршод"-и Шайх Муфид ҷ.1.саҳ.41.

[7] -Таърихи Ибни Асокир ҷ.42.саҳ.332.

[8] -Таърихи Ибни Асокир ҷ.42.с.371.

[9] -Тафсири Фуроти Кўфӣ саҳ.585.р.754.

[10] -Мўъҷам-ул-авсат"-и Табаронӣ ҷ.7.саҳ.343. Маҷмаъ-уз-завоид ҷ.9.с.173.

[11] -Таърихи Бағдод ҷ.12.с.284. Таърихи Ибни Асокир ҷ.42.с.331.

[12] -Мўъҷам-ул-авсат"-и Табаронӣ ҷ.4.с.212.

[13] -Лисон-ул-мизон"-и Ибни Ҳаҷар ҷ4.с.317.р.615. Сияру аълом-ун-нубало"-и Заҳабӣ .ҷ.14.с.145.р.80.

[14] -Ас-Сиқот"-и Ибни Ҳаббон  ҷ.8.с.213. Аҷ-Ҷаҳр ват-таъдил ҷ.3.с.252.р.1126.

[15] -Ас-Сиқот"-и Ибни Ҳаббон ҷ.8.с.219.

[16] -Таърихи Ҷурҷон саҳ.329.

[17] -Сияру аълом-ун-нубало ҷ.17.с.469.р.308.

[18]-"Аҷ-Ҷаҳр ват-таъдил"-и Розӣ ҷ.2.с.497.р.2043. Мизон-ул-эътидол"-и Заҳабӣ ҷ.1.с.379.р.1425.

[19] -касоне, ки мўътақид ба ҷонишин таъин кардани Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам буданд ва таъини мақоми хилофатро аз сўи Худованд медонистанд.

[20] -Раъд-11.

[21] Соффот-143-144.

[22]-Муснади Аҳмад ҷ.5.с.277. Мустадраки Ҳоким ҷ.1.с.493 ва...

[23] -Саҳеҳи Бухорӣ ҷ.3.с.1276.р.3277. Таърихи Ибни Касир ҷ.2.с.164.

[24] -Раъд-39.

[25] -Усули кофӣ ҷ.1. боби бидоъ ҳадиси-9.

[26] -Ҳиҷр-9.

[27] Наҳҷ-ул-балоға хутбаи 178.

[28] Наҳҷ-ул-балоға хутбаи 178.

[29] -Наҳҷ-ул-балоға хутбаи-198.

[30] -Усули кофӣ ҷ.1. китоби фазли илм боби ахзи илм биссунна ва шавоҳидул китоб ривояти-4.

[31] -Ал-Эътиқод с.93.

[32] -Маҷма-ул-баён ҷ.1.с.10

[33] Тибён-ҷ.1.с.3.

[34] -Маҷмаъ-ул-баён ҷ.1.с.10.

[35] -Саъдус-суўд с.144.

[36] Олоур-раҳмон с.25.

[37] Тафсири Софӣ ҷ.1.с.51.

[38] Олоур-раҳмон с.25.

[39] -Таҳзиб-ул-усул, тақрироти дуруси Имом Хумайнӣ ҷ.2.с.96. ба қалами устод ҷаъфари Субҳонӣ.

[40] -Тафсири Қуртубӣ ҷ.14.с.113 дар аввали тафсири сураи Аҳзоб.

[41] - Тафсири Қуртубӣ ҷ.14.с.113 дар аввали тафсири сураи Аҳзоб.

[42] -Ал-Итқон ҷ.1.с.67.

[43] Дур-ул-мансур ҷ.5.с.180 дар аввали тафсири сураи Аҳзоб.

[44] -Аъроф-18.

[45] -Анфол-34.

[46] -Сабаъ-13.

[47] -Ансоб-ул-ашрофи Билозарӣ с.239-274 бо ду санад. Таърихи Яъыщбӣ ҷ.2.с.210. Тафсири Қуртубӣ ҷ.1.с.340. Файз-ул-қадири Муновӣ ҷ.1.с.28.

[48] -Исроъ-36.

[49] -Барои тавзеи бештар ба китоби “Аъён-уш-шиа”ҷ.1. баҳси-12 с.194 муроҷиа шавад.

[50] -Дар ин маврид метавонед ба китоби “Таъсиси шиа” навиштаи Саййид Ҳаман Садр муроҷиа фармоед.

[51] -Бақара-55-56.

[52] Оли-Имрон-42.

[53] -Намл-82-83.

[54]--Дур-ул-мансур ҷ.5.с.177. дар тафсири ояти 82 аз сураи Намл.

[55]-Ҳуд 103.

[56] -Дур-ул-мансур ҷ.3.с.349, ин рўзро ба рўзи қиёмат тафсир кардааст.

[57] -Каҳф-46.

[58] -Муснади Аҳмад ҷ.1.с.301. Саҳеҳи Бухорӣ ҷ.1.с.91.

[59] -Марям-87.

[60]-Тоҳо-109.

[61] -Муддассир-48.

[62] -Мўъмин-18.

[63] -Сунани Ибни Моҷа ҷ.2.с.583. Муснади Аҳмад ҷ.3.с.213. Сунани Абудовуд ҷ.2.с.537. Сунани Тирмизӣ ҷ.4.с.45.

[64] -Усд-ул-ғоба ҷ.1.с.11-12.

[65] Усд-ул-ғоба ҷ.1.с.11-12.

[66] Усд-ул-ғоба ҷ.1.с.11-12.

[67] Усд-ул-ғоба ҷ.1.с.11-12.

[68] Ал-Истиоб ҷ.1.с.2. дар ҳошияи Исоба. Усд-ул-ғоба ҷ.1.с.3.

[69] -Ҳадид-10.

[70] -Тавба-100.

[71] -Фатҳ-18.

[72] Ҳашр-8.

[73] -Фатҳ-29.

[74] -Мунофиқин аз аввал то охир.

[75] Тавба-101.

[76] Аҳзоб-12.

[77] Тавба-102.

[78]-Ҷомеъ-ул-усули Ибни Асир ҷ.11.с.120. Саҳеҳи Муслим ҷ.4.с.1793.р.2290-2296. Саҳеҳи Бухорӣ ҷ.5. с.2404.р.6205-6212.ҷ.6.с.2587.р.6642-6643. Саҳеҳи Ибни Хузайма ҷ.6.с.1.р.6. Саҳеҳи Ибни Ҳаббон ҷ.3. с.321.р.1046. Муснади Аҳмад ҷ.1.с.384.р.3639-3812-3851-3866-4042-4180-4332.

[79]-Ҷомеъ-ул-усули Ибни Асир ҷ.11.с.120. Саҳеҳи Бухорӣ ҷ.5.с.2407.р.6213-6214-6215.ҷ.6.с.2587.р.6641. Саҳеҳи Ибни Хузайма ҷ.6.с.1.р.6. Саҳеҳи Ибни Ҳаббон ҷ.3.с.321.р.1046. Муснади Аҳмад ҷ.1.с.157. р.2327.ҷ.3.с.18.р.11154-11363. Ин ҳадис бо лафзҳои гуногун ривоят шуда ва ин ду ҳадисеро, ки зикр шуд Аҳмад ибни Ҳанбал дар Муснадаш бо беш аз 20-санад ривоят кардааст.

[80] -Ҳиҷр-72.

[81] -Сураи Шамс -1 то 8.

[82] -Наҷм-1.

[83] -Қалам-1.

[84]-Аср-1-2.

[85] -Фаҷр-1-2.

[86] -Тур-1 то 6.

[87] -Муснади Аҳмад ҷ.5.с.224-225. Маҷмаъ-уз-завоид ҷ.3.с.199, ва китобҳи дигар, Ҳайсамӣ санади ин ҳадисро саҳеҳ гуфтааст.

[88] -Саҳеҳи Муслим ҷ.3. китоби закот боби баёни ан афзалус-садақа садақатус-саҳеҳуш-шаҳиҳ с.93-94.

[89] -Наҳҷ-ул-балоға номаи хутбаи-161..

[90]Наҳҷ-ул-балоға номаи -9. барои огоҳӣ аз мавориди дигар ба хутбаҳои 168-182-187 ва номаҳои 6-54-и Муҳаммад Абда муроҷиа кунед.

[91] -Сунан-ул-кубро ҷ.10.с.29. Сунани Насоӣ ҷ.7.с.4-5.