Бисмиллаҳир роҳманир раҳим

Пешгуфтор

Зарурати муррифии мактаб (идеология)

Замоне, ки мо дар он зиндагӣ мекунем, замони бархурди андешаҳост. Андешмандон ва мутафаккирони ҷаҳон бо истифода аз василаҳои нашр, ақоид ва назарҳои худро дар ихтиёри ҳамагон қарор дода, мардумро ба тафаккур ва андеша дар бораи назарияҳои худ даъват мекунанд.

Ҷомеаи исломӣ бо пайравӣ аз даъвати илоҳӣ

ادع الى سبيل ربك بالحكمة

бояд  дар чунин замоне мактаби худро ба гунаи шоиста дар ихтиёри ҳамагон қарор диҳад ва аз ин роҳ вазифаи худро дар баробари он анҷом диҳад.

Аз ин ҷиҳат муддатҳо пеш нигоранда як давра ақоиди исломӣ ба сурати истидлол ва дар сатҳи олӣ танзим ва мунташир намуд, ки ба лутфи Худо мавриди истиқболи хонандагон қарор гирифт ва чун гурўҳе аз алоқамандон дархост кардаанд, ки онро ба сурати хулоса ва фишурда низ дар ихтиёри ҳамагон қарор диҳем, бинобар ин аз донишманди муаззам ҷаноб Ризо Устодӣ, ки аз мударрисини ҳавзаи илмияи Қум ва хидматгузори ҷомеаи рўҳоният аст, дархост шуд, ки заҳмати хулосакардани ин баҳсҳоро бипазиранд. Ишон низ ин корро ба сурати шоистае анҷом доданд ва ин баҳсҳоро дар шаш бахш ба тартиби зер танзим намуданд:

1-Худо ва низоми офариниш

2-Худо ва сифатҳои ҷамол ва ҷалол

3-Худо ва паёмбарони осмонӣ

4- Худо ва Паёмбари Ислом

5-Худо ва низоми имомат

6-Худо ва қиёмат, инсон ва ҷаҳон

Ҳар яке аз ин шаш бахш шомили бист дарс аст. Ин ки чаҳорумин бахши он ба номи “Худо ва Паёмбари Ислом” мунташир мегардад, умед аст мавриди истифодаи алоқамандон ва пажўҳишгарон дар ақоиди исломӣ қарор гирад.

Дарси аввал

Даъвати ҷадид ва дини нав

Чаҳордаҳ аср пеш ҳангоме ки торикиҳои ширк ва бутпарастӣ ва ҳукумати худоёни сохтагӣ, саросари оламро фаро гирифта буд ва ҷомеаи Рум ва Эрон аз зулмҳои табъизии норавои ду импературии бузург, ба сутўҳ омада буданд ва табақаи заҳматкаш ва кишоварз зери фишори дардноки табақаи ҳоким дасту по мезаданд ва сояи шуми ноумедӣ, миллатҳои ҷаҳонро тираву тор сохта буд. Мардони ислоҳталаб аз ҳар гуна ба вуҷуд овардани дигаргунӣ ва ислоҳе ноумед шуда буданд ва миллатҳои ҷаҳон дар интизори дигаргунӣ ва инфиҷори амиқ ва асосие ба сар мебурданд.

Дар ин шароит дар як сарзамине, ки қобили кишту кор нест  لم يزرع ва аз як нуқтаи дур афтода аз тамаддун, аз миёни як миллати ба тамоми маъно ақиб афтода ва аз як хонадони шариф, марде бархост ва худро раҳбари миллатҳои ҷаҳон, поракунандаи занҷирҳои асирӣ, саркўбкунандаи ҳар гуна бутпарастӣ ва табъизҳои нораво, ҳимояткунандаи мазлумону афтодагон, хостори адлу дод, тарафдори илму дониш ва.... хонд ва асоси дигаргунӣ ва даъвати худро фармонҳои илоҳӣ ва ваҳйи осмонӣ муаррифӣ намуд ва худро охирини паёмбарон ва дини худро охирини динҳо донист.

Ў дар дигаргунӣ ва инқилоби ҳамаҷонибаи худ ончунон пирўз гардид, ки дар муддати кўтоҳе доманаи инқилоби вай шарқу ғарбро фаро гирифт ва ҷаҳони мутамаддинро зери пўшиши дини худ даровард ва миллатеро тарбият кард, ки тамаддунҳои меросӣ ва ба ирс мондаи Эрон ва Юнонро ба тамаддуне, ки Ислом онро  поягузорӣ намуд ба ҳам омехт ва тамаддуни асил ва решадор дар айни ҳол инсоние, ки дар он ҳамаи ҷанбаҳои моддӣ ва маънавии башар риоят шуда буд, ба вуҷуд овард. Аз ин роҳ башарият ва ҷомеаи инсониро аз суқут ва пошидагӣ наҷот бахшид. Ў дар соли 610-мелодӣ барои наҷоти инсонҳо фиристода шуд ва дар нахустин ваҳйи осмонӣ  Худои ҷаҳон ўро бо фармони зер хитоб намуд ва фармуд:

اقرأ باسم ربک الذي خلق خلق الإنسان من علق اقرأ وربک الأكرم الذي علم بالقلم علم الإنسان ما لم يعلم.

“Бихон ба номи парвардигорат ки ҷаҳонро офарид ва инсонро аз хуни бастае халқ намуд. Бихон ба номи Худои гиромият, ки ба василаи қалам бар башар он чиро ки намедонист таълим дод”. [1]

Ин оятҳое ки тулўи оғози ваҳй ва нахустин оятҳое аст, ки бар қалби ў нозил гардид, монанди суханони ифтитоҳии  раҳбарон ва зимомдорони ҷаҳон аст, ки дар он роҳҳои куллии сиёсати онҳо мушаххас мегардад. Аз ин сабаб метавон гуфт, ки дар ин оятҳо ҳадафҳои куллии Ислом ва мақсаде, ки Паёмбари гиромӣ саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ барои он фиристода шудааст мушаххас гардида ва ошкоро мерасонад, ки ҳадафи ниҳоӣ аз беъсати ў таълими инсонҳо ва раҳбарии онон ба сўи Худо аз роҳи ваҳйи осмонисту бас.

Бинобар ин раҳбарии вай монанди паёмбарони гузашта аз роҳи дастурҳои осмонӣ сурат хоҳад пазирифт ва монанди паёмбарони улул-азм (паёмбароине, ки соҳиби китоб буданд) дорои китобе хоҳад буд, ки асосу усул ва куллиёти дин дар он нишон дода хоҳад шуд.

Мушаххасоти дини Ислом ва дигар динҳо

Фарқе ки миёни Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ва дигар шахсиятҳои осмонӣ вуҷуд дорад, ин аст, ки рисолати онон аз ҷиҳатҳое ва ё ҷиҳате, маҳдуд буд ва пайваста ва ҷовидонӣ набуд. Масалан онон барои уммат ва гурўҳи хоссе мабъус ва барангехта шуда буданд ва агар ҳам рисолати онон аз ин назар маҳдуд набуд, вале муддату замони рисолати онҳо комилан маҳдуд ва муваққат буд ва ҳаргиз онон муддаии рисолати ҷовидона ва набуввати абадӣ набуданд.

Гузашта аз ин  мўъҷизаи онон китоби осмонии онҳо набуд. Китобҳои онон фақат манбаи илҳомбахши дастурҳои Худо ба шумор мерафт. Аммо ин Паёмбари хотам на танҳо дини худро ҷовидони ва рисолати худро барои ҳамаи башар дар тамоми замонҳо нофиз ва лозим бар итоату пайравӣ донист, балки китоби осмонии ў бузургтарин санад ва далели набувват ва мадраки рисолати ҷовидонии вай ба шумор меравад.

Аз назари оварандаи ин дин, боз фарқи дигаре миёни ў ва дигар раҳбарони осмонӣ аст, ки вай зиндагии башарро аз ҷиҳоти моддӣ ва маънавӣ мавриди мутолиа қарор додааст ва ўро аз ҳар гуна ташреъ ва қонунгузорӣ дар заминаҳои сиёсат,  ахлоқ, иқтисод, усули иҷтимоӣ ва қазоӣ ва он чи башар дар зиндагии ҷисмӣ ва рўҳии худ ба он ниёз дорад аз роҳи китоби осмонӣ ва фармонҳои илоҳии худ бениёз сохтааст. Дар сурате, ки  як чунин ҷомеият аз назари моддӣ ва маънавӣ дар динҳои дигар мушоҳида намешавад.

Аз назари нуфуз ва густариши дини Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ дар миёни ҷомеаи мухталиф, ҳамин андоза кофист, ки яке аз бузургтарин динҳои рўи замин аст ва беш аз ҳаштсад миллион пайрав дорад ва ҳам акнун беш аз чиҳил ҳукумат ба номи ў ва дини ў ташкили ҳукумат дода ва бар бахши бузурге аз ҷаҳон ҳукумат мекунанд.

Оё дар ин сурат вазифаи як шахси мунсифе, ки пайвастаи ба ҳақиқат ва ҳақиқатхоҳ аст, ин нест, ки дар бораи ин дин ва оварандаи он, ба васеътарин таҳқиқ даст бизанад ва агар пайрави ин дин аст, пайравияш ҳамроҳ бо далелу мантиқ бошад. Ин ҳамон матлабе аст, ки мо дар баҳсҳои худ аз паи он ҳастем ва бо баррасӣ ва пайгирии хоссе аз роҳҳои гуногун дар ин бора ба баҳсу таҳқиқ мепардозем. Бо ин ки худ мусалмон ҳастем ва ифтихори пайравии ин динро дорем, аммо лозим медонем дар ин баҳсҳо аз усули илмии мусаллами рўз пайравӣ намоем ва қадам аз марзи ҳақиқат фаротар нагузорем.

Роҳи шиносоии паёмбарон

1-Нахустин роҳ барои шинохтани паёмбарони воқеӣ аз муддаиёни дуруғгў, ҳамон мўъҷиза ва умури хориқулоддаи паёмбар аст. Мўъҷиза аз ин ҷиҳат гоҳе барои исботи рост будани иддаои шахси муддаи аст, ки додани қудрат барои анҷоми корҳои хориқулодда ки аз тавоноии башар берун аст. ва касе ки ба дурўғ иддаои паёмбарӣ мекунад, муҷиби гумроҳии мардум аст ва бо ҳадафи Худованди ҷаҳон, ки ҳамон ҳидоят ва саъодати мардум аст созкор нест. Дар ин сурат, вуҷуди чунин қудрати хориқулодда, гувоҳ бар ростгўии паёмбар хоҳад буд.

2-Роҳи дигар ин аст, ки паёмбари пешин, ки набуввати ў бо далоили қатъӣ собит шудааст, бар набуввати паёмбари баъдӣ хабар диҳад ва ин хабари паёмбари қаблӣ бояд аз назари санад ва далолат он чунон қатъӣ ва сареҳ бошад, ки барои инсонҳои ҳақиқатҷў боиси яқин гардад.

3-Гирдоварии қаринаҳо ва шавоҳид.

Имрўз яке аз далоили қатъӣ дар маҳокими расмӣ, гирдоварии қаринаҳо ва шавоҳид аст, ки метавонад аз рўи моҷаро парда бардорад ва ҳақиқатро кашф кунад. Ва дар бораи устувории дини Ислом метавон аз ин роҳ низ истифода намуд ва қаринаҳо ва шавоҳиде дар зиндагӣ ва муҳитҳои даъват ва муҳити зист ва парвариш ёфтагони ў ба даст оварад ва аз ин роҳ, рост будани даъвати ўро ба воситаи қаринаҳои қатъӣ собит ва рашан намуд. Мо дар ин китоб набуввати Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳро аз нахустин роҳ пайгири мекунем. Ва баҳс дар ду роҳи дигарро ба китобҳои дигар вогузор менамоем.

Дарси дуввум

Қуръон мўъҷизаи ҷовидонии Паёмбар

Бар хилофи андешаи баъзе аз масеҳиён ва гурўҳе аз ғарбзадаҳои ҷомеаи исломӣ, ки истиқлоли фикрии худро дар баробари мактабҳои навзуҳури ғарбӣ аз даст додаанд, Паёмбари гиромии Ислом илова бар Қуръон, мўъҷизаҳои дигаре дошт  ва монанди паёмбарони гузашта ба корҳои шигифтангезе, ки наметавон онҳоро бо мавозин ва қонунҳои табиӣ тавҷеҳ кард, даст мезад.

Ин мавзўъро илова бар ин ки бархе аз оёти Қуръон таъид мекунад аз ду роҳи дигар низ метавон собит намуд.

1-Аҳодиси исломӣ, ки муҳаддисони бузург дар тамоми замону асрҳо онҳоро нақл намуда ва дар китобҳои ҳадис забт кардаанд ва теъдоду шумораи ин ҳадисҳо он чунон нест, ки битавон онҳоро ба баҳонаи ин ки қатъӣ нест рад кард, чун шумораи ровиёни ҳадис ба андозае аст, ки наметавон гуфт ин гурўҳ дар замони Паёмбари гиромӣ ва пас аз он барои сохтани ин ҳадисҳо ҳамоҳангӣ кардаанд ва ба соҳати Паёмбари гиромии Ислом дурўғ бастаанд.

2- Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ барои паёмбарони гузашта, мўъҷизотеро исбот намуда ва дар Қуръон аз онҳо ёд намудааст. Оё мумкин аст паёмбаре, ки худ ба чунин фазилати бузург барои онон эътироф мекунад ва худро хатмкунандаи паёмбарон ва бартарини онон медонад, дар мақоми дархост мўъҷизае монанди мўъҷизаҳои онон, изҳори аҷзу нотавонӣ кунад ва бигўяд, ки ман ҷуз Қуръон чизе надорам.

Оё мумкин аст табибе, ки худро саромади табибони замон дар риштае ва ё риштаҳо муаррифӣ кунад, вале дар муолиҷаи бемороне, ки марбут ба риштаи тахассусии худаш ҳастанд, изҳори нотавонӣ кунад.  Дар сурате, ки  дигар табибоне, ки дар дониш ва биниш ба пояи ў намерасанд қодир ба муолиҷаи он бошанд. Аз ин ҷиҳат бояд гуфт, ки Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ илова бар Қуръон дорои мўъҷизоти дигаре буда, ки ҳадис ва таърих аксари онҳоро забт намудааст.

Афсона ба ҷои мўъҷиза

Ҷои гуфтугў нест, ки имрўз баъзе аз ҷавонон аз шунидани лафзи “мўъҷиза” ваҳшат мекунанд ва мўъҷиза дар назари онон дар қатори афсонаҳо ва пиндорҳо қарор гирифтааст. Албатта ин матлаб сабабе дорад, ки яке аз онҳоро ки бо баҳсҳои мо робитаи мустақим дорад, ёдовар мешавем.

Иттилооти динии гурўҳе аз мардум махсус ба чизе аст, ки аз падарон ва модарон ва ё дарвешҳои маъракагир ва ё достонсароёни ноогоҳ ва бехабар шунидаанд. Ногуфта пайдост, ки ҳар гуна иттилооти динӣ дар бораи пешвоён,

аз чунин инсонҳои ноогоҳ ва бехабар сарчашма мегирад, ҷуз як мушт афсонаҳои кўҳна ва афсонаҳои рўъёӣ чизи дигаре нахоҳад буд. Пахш кардани чунин афсонаҳои дурўғине, ки ҳаргиз бо баррасии ақлӣ ва шаръӣ созгорӣ намекунад, ҷуз ин натиҷае нахоҳад дошт, ки мўъҷизоти саҳеҳ ва ҳақиқии авлиёи дин, фидо ва қурбонии ин гуна хаёлбофиҳо гардад. Дар ин ҷо бад нест, ки як намуна аз ин хиёлбофиҳоро ёдовар шавем.

Шаққ-ул-қамар (ду ним кардани моҳ) аз мўъҷизаҳои ростини Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ аст ва Қуръони маҷид бо сароҳати хоссе онро нақл мекунад ва аз назари илмҳои имрўз кўчактарин мушкиле надорад. Вале гурўҳе барои ин мўъҷиза, туҳматеро изофа кардаанд, ки чеҳраи воқеии онро бо ин туҳмати ботил, пушондаанд. Он ҷо, ки мегўянд: Моҳ ду ним шуд ва рўи замин фуруд омад ва ҳар ду ними он аз остинҳои Паёмбар берун омада бори дигар ба сўи осмон рафтанд ва дар он ҷо ба ҳам пайвастанд.

Ҳангоме ки чунин андешаи ботил ба як ҳақиқати ростин изофа шавад, дар зеҳни як ҷавони соддалавҳ, ки асли пазируфтани мўъҷизаҳои ростин барои ў холӣ аз мушкил нест, чӣ асари баде хоҳад гузошт.

Ин намунаро барои ин ёдовар шудем, ки аз ин ба баъд дар нақли мўъҷизаҳои Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ва пешвоёни бузурги Ислом роҳи эҳтиётро дар пеш бигирем ва то мавзўеро дар китоби саҳеҳе набинем ва ё саҳеҳ будани онро донишмандони бузург тасдиқ накунанд аз нақли онҳо худдорӣ намоем ва тасаввур накунем, ки бозгўии ин гуна матлабҳо мақому шахсияти ононро дар ҷомеа боло мебарад. Балки зиёни ин гуна афсонаҳо ва латмае, ки бар мақому шихсияти онон дар назари ҷавонон ворид мекунад беш аз фоидаҳои зудгузари онҳо аст.

Чаро Паёмбари Ислом бо Қуръон муборизталабӣ намуданд

Бо ин ки Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ мўъҷизаҳое ғайр аз Қуръон низ дошт, аммо бештар рўи Қуръон такя мекард ва дар исботи набуввати худ ба он истинод меҷуст ва пайваста мухолифонро ба мубориза ва овардани китобе мисли Қуръон даъват мекард. Ва акнун мўъҷизаи ҷовидонии Ислом ҳамон Қуръон аст, ки марзҳои замону маконро дарҳам шикаста ва монанди машъали фурўзон бар торикии асрҳову замонҳо медурахшад ва дар ҳар асру замоне санадест зинда ва оятест дурахшон ва далелест гўё бар осмонӣ будани дини Ислом.

Посухи як савол: Мумкин аст савол шавад, ки чаро Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ дар миёни мўъҷизаҳои худ рўи Қуръон такя мекард ва чаро ин мўъҷиза дар миёни мўъҷизаҳои ў дурахшандагии хоссе дорад. Ва ба иборати дигар чӣ хусусияте дар замони Паёмбар Акрам ва дар дар дини он ҳазрат вуҷуд дошт, ки аввалин рўзе, ки баргузида шуд, Худои Мутаол ўро бо ин мўъҷиза муҷаҳҳаз сохт? Ин саволе аст, ки бояд ба он ҷавоби қотеъ ва равшан дод.

Мўъҷиза бояд ҳамоҳанг бо фанни роиҷи замон бошад

Ҷавоби саволи худро бояд дар авзоъ ва шароити паёмбарон ва оварандагони мўъҷизаҳо ҷустуҷў кард. Чун шароити муҳити ҳар паёмбаре металабад, ки бо мўъҷизаи махсусе муҷаҳҳаз ва неруманд гардад ва дар саҳнаи мубориза бо равиши махсусе вориди кор шавад. Тавзеҳ ин ки шиносоии мўъҷиза аз он касоне аст, ки мўъҷизаи муддаии набувват бо фан ва раштаи тахассусии онон дар зоҳир робита дошта бошад, чун донишмандони ҳар фан ба хусусиёту рамзҳо ва резакориҳои он, иҳотаи комил ва ошноии саҳеҳ доранд ва бар асари ин ташхис, аз дигарон зудтар имон оварда ва бар тасдиқи муддаии набувват бармехезанд.

Вале дарҳои шак ва тардид доим ба рўи инсонҳои ғайри ворид боз аст. Онҳо то вақте ки ба усули фанне, ки мўъҷиза бо он монандӣ дорад мусаллат набошанд, ҳаргиз наметавонанд мустақиман ҳақро аз ботил, мўъҷизаро аз сеҳру ҷоду ва санъатро аз мўъҷиза ҷудо созанду фарқ гузоранд.

Дар замони ҳазрати Мўсо алайҳис-салом ҷодугарӣ ба авҷи қудрат расида буд. Ва ҷодугар дар миёни мисриён фаровон буд, аз ин сабаб Худованди Мутаол набуввати ҳазрати Мўсоро бо Асо ва Яди Байзо ҳамроҳ сохт то ҷодугарон, ки ба ҳудуд ва хусусиёти ҷоду ва фарқи он бо мўъҷиза беш аз дигарон огоҳӣ доштанд, дар ин бора биандешанд ва доварӣ кунанд, ки мўъҷизаҳои нўҳгонаи Мўсо аз ҳадду маҳдудаи ҷоду берун буда ва дар дараҷае аст, ки аз марзи қудрату неруи башарӣ хориҷ мебошад. Ва агар тамоми мутахассисони фанни ҷоду донишу биниши худро рўи ҳам гирд оваранд, наметавонанд ба муборизаи он бархезанд. Бинобар ин бурҳони набуввати Мўсо аз навъи ҷоду намебошад ва ҳақиқате ғайр аз ҷоду дорад. Аз ин ҷиҳат ҷодугарон бидуни ин ки аз хашму ғазаби Фиръавн битарсанд, имони худро ба паёмбарии ҳазрати Мўсо алайҳис-салом эълон карданд.

Дар замони ҳазрати Исо тибби Юнонӣ ривоҷ дошт ва табибони замони вай дар кишвари Юнон ва мустаъмароти он монанди Сурия ва Фаластин табобатҳои шигифтангезе анҷом медоданд. Аз ин ҷиҳат ирода ва хости ҳакимонаи Худованди Мутаол бар ин тааллуқ гирифт, ки далели паёмбарии ҳазрати Исоро чизе қарор диҳад, ки аз назари зоҳир монанди фанни ривоҷёфтаи он замон бошад. Ба ҳамин сабаб рисолату даъвати ўро бо корҳои шигифтангезе монанди шифо додани бемороне, ки илоҷи онҳо сахт ва мушкил аст ҳамроҳ сохт, ки донишмандон ва мутахассисони фанни тибби он замон ҳукм ва қазоват кунанд, ки корҳои ў аз ҳудуди тавоноии башар берун аст ва робитае бо фанни тиб надорад, балки ў дар ин кор аз неруи мофавқи табиат кўмак мегирад.

Фанни роиҷ дар нимҷазираи Арабистон

Араби ҷоҳилият дар фанни фасоҳат ва балоғат дар иншои хутбаҳои фасеҳ ва балиғ ва сурудани шеърҳои равон ва ширин, бар миллатҳои дигар бартарӣ дошт. Дар фанҳои адаб ба олитарин дараҷа расида буд ва барои мусобиқа дар фанни шеър ва хитоба муҳофиле тартиб медоданд ва ҳар сол гўяндагон ва шоирони онон дар бозорҳои муайян барои эроди сухан ва шеъри фасеҳ ва балиғ гирди ҳам ҷамъ  мешуданд ва барандагони мусобиқа аз тарафи ҷомеаи араб мавриди тақдир ва ташвиқ қарор мегирифтанд.

Инояти онон, ба мавзўи шеъри фасеҳ ва балиғ ба ҳадде расида буд, ки аз миёни шеърҳои даврони ҷоҳилият ҳафт қасидаро аз беҳтарин шеърҳои араб интихоб намуда ва онҳоро бо оби тилло рўи порчаи катони навишта ва ба девори Каъба овехта буданд.

Яке аз ин мусобиқот дар маросими ҳаҷ дар бозори Укоз анҷом мегирифт ва ягона довари мусобиқа нобиға Зебёнӣ буд, ки барои ў хаймаи сурхранге аз чарм мезаданд ва шоирони араб аз минтақаҳои мухталифи Арабистон дар он ҷо ҷамъ мешуданд ва шеърҳоеро, ки дар тўли сол суруда буданд  дар ҳузури ў ва гурўҳе аз мардум мехонданд.

Аз ин ҷиҳат хости ҳакимонаи илоҳӣ бар ин тааллуқ гирифт, ки паёмбари худро бо силоҳе муҷаҳҳаз созад, ки онон худро дар он мавзўъ саромади рўзгор медонистанд то дар партави фикр дар балоғати Қуръон, ширинии баён ва ҷозибаву кашиши оёти Худо, иқрор намоянд, ки ин гуна сухан гуфтан аз ҳудуди тавоноии башар берун буда ва имкони чунин сухан гуфтан ҷуз бо кўмаки неруи ғайбӣ, барои касе муяссар нест.

Посухе, ки дар ин ҷо оварда шуд машруҳи гуфтори Имом Ҳодӣ алайҳис-салом аст дар ҷавоби саволи донишманди барҷастае ба номи Ибни Сиккит, ки пешвои луғат ва адаби араб дар замони худ буд.

Инак матни саволву ҷавоб

Чаро Худованд Мусо ибни Имронро бо Асо ва Яди Байзо ва корҳое, ки монанди амалҳои хориқулоддаи соҳирон буд барангехт ва ҳазрати Исоро бо табобат ва шифои беморон ва ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳро бо калом ва сухани хориқулодда ба сўи мардум фиристод?

Имом дар ҷавоби ў чунин фармуданд: Ҳангоме ки Худованд ҳазрати Мусоро ба рисолат барангехт фанни ровоҷёфта дар замони ў сеҳр буд. Ў аз тарафи Худои Мутаол мўъҷизаҳое монанди фанни роиҷи он замон овард, ки муқобила бо он дар он замон барои касе мумкин набуд. Ва бо мўъҷизаҳои худ сеҳрҳои соҳиронро ботил сохт ва ҳуҷҷатро бар онон тамом кард.

Вақте ҳазрати Исо барои ҳидояти мардум аз ҷониби Худои Мутаол мабъус гардид, табобат ва илми тиб равнақи ба сазое дошт. Ў аз ноҳияи Худованд бо мўъҷизаҳое монанди фанни роиҷи замони худ барангехта шуд, ки касеро муқобила бо он мумкин набуд. Ў бо зинда кардани мурдагон ва бахшидани шифо ба нобиноёну беморони мубтало ба песӣ, ҳуҷҷатро бар миллати он замон тамом намуд.

Вақте ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ аз тарафи Худо мабъус гардид суханронӣ ва иншои каломи фасеҳ ва балиғ, фанни ривоҷёфтаи замони ў буд. Ў аз ҷониби Худои Мутаол барои онон насиҳатҳо ва ҳукм ва мавъиза овард, ки муқобила бо он дар имкони мардуми он замон набуд. Мавъизаҳову насиҳатҳои худро дар қолиби каломи фасеҳ ва балиғ рехт ва ҳуҷҷатро ба василаи бартарӣ ва имконнадоштани овардани каломе мисли он, бар онон тамом намуд ва қавли ононро ботил сохт. ( Усули кофӣ ҷ.1.с.24-25. Ибни Сиккит аз устувонаи адаб дар замони Мутаваккили Аббосӣ ва муаллифи китоби “Ислоҳ-ул мантиқ” мебошад. Вай бар асари барҷастагие, ки дар адаби арабӣ дошт аз тарафи халифа барои тадрис ва таълиму тарбияти “Мўътаз ва Муайяд” писарони Мутаваккил интихоб шуда буд. Рўзе Мутаваккил вақти дарс ворид шуд ва аз устод пурсид, ки фарзандони маро бештар дўст дорӣ ё Ҳасану Ҳусайнро? Вай дар посух гуфт: Ман Қанбар ғуломи Алиро бо худи ту ва писаронат иваз намекунам! Ва боз пурсид: Ману писаронам назди ту беҳтар ҳастем ё Алӣ ва Ҳасану Ҳусайн? Вай дар ҷавоб гуфт: Қанбар хидматгузори Алӣ аз ту ва писаронат беҳтар аст. Мутаваккил дастур дод, ки забони ўро аз қафо берун оваранд, сипас бо дастури Мутаваккил

ғуломонаш ўро зери по андохтанд ва лагадмолаш карданд ва фардои он рўз панҷуми Раҷаби соли 243 ў аз дунё даргузашт ва вафот кард).

Дарси севвум

Имтиёзҳои дигари Қуръон

1-Қуръон василаи ҳидоят ва тарбият аст

Яке дигар аз имтиёзҳои Қуръон ин аст, ки ин китоби осмонӣ илова бар ин ки далел бар ростгўии оварандаи он аст, мутакаффили ҳидояту тарбият ва роҳнамоии пайравони худ ба охирин дараҷаи камоли инсонӣ аст. Ва ин бартарӣ ва имтиёз дар мўъҷизоти паёмбарони гузашта вуҷуд надорад. Масалан Асои Мўсо ва шифо бахшидани ҳазрати Исо, фақат бурҳони маҳкам барои ростгўии онон буд, вале дигар умматро ба сўи фазоили ахлоқӣ ва маорифи баланди ақл, ба сўи воҷибот ва фароизи илоҳӣ роҳнамоӣ намекард. Вале мўъҷизаи ҷовидонаи Паёмбари Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ илова бар ин ки гувоҳе бар ростгўии ўст, бузургтарин роҳнамои уммат ба сўи маорифу ахлоқ ва аҳком аст.

Ба иборати дигар мўъҷизаи паёмбарони пешин, ҷанбаи ҷисмонӣ дошт. Масалан мўъҷизаи онон мурдаро зинда мекард, беморонро шифо мебахшид таоме аз осмон фурў меовард, аммо дигар ин мўъҷизаҳо, бо дилу ҷони пайравони худ сару коре надошт. Рўҳу равони ононро бо калимоти ҳакимона ва маънавияти бузург пок намекард ва фикрҳову ақлҳои онҳоро барои андеша ва фикр, барои ибодат ва парастиш барои хузўъ ва кўчакӣ дар баробари Худои Мутаол барнамеангехт, магар ин ки ба суханони оварандаи онҳо гўш фаро диҳанд ва бо ҳамроҳ кардани ҳар ду ба ҳам, ба ҷаҳони ғайб тавҷҷўҳе пайдо кунанд. Дар ҳоле ки Қуръон бо мағзҳо ва андешаҳои мутафаккири инсонӣ ва арвоҳи пок, робитаи мустақим дорад ва бо маънавияти баланд ва маорифи шигифтангез ва фармонҳои ахлоқии худ ҷомеаро ба сўи камоле, ки ба даст оварданаш мумкин аст, равона мекунад.

Қуръон, ҳамон мураббӣ ва тарбияткунандаи бузурге аст, ки араби ситамгару саркаш ва олуда ба сифатҳои зиштро ба сўи тақвову адолат ва покӣ раҳбарӣ намуд. Қуръон дар муддати кўтоҳе аз ин миллати бутпарасту ҷоҳил, ки пайваста ба ҷои таҳсили илму дониш ва поксохтани рўҳ, ба ҷангҳои дохилӣ ва фахрфурўшиҳои ҷоҳилӣ мепардохтанд, миллат ва мардуме сохт, ки аз назари маориф ва фарҳангу таърих ва ахлоқи иҷтимоиву шахсӣ дорои азамати хоссе шуданд.

Мутолиаи таърихи Ислом ва аз худ гузаштагиву фидокории тарбиятёфтагони мактаби Қуръон, дар роҳи пешбурди ҳадафҳои олии ин дин, моро аз овардани ҳар гуна далелу бурҳони фаннӣ бениёз месозад.

Имтиёзи дуввум

Имтиёзи дигари Қуръони маҷид ин аст, ки дар ҳар замон муаррификунандаи худ аст ва ҳаргиз лозим нест, ки оварандаи он ҳамроҳаш бошад. Ин китоб дар ҳар асру замон мардумро ба паёмбарии Расули гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ даъват намуда ва бар ҳаққонияти он ҳазрат истидлол мекунад ва ҳамаи ҷаҳониёнро ба муқобила ва овардани монанди худ даъват мекунад ва сипас фармони маҳкумият ва нотавонии ҳамаро содир карда ва аз майдони мубориза бо пирўзӣ берун меравад. Дар сурате, ки  мўъҷизаҳои паёмбарони пешин дорои чунин имтиёзе набуданд. Бузургтарин имтиёзи онон ин буд, ки комилкунандаи гуфтори паёмбарон ва оварандагони худ буданд.

Имтиёзи севвум

Имтиёзи севвуми Қуръон ин аст, ки аз соддатарин мавзўъ истифода кард ва ба василаи он муборизталабӣ кард ва бо силоҳе вориди майдон шуд ва бар ҳама пирўз гашт, ки дар ихтиёри ҳамаи мардуми ҷаҳон қарор дошт. Магар на ин аст, ки тамоми оёти Қуръон аз алфозе ташкил шудаанд, ки хамирмояи он ҳамон ҳарфҳои алифбо аст, ки дар ихтиёри ҳама қарор дорад. Магар на ин аст, ки осонтарин ва соддатарин чиз барои мардуми ҷаҳон, ҳамон сухангуфтан аст? Ва шояд барои башар чизе осонтар аз сухангуфтан набошад. Бо ин ҳама, Қуръон аз ҳамин ҳарфҳо ва алифбо, аз ҳамин калимаҳо ва лафзҳо муваффақ ба гуфтани каломе шуд, ки ақлҳои балиғони араб ва фикрҳои сухансозони ҷаҳонро баҳайрат даровардааст ва то кунун, ки 14-аср аз даъват ба муқобила ва овардани сурае монанди он мегузарад, маҳофили илмии башар, хатибон ва сухансозони ҷаҳон натавонистаанд сурае монанди яке аз сураҳои кўтоҳи онро биоваранд.

Ба иборати дигар ин гуна мўъҷизаҳо ба монанди мўъҷизаҳои Мўсо ва Исо нест, ки ниёз ба иттилоот ва маълумоти хоссе дошта бошад то оварандаи онро ба доштани маълумоти хоссе муттаҳам созанд, чун сухан гуфтан ва сохтани калом ва ин ҳарфҳо аз корҳои фитрии ҳамаи мардум аст. Агар сухан гуфтан ва шеваи гуфтори Қуръон дар ҳудуди тавоноии башар буд бояд лоақал бештари мардум битавонанд бо он мубориза кунанд. Чун суханони Қуръон на дорои ҳарфҳои махсусе буд, ки дар ихтиёри ҳамагон набошад ва на сохтани калом аз ин ҳарфҳо кори мушкиле буд, ки аз уҳдаи инсонҳо хориҷ бошад. Барои чунин имтиёзҳо буд, ки шеваи мўъҷизаҳои Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ бо дигар паёмбарон тафовут ва фарқ пайдо кард.

Дарси чаҳорум

Мўъҷиза чист ва шароити мўъҷиза

1-Мўҷиза чист?

2-Шароити мўъҷиза кадом аст?

3-Оё ин шартҳо дар Қуръон вуҷуд дорад?

Ҳақиқати мўъҷиза ҷуз ин нест, ки муддаии набувват кори хориқулоддае анҷом диҳад ва дигаронро барои мубориза ва муқобила бо он даъват кунад ва онон аз мубориза бо он нотавон ва оҷиз бошанд. Дар ин таърифи кўтоҳ барои мўъҷиза, ҳад ва шартҳое гуфта шуда, ки ҳамагӣ дар бораи Қуръон муҳаққақ мебошад.

1-Иддаои паёмбарӣ

Зарурат ва оёти зиёде аз Қуръон гувоҳӣ медиҳад, ки Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ худро паёмбари осмонӣ хонда то он ҷо, ки худро охирин ва хатмкунандаи паёмбарон муаррифӣ намудааст.

Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ бо фармони Худои Мутаол, ҷаҳониёнро бо ҷумлаи зер, мавриди хитоб қарор дода фармуд:

قل يا أيها الناس إنی رسول الله اليکم جميعاً.

“Бигў эй мардум ман фиристодаи Худо ба сўи ҳамаи шумо ҳастам. (Сураи Аъроф ояти-58)

Бинобар ин аввалин шарти мўъҷиза, ки ҳамон иддаои паёмбарӣ аз ҷониби Худованд аст, дар бораи Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ муҳаққақ буда ва ҳеҷ ҷои шакке дар он нест.

2-Даъват ба муқобила

Паёмбари гиромии Ислом аз аввалин рўзе, ки набувват ва паёмбарии худро эълон намуда ва далели набуввати худро китоби осмонӣ муаррифӣ кард, ҳамаи ҷаҳониёнро барои муқобила ва овардани китобе ва ё сурае монанди сураҳои Қуръон даъват намуд. На танҳо ононро даъват ба муқобила кард, балки ононро барои мубориза ташвиқ намуд ва дар даъват ба муқобила ва овардани сурае монанди сураҳои Қуръон рамзҳоеро ба кор бурд, ки рўҳи ҳамосӣ ва муборизаҷўии ононро ба ҳаракат даровард то ба фикри мубориза ва овардани китобе ва ё сурае монанди он биафтанд ва баъд аз аҷзу нотавонӣ мутмаин шаванд, ки ин каломи махлуқ ва ба вуҷудовардаи андешаи башар ва офаридаи қувваҳои маҳдуди башар нест. Қуръони маҷид аз роҳҳои гуногуне ононро барои овардани китобе мисли худ таҳрик ва ташвиқ кард.

Барои нахустин бор дар муҳити Ҳиҷоз, ки маркази сухан ва хондани шеъру адаб буд ва аз устодони сухан ва балоғат мавҷ мезад, эълон кард, ки агар ҷаҳониён ҷамъ шаванд, ки китобе монанди Қуръон биоваранд, наметавонанд ҳар чанд ҳама ба кўмаки якдигар биштобанд. (Исроъ ояти-88)

قل لئن اجتمعت الإنس والجن على أن يأتوا بمثل هذا القرآن لا يأتون بمثله ولو كان بعضهم لبعض ظهيراً. (اسراء-88)

Нуктаи ба ҳаракатдароваранда дар оят ин аст, ки на танҳо араби замони Паёмбарро даъват ба мубориза намуд ва аз нотавонии онҳо хабар дод, балки ҳамаи ҷаҳониёнро то рўзи қиёмат ба майдони мубориза талабид ва аз аҷзу нотавонии ҳамаи ҷаҳониён то рўзи қиёмат хабар дод.

Ба таври мусаллам як таъбири ҳамосӣ, шўре дар миёни араб ва миллатҳои араб бармеангезад ва барои ҳифзи мақом ва ҷойгоҳи худ ночор мешавад, ки ба по бархезад ва китобе монанди китоби ў биоварад.

Ў дар мартабаи дуввум, барои ба ҳаракат даровардани устодони сухан ва пайафканони фасоҳат ва балоғат, барои муқобила ва мубориза, шеваи талаб ба муборизаро иваз кард ва гуфт: “На танҳо шумо наметавонед китобе монанди Қуръон биоваред балки ҳамаи шумо нотавонтар аз он ҳастед, ки даҳ сура монанди сураҳои Қуръон биоваред”. (Сураи Ҳуд ояти-13).

ام يقولون افتراه قل فأتوا بعشر سور مثله مفتريات وادعوا من استطعتم من دون الله ان كنتم صادقين

Чӣ таҳрик ва ташвиқе болотар аз ин мешавад, ки дар мартабаи севвум шароити муборизаро то ҳадде кам кард, ки ҳозир шуд ҳамаи мардум танҳо як сура аз сураҳои саду чаҳордаҳгонаи Қуръонро биоваранд. Ва аз тамоми ҷаҳониён барои сохтани чунин сурае кўмак бигиранд. Сипас ҳушдор дод, ки ҳамагӣ бидонанд агар ҳамаи дониш ва биниши худро рўи ҳам гирдоваранд нахоҳанд тавонист ҳатто бо сурае аз сураҳои Қуръон муқобила кунанд. (Сураи Бақара-23)

وإن كنتم في ريب مما نزلنا على عبدنا فأتوا بسورة من مثله وادعوا شهداءكم من دون الله ان كنتم صاديقين. (بقرة-23).

3-Нотавонии мардум аз муқобила

Севвумин шарти мўъҷиза ин аст, ки мардуми ҷаҳон аз муқобила бо он нотавон шаванд ва ин шарт низ ба гунаи равшан дар бораи Қуръон муҳаққақ мебошад, чун 14-аср аст, ки ин нидоҳои маҳкам ва устувор, он ҳам ҳамроҳ бо эълони нотавонии мардум ба овардани мисли он ва таҳқири онҳо, дар гўши ҷаҳониён танинандоз мебошад ва то кунун касе натавонистааст қадаме дар майдони мубориза бигузорад ва агар ҳам касе аз рўи ғаразе ба фикри муқобила бо Қуръон афтода бошад, ғайр аз расвоӣ натиҷаи дигаре надоштааст. Агар мубориза бо Қуръон дар тавони миллати араб буд, лозим буд бо кўмакҳои бедареғонаи нобиғаҳои фасоҳат, ки вуҷуди онҳо дар он замон кам набуд, ба нидои Қуръон ҷавоб мододанд ва ҳуҷҷату далели ўро мешикастанд.

Оре, шоиста буд бо овардани як сураи балиғ ба монанди сураҳои Қуръон бо ў ба мубориза бархезанд ва далели муддаиро, ки дар мавзўе бо онҳо ба мусобиқа ва мубориза бархестааст, ки боризтарин фанни онҳо ба шумор меравад, бо овардани монанди он, далелу бурҳони ўро аз кор биандозанд ва бо ин васила дар саҳифаҳои таърих барои худ пирўзии равшан ва номи ҷовид ва шарофату мартабаи баланд сабт намоянд. Ва бо ин силоҳи содда вале дар айни ҳол бурранда, худро аз ҷангҳои кубанда ва сарфи мол ва тарки ватан ва қабули сахтиҳо ва ҳодисаҳои ногувор наҷот диҳанд. Вале медонед чаро араб аз ин роҳи содда ва бедарди сар вориди мубориза нашуд, чун араб дар балоғати Қуръон фикр кард ва мўъҷиза будани онро дарк намуд ва фаҳмид, ки агар бихоҳад бо он ба мубориза бархезад ғайр аз шикаст чизе ба дасташ намеояд. Аз ин ҷиҳат гурўҳе аз онҳо даъвати Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳро қабул карданд ва дар муқобили даъвати Қуръон сари таъзим фуруд оварданд ва ба дини Ислом мушарраф шуданд.

Вале гурўҳе роҳи душманиро пеш гирифтанд ва муқобила бо шамшерро бар муқобила бо ҳарфҳо бартар диданд ва мубориза бо найзаҳоро бар мубориза бо баён ихтиёр намуданд, вале ин аҷзу нотавонӣ ва муқовимати сарсахтона дар баробари даъвати Қуръон, бузургтарин гувоҳ ва далел аст, ки Қуръон ваҳйи илоҳӣ аст ва муқобила бо он аз қудрату тавоноии башар хориҷ мебошад. Ва мо дар оянда дар бораи ин матлаб муфассал сухан хоҳем гуфт ва аҷзу нотавонии ҷаҳониёнро ба равшанӣ собит хоҳем намуд.

Дарси панҷум

Мўъҷиза будани Қуръон аз назари фасоҳат ва балоғат

Ду имтиёзи бузурги Қуръон

1-Зебоии лафзҳо

2-Азамати маъноҳо

Баррасии сабабу иллати мўъҷиза будани Қуръон аз баҳсҳои муҳимми набуввати хосса ва набуввати Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳро ташкил медиҳад. Баёни сабабҳои бартарӣ ва имтиёзи Қуръон бар китобҳои дигар дар тавони китоби мустақилле аст, ки донишмандони бузурги исломӣ дар бораи он китобҳое навиштаанд. Ин китоб аз ҷиҳатҳои гуногуне мўъҷиза аст ва аз ин ҷиҳат то кунун башаре натавонистааст ба муқобилаву муборизаи он бипардозад.

Акнун бояд дид, ки иллати мўъҷиза будани Қуръон аз дидгоҳи араби он замон чӣ буда ва аз миёни имтиёзҳои зиёде, ки Қуръон дорад кадом яке аз онҳо назари онҳоро ҷалб намуда буд. Равшантар бигўем, донишмандон, Қуръонро аз ҷиҳатҳои мухталиф мўъҷиза медонанд, монанди фасоҳату балоғат, хориқулодда будан, дорои қавонини маҳкам ва устувор, хабарҳои ғайбӣ, ақоид ва идеоложиҳои мазҳабӣ ва ... Он чӣ ҳозир муҳим аст ин аст, ки равшан шавад, ки кадом як аз инҳо назари араби он замонро ҷалб намуд ва онон аз хитоби Қуръон, “бархезед мислу монанди Қуръонро биоваред” чӣ фаҳмиданд ва мислу монандро дар хитоби ёд шуда чӣ гуна тафсир карданд.

1-Зебоии лафзҳо

Ҷои шак нест, ҳангоме ки араби он замон оёти илоҳиро аз забони Паёмбар шуниданд, ногаҳон бо сухани нав ва каломи тозае, ки на шеър аст ва на наср, вале оҳанге зеботар аз шеър ва баёне расотар аз наср дошт рў ба рў шуданд, кӣ ҳаргиз сухане ба монанди он нашнида буданд. На танҳо шеваи сухан аз ҳар назаре нав буд, балки шунидани он калом барои онон ончунон лаззатовар ва шигифтангезу ҳайратовар буд, ки ҳеҷ каломе аз шеър ва наср бо он қобили қиёс набуд. Лафзҳову луғатҳои он ба гунае интихобу гулчин шуда ва бамавқеъ ва бамаврид ба кор бурда шудааст, ки тааҷҷуб ва шигифтии ҳамаи арабро бармеангехт ва ҳамаро дар баробари оҳангҳои тоза ва ҷаззоб ва ҷумлабандиҳои зариф ва равиши мумтози худ сокит мекард. Онҳо бо завқи табиӣ ва фитрати арабии худ дарёфтанд, ки Қуръон шеър нест, ки пойбанди вазну қофия бошад, насри озод нест, чун озодии беқайду шарти насрро надорад ва дар айни ҳол дар банди қофия нест ва аз шартҳое, ки нависандагон барои насри қофиядор  гуфтаанд, озод аст, (Агар мегўем Қуръон дорои қофия нест, мақсуд ду хел қофия аст, 1-қофияе, ки дар суханони коҳинон вуҷуд дошт ва намунаи он суханони коҳине, ки маъруф аст ба Сатеҳ. 2-Қофияҳое, ки нависандагони замони аббосӣ ба он пойбанд буданд ва намунаи он, мақомоти Ҳурайрӣ ва мақомоти устоди ў Ҳамадонӣ аст, вагарна дар оёти Қуръон қофияи матлуб фаровон аст, ки дар истилоҳ ба он фавосил мегўянд) вале оёти Қуръон дар пайвастагиву гусастагӣ, дарозӣ ва кўтоҳӣ дорои равиши махсусе аст, ки дар ҳеҷ каломе монанд ва назири он дида нашудааст. Ширинии баён ва зебоии лафзҳо ва умқи маонӣ ва ҷозибаву кашиши калимаҳо ва ҷумлаҳои он матлабе буд, ки араби саҳроӣ, ки дар оғўши табиат бузург шуда буд ва истеъдоди вай ба ҳеҷ ваҷҳ дастнахўрда буд, онро дарк мекард ва ба истилоҳ мечашид. Агар чӣ ба баёни қисмате аз он чи аз зебоӣ ва ҳаловати Қуръон дарк мекард қодир набуд, аммо дар даруни дил эҳсос мекард, чунин сухане ба ин ҷозибаву кашиш нашунида ва ҳаргиз қодир нест, ки назири онро биёварад. Дарки зебоии калом ва ширинии баён ва расоии таъбир ва ҷозибаву кашиши сухан аз умури чашиданӣ аст, на гуфтанӣ ва монанди ғамгин будани маъшуқ аст, ки ошиқи дилдода онро бо чашми дил мебинад, вале наметавонад онро ба риштаи баён дароварад.

Дар забони форсӣ низ ҳамин матлаб ҳукмфармост. Инсон дар баррасӣ девони шоире ба шеърҳое бармехўрад, ки аз назари ҳаловат ва ширинии ҷозибаву кашиш, дар сатҳе қарор дорад, ки бар дигар шеърҳояш бартарии ошкор дорад, ҳарчанд инсон натавонад нуктаи бартарии онро дарк кунад, аммо бо завқи Худододӣ метавонад бар бартарии он воқиф гардад инак як намуна.

Хоҷа Абулқосими Фирдавсӣ дар бораи аҳамияти илму дониш шеъри маъруфе дорад, ки ҳамагон онро ҳифз дорем он ҷо, ки мегўяд:

Тавоно бувад ҳар ки доно бувад,

Ба дониш дили пир барно бувад.

Акнун шумо ин шеърро бо ду байти дигари шоҳнома, ки дар бораи қудратнамоии яке аз қаҳрамонони Эронзамин сурудааст, муқоиса намоед, ки зебоиву ширинӣ ва ҷозибаву кашиш аз они кадом аст он ҷо ки мегўяд:

Ба рўзи набард, он Яли арҷманд,

Ба теғу ба тиру ба гурзу каманд.

Буриду дариду шикасту баст,

Ялонро сару синаву пову даст.

Бартарии ин ду шеър бар он байт, балки бар тамоми шеърҳои ҳамосии шоҳнома ба ҳадде аст, ки ин ду байт дар миёни шаш ҳазор байти шоҳнома монанди машъали фурўзон медурахшад. Бо ин васф афроди ғайри ворид дар фанни балоғат, наметавонанд сабабҳои балоғат ва бартарии ин ду байтро таҷзия ва таҳлил намоянд, агар чи онро бо завқу фитрати худ дарк мекунанд.

Дуруст аст, ки уламои адаб барои фанни балоғат мавозин ва қавонине истихроҷ карда ва сабабҳои балоғат ва бартарии каломе бар каломи дигар дар қолиби як ришта қавоид рехтаанд, аммо араби он замон бо нузули Қуръон, ҳамаи ин нукотро бо завқи саршор ва фитрати дастнахўрдаи худ дарк мекард ва эҳсос менамуд, ки равиши сухан гуфтани Қуръон ба гунае аст, ки бо он чӣ то акнун шунида ва гуфтаанд, фарқи зиёде дорад ва зебоии зоҳир ва ширинии баёни онро ҳеҷ каломе надорад. Ин аз назари зоҳири Қуръон аст.

Азамати маонӣ

Ҳамон гуна ки араби ҷоҳилӣ дарк мекард, ки ин калом аз назари зебоӣ дар дараҷае аст, ки бо он чӣ то акнун шунида қобили қиёс нест.

Шеърҳои даврони ҷоҳилӣ ва суханони суханварони онон ҳамагӣ дар бораи матолиби бисьёр мубтазал ва паст давр мезад, меҳвари сухани фасеҳони араб ва гўяндагони балиғи онон чашму абру ва лабу чеҳраи маъшуқа ва осори диёру хайма ва ғайра будааст.

Шоирони ҳамосии онон дар бораи ҷангу ғоратгарӣ ва кушту куштори худ ва қабилаи худ, сухан мегуфт ва гурўҳи аз худ розӣ, ки ба молу сарвати худ ифтихор меварзиданд, дар базлу бахшиши худ ва бо раиси қабилаи худ, доди сухан медоданд.

Олитарин осори адабӣ ва фикрие, ки аз адабиёти даврони ҷоҳилият ба ёдгор мондааст, ҳамон қасидаҳои ҳафтгона аст, ки онҳоро бо оби тилло навишта ва ба девори Каъба овехта буданд ва ҳам акнун тамоми ин қасидаҳо дар ихтиёри мо ҳаст. Дар тамоми ин қасидаҳо як нуктаи ахлоқӣ ва як фикри иҷтимоӣ вуҷуд надорад.

Хулоса араби ҷоҳилӣ аз ҷиҳоте дар бораи Қуръон ангушти тааҷҷуб ба дандон мегирифт ва дар ҳайрати амиқ фурў мерафт ва он ҷиҳатҳо иборатанд аз:

1-Ў бо завқи саршори худ дарёфт, ки зебоии лафз ва шивоии равиш ва ҳамоҳангии оёт, комилан бе собиқа аст ва симои зоҳирии он на монанди шеър аст, чун холӣ аз вазн ва қофия аст. Гузашта аз ин дар он хаёлҳои шеърӣ вуҷуд надорад  ва на монанди наср аст, ки аз ҳар гуна қайде холӣ ва дур бошад, балки дорои инсиҷом ва фавосили хоссе аст, ки ўро аз доираи насри маъруф берун бурдааст.

2-Қуръон матолиберо арза медорад, ки ҳеҷ гоҳ дар қасидаҳо ва хутбаҳои араб вуҷуд надошт ва ҳаргиз аз паи васфи харобаву хонаи маъшуқа ва шавқ ба дидори дўстон ва баёни хусусиёти шутуру асб нест ва муҳтавиёти он аз ғазалсароӣ ва ситоиши афрод ва ё баёни мусибатҳои ашхос пиростааст. Дар бораи зан ва айшу нуш ва кўчидани корвон ва бодаву соғар сухан намегўяд ва ҳаргиз монанди шоирон дар маҳдудаи хоссе баҳс намекунад. Ин китоб дар бораи Худо ва сифот ва сароғозу саранҷоми башар ва зиндагии умматҳои деринае, ки бар асари туғён ва нофармонӣ гирифтори хашму ғазаби илоҳӣ гардидаанд ва ...сухан мегўяд.

3-Қуръон бо алфози зебое аз маонии комилан муносиб бе ин ки лафзро фидои маъно ва ё маъноро фидои лафз намояд, бо равиши комилан мумтоз ва зебо таъбир мекунад.

4-Ҳар гоҳ шоире ва ё нависандае иборате ё достонеро такрор кунад, лафз ва зебоии калом, бар асари такрор аз байн меравад, вале Қуръон гоҳе бо иборатҳои фишурда ва гоҳе густарда, аз саргузашти Паёмбар ё аз сифоти саршавии хилқат ва хусусиёти қиёмат ба гунае мукаррар сухан мегўяд ва ҳаргиз латмае бар латофату зебоии ў ворид намегардад.

5-Дар миёни хутбаҳои хатибон ва қасидаҳои шоирон, гоҳе ҷумлаҳо ва байтҳое дурахшандагии хоссе пайдо карда ва худнамоӣ мекунанд ва аз миёни шеърҳо, як қасида ва ё ҷумлаҳои як суханронӣ чанд байт ва ҷумлае арзиши ҳунарӣ ва шеърӣ доранд ва боқимондаи онҳо мубтазалу паст ва пеши по афтода мебошанд. Аммо Қуръон бо он густариш, тамоми оёташ дар дараҷаи олӣ ва хориқулодда қарор дорад. Кофӣ аст, ки дар ин бора назаре ба достони Юсуф, ки дар сурае муфассал баён шудааст биафканем, ки тамоми оёти он дар дараҷаи аълои фасоҳату балоғат қарор дорад.

6-Ин китоб маонии бисьёр бузургро дар қолиби лафзҳои кўтоҳе рехта ва ба тарзи бадеӣ баён мекунад. Кофӣ аст дар ин бора Оятал-курсӣ ва оёти аввали сураи Ҳадидро мулоҳиза намоем. Дар ин оят ва ё дар оёти аввали сураи Ҳадид як ҷаҳон ҳақоиқи фалсафӣ ва маорифи ақлӣ баён шудааст, ки азамат ва густариши маонӣ ва эъҷози ҷумлаҳо тааҷҷуби инсонҳоро бармеангезад.

7-Ин китоб мекўшад башарро бо офариниши ҷаҳон ва асрори олами ҳастӣ ва фазоили ахлоқӣ ва разоили нафсонӣ  ва ҳалолу ҳаром ошно созад. Ва пайваста мехоҳад, ки ўро муътақид созад ва бовар кунонад, ки марг поёни зиндагӣ нест.

Хатибону балиғони араби он замон зери таъсири  бартарии равиш ва зебоии зоҳиру ширинии баён ва расоии таъбиру бадоат ва ибтикори маъонӣ ва азамати мафоҳими он қарор гирифта ва ҳайрату буҳти хоссе бар фикрҳову андешаҳои онон соя афканда буд. Ва он чи ки онон аз тааҷҷубоварандагии Қуръон дарк мекарданд ҳамин буду бас.

Агар пас аз гузашти замон донишмандони Ислом ба ҷиҳатҳои дигаре аз мўъҷизаҳои Қуръон пай бурданд ва мўъҷизаҳои  онро аз ҷиҳоти мухталифе собит намудаанд, матолибе аст саҳеҳ ва устувор, вале ин ҷиҳот барои араби он замон матраҳ набуда ва ақлу фикр ва андешаи онон ба он намерасид.

Дарси шашум

Гувоҳиҳои таърихӣ бар нотавонии араб аз муқобила бо Қуръон

Баррасиҳои оянда ба равшанӣ собит хоҳад намуд, ки мўъҷиза будани Қуръон танҳо дар

фасоҳату балоғат ва зебоии лафзҳо ва умқи маъно ва ибтикорӣ будани мазомини он нест, балки Қуръон аз ҷиҳоти мухталиф ва дидгоҳҳои гуногун мўъҷиза аст, ки тафсили ин ҷиҳатҳоро дар оянда хоҳед хонд.

Вале таҳаддӣ ва муборизталабии Қуръон дар рўзи нузули он дар назди араби он замон фақат дар зебоии лафзҳо ва дилрабоии таъбир ва шевоии баён ва расоии иборатҳо ва азамату ибтикорӣ будани маонии Қуръон хулоса мешуд. Агар миллати арабро барои мубориза ва муқобила металабид, назараш мубориза дар ҳамин ҷиҳат буду бас. Ба иборати равшантар, бо ин эътироф, ки Қуръон аз ҷиҳатҳои гуногун мўъҷиза аст, вале араби даврони ҷоҳилӣ аз ин ҷиҳатҳо фақат якеро дарк мекард ва он зебоии лафзҳо ва тозагии маонӣ ва ширинии баён ва кашишу ҷозибаи равиши он буд ва бас. Ва ҷиҳатҳои дигари мўъҷиза будани Қуръон бо гузашти замон бар асари густариши бинишҳо ва амиқ гаштани дидҳо барои башар равшан гардид. Онон он қадар зери таъсири ҳаловати баён ва ширинии таъбир ва зебоии лафзҳо ва ибтикорӣ будани маъноҳо ва боло будани мазомини он қарор мегирифтанд, ки пас аз шунидани чанд оят дар баробари азамати он моту мутаҳаййир мешуданд ва намедонистанд, ки дар бораи он чи бигўянд ва мубориз талабии Қуръон ва аҷзу нотавонии худро чӣ гуна тавҷеҳ кунанд.

Акнун як даста гувоҳҳои таърихӣ дар ин ҷо нақл мекунем ва ҳадаф аз мунъакис кардани доварии фасеҳони араб дар бораи Қуръон ду матлаб аст.

1-Эътирофи устувонаҳои балоғат ва устодони сухан ба аҷзу нотавонии худ дар баробари Қуръон.

2-Меҳвари таҳаддӣ ва муборизталабии Қуръон дар назари онон мавзўи фасоҳату балоғат ва ҷозибаву кашиши хориқулоддаи Қуръон буд. Инак аз хонандагон дархост мешавад, ки дар хондани ин довариҳо ба ҳар ду натиҷа таваҷҷўҳ дошта бошанд.

1-Доварии Валид дар бораи Қуръон

Қазоват ва доварии яке аз балиғон ва ҳакимони араб  дар бораи Қуръон, ки ба ў Райҳона ва Ҳакими араб мегуфтанд, равшангари мавзўи мо аст ва суханони ў гувоҳӣ равшан ба чигунагии бардошти араб аз муборизталабӣ ва мўъҷиза будани Қуръон мебошад.

Гурўҳе аз қурайш барои ҳалли мушкили нуфузи рўзафзуни Ислом дар миёни ҷавонон ва афроди озодандеш ба Валид ибни Муғайра  муроҷиа карданд ва аз ў хостанд, ки назари худро дар бораи Қуръон баён кунад. Донои араб аз онҳо муҳлат хост то баъд аз шунидани оёти Қуръон назари худро баён кунад. Аз ин ҷиҳат ў аз ҷои худ бархест ва дар Ҳиҷри Исмоил канори Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ нишаст ва ба он ҳазрат гуфт: Порае аз шеърҳоятро бихон. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ фармуд: Он чи ман мехонам шеър нест, балки сухани Худои Мутаол аст, ки барои ҳидояти шумо фиристода шудааст. Сипас Паёмбар 13-оят аз оёти сураи Фуссилатро тиловат намуд ва ҳангоме ки ба ин оят расид:

"فان أعرضوا فقل أنذرتكم صاعقة مثل صاعقة عاد وثمود".

“Ҳар гоҳ аз даъвати ту рўй баргардонанд бигў ман шуморо аз соиқае монанди соиқаи қавми Од ва Самуд бар ҳазар медорем.

Валид сахт ба худ ларзид ва мўйҳояш бар баданаш рост шуд ва дар ҳоле ки сару по вуҷуди ўро ҳайратзадагӣ фаро гирифта буд, роҳи хонаро пеш гирифт  ва чанд рўзе аз хона берун наёмад. То он ҷо, ки бархе аз қурайш ба ў бадбин шуда гуфтанд Валид роҳи гузаштагонро тарк гуфта ва роҳи Муҳамад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ва саллам)-ро пеш гирифтааст.[2]

Ў бо шунидани сездаҳ оят фақат бо як ҷанба аз ҷиҳоти мўъҷизаи Қуръон таваҷҷўҳ пайдо кард ва он ҳамон ҷозиба ва кашиши равиши Қуръон ва осмонӣ будани маонии он аст ва шунидани ин оёт он чунон ўро зери таъсир қарор дод, ки ларза бар андомаш афтод ва мў бар баданаш рост гардид.

Муфассирон мегўянд: Рўзе ки сураи Ғофир бар Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ нозил шуда буд Паёмбар бо овози дилнишине онро тиловат менамуд ва Валид ибни Муғайра наздики Паёмбар нишаста буд ва бе ихтиёр он оёт таваҷҷўҳи ўро ҷалб намуд ин ки оёти аввали сураи Ғофир:

"حم تنزيل الكتاب من الله العزيز العليم. غافر الذنب وقابل التوب شديد العقاب ذي الطول لا اله الا هو اليه المصير ما يجادل في آيات الله الا الذين كفروا فلا يغررك تقلبهم في البلاد". (غافر 1-4).

“Ин китоб аз тарафи Худои Қодир ва Доно фурў фиристода шудааст. Худое, ки бахшандаи гуноҳ ва пазирандаи тавба аст, Худое ки азоби ў сахт ва неъматҳои ў фаровон аст. Ҷуз ў худое нест, саранҷоми ҳар чизе ба сўи ўст. Дар бораи оятҳои илоҳӣ ҷуз касоне, ки куфр меварзанд касе муҷодила намекунад. Фаъолият ва зиндагонии онон дар шаҳрҳо туро нафиребад”.

Ин оятҳо ва оятҳои баъдӣ он чунон Ҳакими Арабро зери таъсир қарор дод, ки вақте Бани Махзум даври ўро гирифтанд аз аз вай дар бораи Қуръон доварӣ хостанд вай гуфт:

"والله لقد سمعت من محمد (صلى الله عليه وآله وسلم) آنفاً كلاماً ما هو من كلام الإنس ولا من كلام الجن والله إنَّ له لحلاوةً وإنَ عليه لطلاوةً وإنَ أعلاه لمثمر وإنَ اسفله لمغدق وإنه ليعلو ولا يعلى عليه".

“Ман аз Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) сухане шунидам, ки ҳаргиз монанди сухани инсу ҷин нест, ў ширинии хос ва зебоии махсусе дорад, шохаҳои он пурмева ва решаҳои он пурбаракат аст, сухане аст барҷаста ва ҳеҷ сухане барҷастатар аз он нест ва ҳаргиз қобили мубориза намебошад.[3]

Ў ин ҷумлаҳоро гуфту рафт ва қурайш тасаввур карданд, ки вай ба дини Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) гаравидааст.

Ба гуфтаи яке аз донишмандани бузург, марҳуми алломаи Шаҳристонӣ дар китоби “Ал-Мўъҷизат-ул холида”, ин ҷумла нахустин тақризе аст, ки аз тарафи устоде аз устодҳои балоғат дар бораи Қуръон гуфта шудааст ва тадаббур дар мазмунҳои ҷумлаҳои ў наҳваи бардошти арабро аз мўъҷиза будани Қуръон дар замони Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи васаллам равшан месозад ва маълум мешавад, ки:

Аввалан: Қуръон каломе аст, ки мубориза бо он аз қудрати башар берун мебошад.

Дуввуман: Онон аз миёни ҷиҳатҳои мухталифи мўъҷизаҳои Қуръон танҳо ба ҷозибаву кашиш ва ҳаловату ширинии лафзҳо ва ибтикориву осмонӣ будани маонии он таваҷҷўҳ доштанд ва ҳаргиз монанди он сухане нашунида буданд.

Барои ин ки ба азамат ва фасоҳат ва балоғати Қуръон аз назари устоди фанни балоғати замони нузули Қуръон, пай бибарем шоистааст, ки суханони вайро тавзеҳ диҳем. Ҳаким ва балиғи ҷомеаи араб назари худро зимни ҷумлаҳои кўтоҳ вале пурмағзе шарҳ дода ва шоистааст ҷумлаҳои шашгонаи ўро тавзеҳ диҳем. Вай гуфт:

1-"لا يشبه کلام الإنس ولا الجن".

“Аз Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) сухане шунидам, ки ҳаргиз ба сухани инсу ҷин монанд нест”.

Аммо ин ки монанди сухани инсон нест, чун суханони маъмулии инсон ҳамон насри маъмулӣ аст, ки ба занҷири қофия кашида намешавад. Аммо монанди сухани ҷин нест, чун суханони ҷин ҳамон ҷумлаҳои хос ва мусаҷҷаъ ва кўтоҳ ва ба ҳам наздик буд ва суханони ҷин ҳамонҳо буданд, ки аз забони коҳинон мешуниданд, ки дорои мақотеи хос ва саҷаи вижа ва лафзҳои зариф буданд ва печидагии маонӣ ва ҳамнавохтии ҳарфҳо аз вижагиҳои онҳо ба шумор мерафт.

Ин хусусиёт буд, ки онҳоро аз суханони маъмулӣ ҷудо мекард. Онҳо муқайяд буданд, ки дар ҳоли сухан гуфтан бо ҷумлаҳои кўтоҳ ва мухтасар, ки дорои мақотеи хос ва саҷаи вижае буд бо мардум сухан бигўянд, лафзҳои бегона ва номаънус ва душвории маъноҳо ва ҳамнавохтии ҳарфҳо аз хусусиёти суханони онон буд.

2-"وإنَّ فيه لحلاوة".

“Он дорои ширинии хоссе аст, ки ақлҳо ва инсонҳоро ба сўи худ мекашад ва инсон аз шунидани он лаззат мебарад”.

3-"وإنَ فيه لطلاوة".

Зебоии хоссе дорад. Зебоии лафзҳо ва ҷумлаҳои он бар муҳассаноти Қуръон афзуда ва шукўҳи хоссе ба он бахшидааст.

4-"وإنَ أعلاه لمثمر".

Қуръон дарахти азиме аст, ки шохаҳои он пурмева мебошад.

5-"وإنَ أسفله لمغدق".

Қисмати зер ва поини он решадор ва пурбаракат аст ва калима “ғадақ” дар маънои баракат ба кор меравад чунон, ки Қуръон мефармояд:

"وأن لو استقاموا على الطريقة لأسقيناكم ماءاً غدقاً".

“Агар дар роҳи ҳақ истиқомат ва истодагӣ кунед бо оби пурбаракате шуморо сероб менамоем». (Сураи Ҷин-16)

Мақсади Валид ин аст, ки Қуръон дарахте аст, ки решаҳои фаровоне дорад, ки дар ҷойҳои мухталифи рўҳу равон русух мекунад ва мумкин аст ишора ба маънои мухталифе бошад, ки гоҳе аз як оят истифода мешавад.

6-"وإنه يعلو ولا يعلى عليه".

Қуръон дорои балоғати фавқулоддае аст, ки наметавон бо он мубориза намуд ва монанди онро овард.

Ин ҷумлаҳои кўтоҳ ва шахси пурмағз ва равшангари араби он замон дар бораи Қуръон мебошад. Ва устоди фанни балоғат монанди Валид ошкоро эълон мекунад, ки мубориза бо Қуръон дар қудрату тавони инсонҳо нест.

2-Доварии Утба ибни Рабиа

Утба ибни Рабиа аз сарони қурайш ба шумор мерафт. Гароиши Ҳамза амаки Паёмбар ба Ислом, осмони зиндагии қурайшро тираву тор сохта буд, чун тарсу бими он мерафт, ки нуфузи Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) оҳиста-оҳиста ҳама ҷоро фаро гирад ва дигар шахсиятҳо низ ба сўи Ислом ҷазб шаванд.

Дар ин лаҳза Утба рў ба дўстони худ кард ва гуфт: Ман акнун пеши Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) меравам ва ба ў чанд чиз пешниҳод мекунам, шояд ў яке аз онҳоро қабул кунад. Дўстони вай бо фикри ў мувофиқат карданд. Ў бархест ва ба сўи Расули Худо, ки дар масҷид нишаста буд омад ва чанд пешниҳодҳое ба он ҳазрат кард, вақте ў аз суханони худ фориғ шуд Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ рў ба ў кард ва фармуд: Оё суханони худро ба охир расондӣ? Гуфт: Оре. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ фармуд: Ҷавоби пешниҳодҳои шумо дар ҳамин оятҳое аст, ки ҳозир мехонам. Сипас Паёмбар 37-оят аз оёти сураи Фуссилат барои ў хонд ва ба саҷда рафту саҷда намуд ва сар бардошту гуфт: Абовалид паёми Худоро шунидӣ. Утба он чунон маҷзуби оёти Қуръон шуда буд, дар ҳоле ки бар дастҳои худ такя карда буд муддате хира-хира ба чеҳраи Паёмбар менигарист. Гўё ҷозиба ва кашиши Қуръон тавони сухангуфтанро аз ў гирифта буд. Вай пас аз лаҳзаҳое бидуни ин ки сухане бо Паёмбар бигўяд аз ҷояш бархесту ба сўи дўстонаш баргашт. Чашмони ҳамфикрони Утба ба ў дўхта шуда буд. Ҳамагӣ аз ў пурсиданд: Натиҷа чӣ шуд? Ў достонро аз аввал то ба охир гуфт ва сипас афзуд: Ман аз Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) каломе шунидам

"والله ما هو بالشعر ولا بالسحر ولا بالكهانة".

“Ба Худо қасам суханони ў на шеър аст ва на монанди гуфтори соҳирону коҳинон мебошад. Чи беҳтар ўро миёни қабилаҳо раҳо кунем, агар ўро куштанд ҳамагӣ аз дасти ў роҳат ва халос мешавем ва агар дар миёни онон нуфуз пайдо карду ҳукумате барпо намуд, дар ин сурат ў аз хешовандони мо аст ва барои мо баҳрае хоҳад дошт”.[4]

Мо аз суханон ва тааҷҷуби ин ду нафар, ки ҳар кадом устувонаи сухан ва пешвои араб дар фанни балоғат буданд ду чиз истифода мекунем:

1-Он чи сабаби тааҷҷуб ва шигифтии онон буд ҳамон шириниву зебоӣ ва ба истилоҳ, балоғати хориқулоддаи Қуръон буд, ки Қуръонро аз дигар суханон ҷудо мекард. Валид ибни Муғайра бо сароҳат гуфт, ки сухани Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) монанди сухани инсу ҷин нест ва дорои ширинӣ ва зебоии махсусе аст. Утба гуфт: Қуръон шеър нест ва ҳаргиз робитае бо суханони соҳирону коҳинон надорад. Ва ҳаргиз ин ду нафар рўи дигар ҷиҳатҳои мўъҷиза будани Қуръон ангушт нагузоштанд, чун ҷиҳатҳои дигари мўъҷиза будани Қуръон бо гузашти замон ва кунҷковии донишмандон, ба фикри мо роҳ ёфт ва рўи саҳифаҳо навишта шуд.

2-Устодони балоғат дар замони Паёмбар бо сароҳати комил эътироф намуданд, ки мубориза бо Қуръон мумкин нест ва ҳаргиз равиши сухангуфтани Қуръон, монанди суханони инсонҳо намебошад.

3-Қазовати Туфайл дар бораи Қуръон

Туфайл ибни Амр, ки шоири ширинзабон ва хирадманде буд ва дар миёни қабилаи худ нуфуз дошт, вориди Макка шуд. Мусалмон шудани марде монанди Туфайл барои қурайш бисёр сахт буд. Аз ин ҷиҳат сарони қурайш ва бозигарони саҳнаи сиёсат даври ўро гирифтанду гуфтанд: ин марде, ки канори Каъба истода намоз мехонад ва бо овардани дини нав якпорчагӣ ва иттифоқи моро ба ҳам зада ва бо сеҳри баёни худ санги тафриқаву ҷудоӣ дар миёни мо афкандааст. Ва мо метарсем, ки чунин дудастагӣ миёни қабилаи шумо низ биафканад чи беҳтар, ки аслан бо ин мард сухане нагўӣ.

Туфайл мегўяд: Суханони онҳо чунон ба ман таъсир гузошт, ки ман аз тарси таъсири сеҳри баёни ў тасмим гирифтам, ки бо ў сухан нагўям ва сухани ўро нашнавам. Ва барои пешгирӣ аз таъсири сеҳри ў миқдоре пахта ҳангоми тавоф бар гўшҳои худ гузоштам, ки мабодо замзамаи Қуръону намози ў ба гўши ман бирасад. Бомдод дар ҳоле ки пахта бар дохили гўши худ карда будам дохили масҷид шудам ва ҳеҷ майл надоштам, ки сухани ўро бишнавам, вале намедонам чӣ хел шуд, ки як мартаба сухани бисёр ширин ва зебое ба гўшам расид ва беш аз ҳад эҳсоси лаззат намудам. Бо худ гуфтам: Модарат азодор шавад, ту ки як марди сухансоз ва хирадманде ҳастӣ чӣ монеъ дорад, ки сухани ин мардро бишнавӣ. Агар хуб бошад бипазирӣ ва агар бад бошад онро рад ва таркаш кунӣ. Барои ин кор ошкоро бо он ҳазрат мулоқот накардам, миқдоре сабр кардам то Расули Худо роҳи хонаашро пеш гирифт ва вориди хонааш шуд. Ва ман низ иҷоза гирифтаму вориди хона шудам. Достонро аз аввал то охир базгў кардам ва гуфтам, ки қурайш дар бораи шумо чунину чунон мегўянд. Ва ман дар аввал тасмим надоштам бо шумо мулоқот кунам, вале ҳаловату ширинии Қуръони шумо маро ба сўи ту кашидааст. Акнун мехоҳам ҳақиқати дини худро барои ман баён кунӣ ва миқдоре Қуръон барои ман бихонӣ. Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ дини худро бар ў арза кард ва миқдоре барои ў Қуръон хонд. Туфайл мегўяд: Ба Худо савганд каломе зеботар аз он нашунида ва дине бо адолаттар аз он надида будам. Сипас Туфайл ба он ҳазрат гуфт: Ман дар миёни қабилаи худ як шахси бонуфуз ҳастам, барои нашри дини шумо кор хоҳам кард. [5]

То ин ҷо ба хубӣ равшан гардид, ки фасеҳони араб ва балиғони он қавм дар баробари Қуръон камоли нотавониро иброз дошта ва ғайр аз таслим ва ошкор кардани аҷзу нотавонии худ, дигар чорае надоштанд.

Дарси ҳафтум

Қуръон ва балиғони араб

Гоҳе тасаввур мешавад, ки дар оғози Ислом фасиҳон ва балиғони араб бо Қуръон ба мубориза бархостаанд вале бар асари гузашти замон барои мо махфи монда ва ҳукуматҳои неруманди Ислом аз иброз ва ошкоркардани он ба шидат пешгирӣ намудаанд. Вале ин андеша он чунон ботил ва беасос аст, ки мо худро аз ҳар гуна ҷавобе бе ниёз медонем, чун агар араб ба мубориза бо Қуръон муваффақ шуда буд, қатъан онро дар маҳофили адабӣ ва ҷамоматҳои бузург ва мавсимҳои ҳаҷ ва бозорҳои тиҷоратие, ки аз атрофу ҷой-ҷоҳи Арабистон ба он ҷо рўй меоваранд, эълон мекард ва онро бар миллати араб мехонд ва душманони Ислом онро монанди суруд, дар ҳамаи маҳфилҳо ва ҷамъомадҳои худ бо садои расое мехонданд ва дар ҳар муносибате онро такрор мекарданд ва насл ба насл ба якдигар бозгў мекарданд. Ва монанди муддаие, ки дар нигаҳдории гувоҳӣ худ мекўшад дар нигаҳдорӣ ва бақои он кўшиш мекарданд. Чун ин оятҳо беш аз таърих ва шеърҳои замони ҷоҳилӣ, ки китобҳои таърих ва ҷомеаҳои адабиро пур кардааст, мўҷиботи равшании дидагони ононро фароҳам мекард ва ба нишастҳову анҷуманҳои адабии онҳо нишоти хоссе мебахшид. Бо ин васф мо аз чунин муориза ва муқобила кўчактарин асареро намебинем.

Гузашта аз ин, Қуръон на танҳо араби замони Паёмбарро бар мубориза ва овардани мисли Қуръон даъват намудааст, балки тамоми башар ва болотар, ҳамаи инс ва ҷинро мавриди хитоб қарор дода ва ҳамагиро ба мубориза бо Қуръон даъват карда ва даъвати худро махсуси гурўҳи муайяне насохтааст ва бо як нидои ҷаҳонӣ паёмеро ба шарҳи зер фиристода аст:

Агар инсу ҷин гирди ҳаи ҷамъ шаванд то монанди Қуръонро биоваранд, ҳаргиз қодир ба анҷоми он намешаванд ҳар чанд бархе, бархе дигарро кўмак намоянд. (Сураи Исроъ, ояти 88).

"قل لئن اجتمعت الإنس والجن على أن يأتوا مثل هذا القرآن لا يأتون بمثله ولو كان بعضهم لبعض ظهيراً".

Ин оят асрҳо аст, ки дар гўши башар ва инсонҳо танинандоз аст ва ҳанўз то акнун ҳеҷ кас натавонистааст ба мубориза бо Қуръон бархезад.

Мо масеҳиён ва душманони Исломро мебинем, ки барои поён овардани азамат ва шарофати Ислом ва ба манзури бадгўӣ дар бораи Паёмбар Акрам (салаллоҳи алайҳи ва олиҳи ва салам) ва интиқод аз китоби муқаддаси ў ҳар сол ва ҳар моҳ амволи зиёде харҷ мекунанд. Агар барои онон мабориза бо Қуръон ва ё мубориза бо сурае аз сураҳои Қуръон имкон дошт, қатъан аз ин роҳ ворид шуда ва бо он ба мабориза бармехестанд ва сурае монанди он меоварданд. Чун мубориза ва овардани сурае ба монанди сураҳои Қуръон,  илова бар ин ки ононро аз сарфи ҳазинаҳои зиёд ва таҳаммули машаққатҳои фаровон осуда месозад, бузургтарин гувоҳ ва бурҳон барои онҳо маҳсуб мешавад ва наздиктарин васила барои расидан ба орзуи онҳо мебошад. Дар сурате, ки  хирадмандони онон ҳаргиз ба фикри овардани сурае монанди сураҳои Қуръон ва мабориза бо он наафтодаанд.

Усулан агар инсон бо сухане бештар унс бигирад чизе намегузарад, ки эҳсос мекунад, ки метавонад монанди онро биоварад, вале ин матлаб дар бораи Қуръон ба кулли баръакс аст. Унс ва ҳамроҳии бештар бо Қуръон ва тиловати сураҳои он чунин қудратеро ба мо намебахшад ва ҳар чи ҳам соатҳо дар ин фикр фурў равад ва саранҷом ҷуз аҷзу нотавонӣ, чизе дар худ эҳсос намекунад.

Ва ин худ гувоҳ бар ин аст, ки равиши Қуръон комилан аз ҳудуди таълим ва тааллум ва андешаи башарӣ хориҷ аст.

Хулоса Паёмбари Ислом (салаллоҳи алайҳм ва олиҳи ва салам) бо Қуръони худ зарбаи шиканандае бар ҷомеаи бутпарастӣ ва созмони зиндагии онон  ворид сохт, то он ҷо ки миёни падару писар ва бародар ва зану шавҳар, ҷудоӣ афканд ва сарони ширк дар хомўш кардани ин машъал ба ҳама чиз чанг заданд. Аз инкор ва масхара кардан, аз озору шиканҷа ва тавассул ба амаки Паёмбар (салаллоҳи алайҳи ва олиҳи ва салам) ҳазрати Абутолиб гирифта то ба ҷангҳои хунин ба сурати бародаркушӣ даромад.

Аз ҳар даре ворид шуданд ва натиҷае нагирифтанд ва агар имкони мубориза бо Қуръон, ки буррандатарин нерўи Ислом буд, вуҷуд дошт ва ё агар сурае монанди сураҳои Қуръон оварда буданд, пеш аз ҳама аз он истифода карда ва шахси Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳро дар маҳофил ва маҷолиси худ ба муҳокима мекашиданд ва дар сар то сари нимҷазираи Арабистон эълон менамуданд ва салиқаи адабӣ ва завқи шеърии онон дар дараҷаи бисьёр олӣ буд  ва ҳарфҳои Қуръонро комилан дар ихтиёр доштанд.

Пас аз даргузашти Паёмбар салаллоҳи алайҳи ва олиҳи ва салам мардуми бешуморе аз Яҳудиён ва Насоро дар Яман ва Ироқ зиндагӣ мекарданд ва ҳамаи онон ё араб буданд, ки ба яке аз ду дин гароиш доштанд ва ё бо забони арабӣ комилан ошно буданд. Вале дар тўли ин муддат кўчактарин муборизае аз худ нишон надоданд, ҳатто натавонистанд, ки сурае монанди сураҳои Қуръон биоваранд.

Душмании мунофиқон дар Мадина камтар аз дигарон набуд. Онон дар тамоми лаҳзаҳо дар камини Ислом нишаста ва аз ҳар роҳе бар зидди Ислом истифода мекарданд, вале роҳи мубориза бо Қуръонро ба рўи худ баста диданд ва аз ин роҳ ворид нашуданд. Бо ин баён метавон яқин пайдо кард, ки ҳаргиз араби он замон бо нузули Қуръон ва ё касоне, ки пас аз даврони Паёмбар, зиндагӣ кардаанд монанди Қуръон ва ё назири сураҳои онро наёвардаанд.

Саргузашти чаҳор донишманди аҳди Аббосӣ

Акнун саргузашти чаҳор тан аз нависандагони номии даврони Аббосӣ, ки ба фикри мубориза бо Ислом аз роҳи овардани Қуръоне монанди Қуръони Муҳаммад (салаллоҳи алайҳи ва олиҳи ва салам) афтода буданд нақл менамоем.

Ҳишом ибни Ҳакам аз ёрони донишманд Имом Ҷаъфари Содиқ (алайҳис-салом) аст вай аз Имом Содиқ (алайҳис-салом) нақл мекунад, ки чаҳор тан аз сарони мункирони Худо ба номҳои Ибни Абуавҷоъ ва Абушокир ва Абдуллоҳ ибни Муқаффаъ ва Абдулмалики Басри дар Масҷид-ул-ҳаром гирд омаданд, то дар бораи мубориза бо Қуръон тасмиме бигиранд. Ва бо худ чунин гуфтанд, ки асоси дини Ислом Қуръон аст ва ягона далелу бурҳони мусулмонон ҳамин китоби онҳо мебошад, ки мегўянд: Инсу ҷин наметавонанд китобе монанди онро биоваранд. Агар мо чаҳор нафар, ки қаҳрамонони нависандагони замони ҳозир ҳастем, донишу биниши худро рўи ҳам гирд биоварем ва ҳар кадом ба андозаи як чаҳоруми Қуръон сухан бисозем дар ин сурат бурҳони мусалмононро аз байн бурдаем.

Сипас ҳар чаҳор нафар тасмим гирифтанд, ки ҳар кадом дар нуқтае ба танзими як чаҳоруми китобе монанди Қуръон ҳиммат гузорад ва соли оянда дар ҳамин нуқта бо ҳам мулоқот кунанд.

Сол ба поён расид ва ҳамагӣ дар Масҷид-ул-ҳаром гирд омаданд ва ҳар як натиҷаи кори худро чунин баён кард Абуавҷоъ узрхоҳӣ кард, ки балоғати ояти

"قل لو كان فيهما آلهة الا الله لفسدتا". (انبياء-22)

Яъне “Ҳаргоҳ дар осмонҳо ва замин худоёне, ҷуз Аллоҳ буд фасоду табоҳӣ саросари ҳастиро фаро мегирифт”. (Сураи Анбиё 22) маро дар ин муддат ба худ машғул кардааст. Дуввуми гуфт: Ин оят,

"يا ايها الناس ضرب مثل فاستمعوا له إنَ الذين تدعون من دون الله لن يخلقوا ذباباً ولو اجتمعوا له وان يسلبهم الذباب شيئا لا يستنقذوه منه ضعف الطالب واالمطلوب". حج-73.

“Эй мардум масале зада шуда ва ба маънои он гўш фаро диҳед. Худоёне, ки ҷуз Аллоҳ мепарастед ба андозае нотавонанд, ки наметавонанд магасеро биофаринанд ва агар магасе чизе аз онҳо бигирад наметавонанд онро баргардонанд ситоишгар ва ситоиш шуда чи қадр нотавонанд” маро шефтаи худ сохта ва маро аз фикри мубориза боз доштааст. (Сураи Ҳаҷ, 73)

Севвуми гуфт: Ман вақте ояти

"يا ارض ابلعي مائك ويا سماء اقلعي وغيض الماء وقضي الأمر واستوت على الجودي وقيل بعداً للقوم الظالمين". (هود-44)

“Ба замин гуфтанд, ки оби худро фурў бар ва эй осмон боз гир, об коста шуд ва фармони Худо анҷом гирифт ва киштӣ бар кўҳи Ҷудӣ нишаст ва гуфта шуд гурўҳи ситамгар дур бод”. (Сураи Ҳуд-44 )-ро хондам. Ширинӣ ва шевоии таъбири ин оят маро аз кор боз дошт чаҳоруми гуфт: Балоғату ширинии баёни ояти

"فلما استيأسوا منه خلصوا نجياً".

“Вақте онон ноумед шуданд барои наҷво ва розгўӣ ба гушае рафтанд” (сураи Юсуф, 8) маро аз тафаккур дар оёт боз доштааст. Дар ин лаҳза Имом Содиқ (алайҳис-салом) аз канори онон гузашт ва ин оятро хонд:

"قل لئن اجتمعت الإنس والجن على أن يأتوا بمثل هذا القرآن لا يأتون بمثله ولو كان بعضهم لبعض ظهيراً".

“Агар инсу ҷин даври ҳам ҷамъ шаванд то монанди Қуръонро биоваранд наметавонанд монанди онро биоваранд ҳар чанд ҳамдигарро пуштибони кунанд.[6] (Сураи Исроъ, ояти 88).


[1] Сураи Алақ оятҳои 1-5

[2]Аълом-ул-варо  с.27-28.

[3] Тафсири “Маҷмаъ-ул-баён” ҷ.5.с.387).

[4]Сираи Ибни Ҳишом ҷ.1.саҳ.293-294.

[5] Сираи Ибни Ҳишом ҷ.1.с.410).

[6] Эҳтиҷоҷи Табрасӣ, с 255.