Манобеи фиқҳии шиа чист?

Ҷавоб: Шиа бо пайравӣ аз китоби Худо ва суннати Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам барои истинботи аҳкоми шаръӣ аз чаҳор манбаи асосӣ ба шарҳи зер баҳраманд мегардад:

1-Китоби Худо

2-Суннати Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам

3-Иҷмоъ

4-Ақл.

Дар миёни манобеи ёд шуда, китоби Худо ва суннати Паёмбар саллаллоҳу алйҳи ва олиҳи ва саллам асоситарин сарчашмаи фиқҳии шиа аст, ки дар бораи ин ду мухтасар сухане хоҳем гуфт:

Китоби Худо, Қуръон:

Пайравони мактаби шиа, Қуръонро ба унвони устувортарин манбаи фиқҳии худ ва меъёри шинохти аҳкоми илоҳӣ медонанд, чун пешвоёни шиа, китоби осмонии Исломро болотарин марҷаъ барои ба даст овардани аҳкоми фиқҳӣ муаррифӣ кардаанд. Ба ин гуна, ки ҳар назарияе бояд бо оёти Қуръон санҷида шавад ва дар сурати мувофиқат бо он, пазируфта шавад вагарна онро тарк карда шавад.

Шашшумин пешвои шиа, Имоми Содиқ салавотуллоҳи алайҳ дар ин замина мефармоянд:

"وكل حديث لا يوافق كتاب الله فهو زخرف".

“Ҳар сухане, ки бо Қуръон ҳамоҳанг набошад бе асос аст”.[1]

Ҳамчунин Имоми Содиқ салавотуллоҳи алайҳ аз Паёмбари гиромӣ саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам чунин нақл мекунанд:

"ايها الناس ما جاءكم عني يوافق كتاب الله فأنا قلته، وما جاءكم يخالف كتاب الله فلم أقله".

“Эй мардум ҳар сухане, ки ба ман нисбат диҳанд, агар бо китоби Худо ҳамоҳанг аст аз ман мебошад ва агар бо он ҳамоҳанг набошад, аз ман нест.”[2]

Бо ин ду ҳадис ба равшанӣ маълум мешавад, ки китоби осмонии мусалмонон аз дидгоҳи пешвоёни шиа, устувортарин манбаи истинботии аҳкоми шаръӣ ба шумор меравад.

Суннат:

Суннат ба маънои гуфтор, рафтор ва таъйиди коре тавассути Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аст. Дуввумин сарчашмаи зулоли фиқҳии шиа мебошад ва Имомон аз Аҳли Байти Паёмабр багунаи мустақил ба унвони нақл кунандагони суннати Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва ганҷинаи илмҳо он ҳазрат ба шумор мераавнд. Албатта суханони Паёмбари гиромӣ саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дар сурате, ки аз тариқи мўътабари дигар низ ворид шавад, мавриди пазириши шиа мебошад.

Дар ин ҷо сазовор аст, дар ду замина ба баҳсу баррасӣ бипардозем:

Далоили тамассук ба суннати Паёмбар

Пешвоёни шиа дар канори тавсия пайравони худ ба ҳуръон, онҳоро ба суннати Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам низ суфориш кардаанд ва китоб ва суннатро дар канори ҳам сутудаанд.

Имоми Содиқ салавотуллоҳи алайҳ мефармоянд:

"اذا ورد عليكم حديث فوجدتم له شاهدا من كتاب الله أو من قول رسول الله صلى الله عليه وآله وسلم والاّ فالذي جاءكم به اولى به".

Ҳар гоҳ сухане ба шумо расид, агар дар китоби Худо ва гуфтори Паёмбари гиромӣ саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам, гувоҳе бар он ёфтед онро бипазиред вагарна он сухан барои оварандаи он сазовортар аст.”[3]

Ҳамчунин Имом Муҳаммади Боқир салавотуллоҳи алайҳ тамассук ба суннати Паёмбар саллаллоҳу алайҳ ва олиҳи ва салламро шарти асосии фақиҳӣ ҷомеъ-уш-шароит дониста ва чунин мефармоянд:

"إنّ الفقيه حقّ الفقيه الزاهد في الىنيا، الراغب في الآخرة، المتمسك بسنة النبي صلى الله عليه وآله وسلم".

“Фақиҳӣ воқеӣ касе аст, ки аз дунё (алоқаи ба дунё) бипарҳезад ва муштоқи охират бошад ва ба суннати Расули гиромӣ саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам чанг бизанад.”[4]

Раҳбарони шиа дар бораи суннат то он ҷо пеш рафтаанд, ки мухолифат бо Қуръон ва суннати Паёмбарро куфт донистаанд:

Имом Содиқ салавотуллоҳи алайҳ дар ин бора мефармоянд:

"من خالف كتاب الله وسنة محمد صلى الله عليه وآله وسلم فقد كفر".

“Ҳар, ки бо Қуръон ва суннат мухолифат кунад, кофир аст.”[5]

Бо ин баён равшан мешавад, ки шиа беш аз ҳар гурўҳи дигари исломӣ, ба суннати Паёмбари гиромӣ арҷ мениҳад ва бо ин баён бе поягии суханони касоне, ки шиаро ба бегонагӣ аз суннати Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам муттаҳам мекунад, собит мешавад.

Далелҳои лозим будани чанг задан ба аҳодиси Аҳли Байт

аз барои равшан шудани сухани шиа дар бораи чанг задан ба аҳодиси Аҳли Байт алайҳим салавотуллоҳ, ночорем дар ду замина ба баҳсу баррасӣ бипардозем:

1-Чигунагии аҳодиси пешвоёни маъсум

2-далелҳои лозим будани пайравӣ аз Аҳли Байт

Инак дар сояи далелҳои маҳкам ва равшан, бо риояти хулосагўӣ ба баррасии ин ду мепардозем:

Чигунагии аҳодиси Аҳли Байт

Аз дидгоҳи шиа, танҳо Худованди мутаол дорои ҳаққи қонунгузорӣ ба башариятро дорад, ки қавонин ва аҳкоми шаръи мақаддасро ба василаи Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ба ҷаҳониён мерасонад ва равшан аст, ки Расули Худо танҳо василаи ваҳйу қонунгузорӣ баёни Худованд ва мардум мебошанд ва бо ин баён равшан мешавад, ки агар шиа аҳодиси Аҳли Байтро аз манобеи фиқҳии худ медонад, ин ба он маъно нест, ки барои он дар баробари суннати Паёмбари гиромӣ, истиқлол қоил бошад, балки эътибори аҳодиси Аҳли Байт, танҳо ба ин хотир аст, ки баёнгари суннати Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам мебошад. Бинобар ин, Имомони маъсуми шиа, аз худ сухане надоранд ва ҳар чӣ мегўянд ҳамон суннати Расули Худо аст.

Дар ин ҷо барои исботи ин сухан, шоиста медонем баъзе аз ривоёти Аҳли Байтро биоварем:

1-Имоми Содиқ салавотуллоҳи алайҳ ба марде, ки аз он ҳазрат савол кард, фармуданд:

"مهما أجبتك فيه بشئ فهو عن رسول الله صلى الله عليه وآله لسنا نقول برأينا من شئ".

Ҳар ҷавоберо, ки ба ту додам аз паёмбари гиромӣ аст ва мо (Аҳли Байт) аз раъйу назари худ сухан намегўем.”[6]

Дар ҷои дигар мефармоянд:

"حديثي حديث أبي، وحديث أبي حديث جدي، وحديث جدي حديث الحسين، وحديث الحسين حديث الحسن، وحديث الحسن حديث أمير المؤمنين، وحديث أمير المؤمنين حديث رسول الله ( صلى الله عليه وآله )، وحديث رسول الله ( صلى الله عليه وآله ) قول الله عز وجل".

Сухани ман сухани падарам (Имоми Боқир) аст ва сухани падарам сухани бобоям (Имом Алӣ ибни Ҳусайн) аст ва сухани бобоям сухани Имом Ҳусайн ибни Алӣ ва сухани Имом Ҳусайн сухани Имом Ҳасан ибни Алӣ ва сухани Имом Ҳасан гуфтори Амирал-мўъминин Алӣ ва гуфтори Имом Алӣ низ сухани Паёмбари гиромӣ ва сухани Расули Худо сухани Худованди бузург аст.”[7]

Имоми Боқир салавотуллоҳи алайҳ ба Ҷобир чунин мефармоянд:

"حدّثني أبي عن جدي رسول الله صلى الله عليه وآله وسلم عن جبرئيل عليه السلام عن الله عزّ وجلّ، وكلما أحدثك بهذا الاسناد".

Падарам аз бобоям Расули Худо барои ман ривоят кард ва бобоям аз Ҷабраил ва Ҷабраил низ аз Худованди мутаол ривоят кард ва ин чӣ барои ту мегўям бо ин санад мебошад.”[8]

Дар сояи ривоёти ёд шуда, чигунагии ривоёти пешвоёни маъсуми шиа, ки ҳамон суннати Паёмбари гиромӣ саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аст, равшан мегардад.

Далелҳои лозим будани пайравӣ аз Аҳли Байт

Муҳаддисони ҳар ду гурўҳ, шиа ва суннӣ бар ин ақидаанд, ки Расули Худо, ду мироси гаронбаҳо аз худ ба ҷо гузоштаанд ва ҳамаи мусалмононро ба пайравӣ аз онҳо даъват карданд ва саодату ҳидояти мардумро дар гарави пайравӣ аз он ду донистаанд, яке китоби Худо ва дигари Аҳли Байт ҳастанд.

Дар ин ҷо ба унвони намуна баъзе аз он ривоётро ёдовар мешавем:

1-Тирмизӣ дар Саҳеҳи Худ аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ ва ў аз Расули Худо чунин ривоят мекунад:

"يا أيها الناس إني قد تركت فيكم ما ان أخذتم به لن تضلوا: كتاب الله وعترتي اهل بيتي".

“Эй мардум, ман дар миёни шумо ду чизро ба ҷо  мегузорам, ки агар аз онҳо пайравӣ кунед, ҳаргиз гумроҳ намешавад, ва он ду китоби Худо ва Аҳли Байтам ҳастанд”.[9]

2-Ҳамчунин Тирмизӣ дар китоби ёд шуда чунин менигорад:

"قال رسول الله صلى الله عليه وأله وسلم: إني تارك فيكم ما إن تمسكتم به لن تضلوا بعدي أحدهما أعظم من الآخر كتاب الله حبل ممدود من السماء إلى الأرض وعترتي أهل بيتي ولن يتفرقا حتى يردا علي الحوض فانظروا كيف تخلفوني فيهما".

“Ман дар миёни шумо ду чиз ба амонат мегузорам то вақте, ки аз он ду пайравӣ мекунед ҳаргиз гумроҳ намешавед, он ду яке аз дигарӣ бузургтар аст: Китоби Худо, ки ресмони раҳмат орезон аз осмон ба сўи замин аст ва дигарӣ итрат ва Аҳли Байтам ва ин ду ҳаргиз аз ҳам ҷудо намешаванд то дар ҳавз бар ман мепайванданд, бингаред чӣ гуна бо амонатҳои ман рафтор мекунед.”[10]

3-Муслим ривояте дар саҳеҳи худ аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам оварда, ки он ҳазрат фармуданд:

"ألا أيها الناس فإنما أنا بشر يوشك أن يأتي رسول ربي فأجيب وأنا تارك فيكم ثقلين أولهما كتاب الله فيه الهدى والنور فخذوا بكتاب الله واستمسكوا به فحثّ على كتاب الله ورغّب فيه ثم قال وأهل بيتي أذكركم الله في أهل بيتي أذكركم الله في أهل بيتي أذكركم الله في أهل بيتي".

“Эй мардум ман башаре беш нестам ва наздик аст фиристодаи парвардигорам ва ман даъвати ўро қабул кунад ва ман дар миёни шумо ду чизи гаронбаҳо мегузораму меравам, яке китоби Худо, ки дар он ҳидоят ва нур аст, китоби Худоро бигиред ва ба он чанг бизанед (ва Паёмбар бар амал ба китоби Худо таъкид намуд онгоҳ фармуд) ва Аҳли Байтам, шуморо ба Аҳли Байтам суфориш мекунам, ин ҷумларо се мартаба такрор фармуданд.”[11]

4-гурўҳе аз муҳаддисон аз Паёмбари гиромӣ саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ривоят кардаанд, ки он ҳазрат фармуданд:

"إني تارك فيكم الثقلين كتاب الله وأهل بيتي وإنهما لن يفترقا حتى يردا عليَّ الحوض".

“Ман дар миёни шумо ду ёдгори гаронбаҳо ба ҷо мегузорам, яке китоби Худо (Қуръон) ва дигарӣ Аҳли Байтам ва ин ду ҳаргиз аз ҳам ҷудо нахоҳанд шуд, то дар рўзи қиёмат дар канори ҳавзи Кавсар ба ман ворид шаванд”.[12]

Лозим ба ёдовари аст, ки ахбору аҳодис дар ин бора беш аз он аст, ки дар ин навиштор бигунҷад ва муҳаққиқи барўманд Саййид Мир Ҳомид Ҳусайн, исноди ин ривоятро дар китоби “Абақот-ул-анвор”, ки дар шаш ҷилд ба чоп расида, гирдоварӣ кардааст.

Дар сояи ривоёти ёд шуда ба равшани маълум мешавад, ки пайравӣ аз Аҳли Байти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дар канори китоби Худо ва суннати Расули гиромӣ саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам, аз зарўриёти Ислом ва канор гузоштани суханони Аҳли Байт муҷиби гумроҳӣ ва залолат аст.

Аҳли Байти Паёмбар чӣ касоне ҳастанд?

Аз ривоёти ёд шуда равшан шуд, ки Паёмбари гиромӣ саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ҳамаи мусалмононро ба пайравӣ аз Аҳли Байти худ даъват намуданд ва Аҳли Байтро дар канори Қуръон, ба унвони марҷаи мардум баъд аз худ муаррифӣ карда ва ба сароҳати тамом фармуданд:

Қуръон ва Аҳли Байтам ҳаргиз аз ҳам ҷудо намешаванд.

Бар ин асос, Аҳли Байт касоне ҳастанд, ки ба ҳукми ин ки Расули гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам онҳоро қарину ҳамроҳи Қуръон муаррифӣ намудаанд, аз мақоми исмат бархўрдор буда (маъсум ҳастанд) ва аз сарчашмаи зулоли маорифи исломӣ баҳраманд бошанд. Чун дар ғайри ин сурат аз китоби Худо ҷудо хоҳанд шуд. Дар ҳоле, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуданд: Қуръон ва Аҳли Байтам ҳаргиз аз ҳам ҷудо намешаванд, то дар сари ҳавз бар ман ворид шаванд. Пас зарурати шинохтани дақиқи Аҳли Байт ва сифатҳои барҷастаи онон, ки танҳо бар Имомони шиа (ки ҳама аз хонадони Паёмбаранд) мутобиқ аст, собит мешавад.

Ин ки дар сояи ривоёти муҳаддисони бузурги исломӣ, далелҳои равшани худро дар ин замина меоварем:

1-Муслим пас аз баёни ҳадиси Сақалайн чунин мегўяд, ки Язид ибни Ҳаббон аз Зайд ибни Арқам пурсид:

Аҳли байти Паёмбар чӣ касоне ҳастанд? Оё онон ҳамсарони Паёмбаранд? Зайд ибни Арқам дар ҷавоб чунин гуфт:

"وأيم الله إن المرأة تكون مع الرجل العصر من الدهر ثم يطلقها فترجع إلى أبيها وقومها أهل بيته أصله وعصبته الذين حرموا الصدقة بعده".

“Не (чунин нест) ба Худо қасам, зан барои каме аз замон бо мард ҳамроҳ аст сипас он мард зани худро талоқ медиҳад, то ба назди падару хешонаш баргардад. Мақсад аз аҳли байти Паёмбар касоне ҳастанд, ки (дорои решаҳои амиқи қаробат) ва аз вобастагони ў бошанд онҳое, ки пас аз Паёмбари гиромӣ  аз садақа маҳруманд (садақа барои онҳо ҳаром аст).”[13]

Ин ривоят ба равшанӣ ба ин ҳақиқат гувоҳӣ медиҳад, ки мақсад аз аҳли байти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам, ки пайравӣ аз онҳо ба монанди пайравӣ аз Қуръон фарз аст, ҳамсарони он ҳазрат нестанд, балки аҳли байт касоне ҳастанд, ки илова бар нисбати ҷисмонӣ дорои вобастагии маънавӣ ба он ҳазрат ва шоистагии махсусе дошта бошанд, то битавон онҳоро дар канори китоби Худо ба унвони марҷаи мусалмонони ҷаҳон, муаррифӣ кард.

2-Паёмбари гиромӣ саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам танҳо ба баёни сифатҳои Аҳли Байт басанда накарда, балки ба чанд нафар будани онҳо низ ишора фармудаанд, ки онҳо дувоздаҳ нафаранд.

Муслим аз Ҷобир ибни Самура ривоят мекунад:

"سمعت رسول الله صلى الله عليه وآله وسلم يقول: لا يزال الاسلام عزيزاً  إلى إثنى عشر خليفة. ثمَّ قال كلمةً لم  أفهمها فقلْتُ لأبي: ما قال: قال كلُّهم من قريش".

“Аз Паёмбари гиромии Ислом (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) шунидам, ки мефармуданд: "Ислом бо дувоздаҳ халифа азиз хоҳад монд. Сипас калимае фармуданд, ки ман нафаҳмидам, аз падарам пурсидам, ки дар охир чӣ фармуданд? Гуфт: Фармуданд: Ҳамаи он дувоздаҳ нафар аз Қурайш хоҳанд буд".[14]

Боз Муслим дар саҳеҳаш чунин ривоят мекунад:

"لا يزال امر الناس ماضيا ما وليهم اثنا عشر رجلا".

“Умури мардум ба шоистагӣ хоҳад гузашт, модоме, ки дувоздаҳ мард бар онҳо раҳбарӣ ва фармонравоҳӣ кунанд.”[15]

Ин ду ривоят гувоҳи равшане аст бар гуфтори шиа, ки Имомони дувоздагонаи шиа, пешвоёни ростини мардум пас аз Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ҳастанд, чун дар Ислом хулафои дувоздагонае, ки било фосила пас аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам марҷаи умури мусалмонон ва мояи иззату шавкати Ислом бошанд, ҷуз дувоздаҳ Имом аз Аҳли Байти Расули Худо, мисдоқи дигаре надорад. Чун агар аз чаҳор халифае, ки дар истилоҳи аҳли суннат, хулафои рошидин ном доранд бигзарем, боқимондаи хулафо аз Банӣ Умайя ва Банӣ Аббос бо рафторҳои норавое, ки таърих ба онҳо гувоҳӣ медиҳад, мояи нанги Ислом ва мусалмонон будаанд.

Бо ин баён, мақсад аз Аҳли Байт, ки Паёмбари гиромӣ саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам онҳоро қарину ҳамроҳи Қуръон ва марҷаву раҳбари мусалмонони ҷаҳон муаррифӣ фармудаанд, ҳамон пешвоёни дувоздагона аз хонадони Паёмбар ҳастанд, ки ҳофизони суннати Расули Худо ва ҳамлкунандагони илмҳои он ҳазрат мебошанд.

3-Амирал-мўъминин салавотуллоҳи алайҳ низ пешвоёни мусалмононро аз Банӣ Ҳошим муаррифӣ намудаанд, ки ин ҳам худ гувоҳи равшани дигаре бар дурустии сухани шиа дар шинохти Аҳли Байт алайҳим-салавотуллоҳ мебошад, он ҷо ки мефармоянд:

"إنّ الأئمة من قريش غرسوا في هذا البطن من هاشم. لا تصلح على من سواهم ، ولا تصلح الولاة من غيرهم".

“Имомон аз Қурайш дар тоифаи фарзандони Ҳошим қарор дода шудааст ва дигарон шоистагии вилоят ва раҳбарии мардумро надоранд ва фармонравоии ҳокимони дигар бе асос аст”.[16]

Натиҷа: Аз маҷмўи ривоёти ёд шуда, чеҳраи ду ҳақиқат онкор мешавад:

1-Тамассук ва пайравӣ аз Аҳли Байти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дар канори итоат аз китоби Худо воҷиб аст.

2-Аҳли Байти Расули Худо, ки ба унвони қарину ҳамроҳи Қуръони маҷид ва марҷаву раҳбари ҳамаи мусалмонон муаррифӣ шудаанд, дорои хусусиёти зер мебошанд:

А-Ҳамаи онҳо аз Қурайш ва тоифаи фарзандони Ҳошим мебошанд.

Б-Ҳамаи онҳо дорои чунон қаробате бо Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ҳастанд, ки садақа бар онҳо ҳаром аст.

В-Ҳамаи онҳо маъсуманд, вагарна аз Қуръони маҷид амалан ҷудо мешаванд дар ҳоле, ки Паёмбари гиромӣ саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуданд: Он ду (Қуръону Аҳли Байт) аз ҳам ҷудо нахоҳанд шуд, то дар канори ҳавзи Кавсар ба ман ворид шаванд.

Г-Маҷмўи онҳо дувоздаҳ нафар бошад, ки баъд аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам, яке пас аз дигарӣ раҳбару пешвои мусалмонон бошанд.

Е-Ин дувоздаҳ халифаи Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам, сабаби иззату шавкати рўз афзўни Ислом бошанд.

Бо дар назар гирифтани ин сифатҳо, ки аз ривоёт ба даст меояд, монанди офтоб равшан мешавад, ки мақсади Паёмбари гиромӣ саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аз Аҳли Байти худ, ки пайравӣ аз онҳоро бар мусалмонон суфориш кардаанд, ҳамон дувоздаҳ Имоми пок аз хонадони Паёмбари гиромӣ саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ҳастанд, ки шиа ба пайравӣ ва тамассук ба онҳо дар шинохти аҳкоми фиқҳии худ, ифтихор мекунад.


[1] -Усули кофӣ ҷ.1.китоби фазли илм, боби ахз бис-сунна ва шавоҳидул-китоб, ҳадиси-3..

[2] - Усули кофӣ ҷ.1.китоби фазли илм, боби ҳадиси қалби, ҳадиси-5.

[3]-Усули кофӣ ҷ.1.китоби фазли илм, боби ахз бис-сунна ва шавоҳидул-китоб ҳадиси-2.

[4]-Усули кофӣ ҷ.1.китоби фазли илм, боби ахз бис-сунна ва шавоҳидул-китоб ҳадиси-8..

[5]-Усули кофӣ ҷ.1.китоби фазли илм, ҳадиси-6.

[6]-Ҷомеу аҳодис-уш-шиа ҷ.1.с.129.

[7]-Ҷомеъу аҳодис-уш-шиа ҷ.1.с.127.

[8]-Ҷомеъу аҳодис-уш-шиа ҷ.1.с.128.

[9] -Саҳеҳи Тирмизӣ, китоби маноқиб, боби маноқиби Аҳли байти набӣ ҷ.5.с.662.р.3786.

[10] Саҳеҳи Тирмизӣ ҷ.5.с.663.р.3788.

[11] -Саҳеҳи Муслим ҷ.7.с.122, боби фазоили Имом Алӣ.

[12] -Мустадраки Ҳоким ҷ.3.с.148. Савоиқ-ул-мўҳриқа боби-11,с.149 ва қариб ба ҳамин мазмун дар, Муснади Аҳмад ҷ.5.с.182-189. Канз-ул-уммол ҷӣ1.с.44.

[13]-Саҳеҳи Муслим ҷ.7. боби фазоили Имом Алӣ, с.123. Ва Тафсири Ибни Касир ҷ.3.с.487. Ал-Вуқуф алал мавқуфи Ибни Ҳаҷар ҷ.1.с.119.

[14] - Саҳеҳи Муслим ҷ.6.с.3.

[15] - Саҳеҳи Муслим ҷ.6.с.3.

[16] -Наҳҷ-ул-балоғаи Субҳӣ Солеҳ, хутбаи-144.